Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 25

Исо раҳм карда махавиро шифо медиҳад

Исо раҳм карда махавиро шифо медиҳад

МАТТО 8:1–4 МАРҚӮС 1:40–45 ЛУҚО 5:12–16

  • ИСО МАХАВИРО ШИФО МЕДИҲАД

Исо бо шогирдонаш дар «сар то сари Ҷалил дар ибодатгоҳҳо мавъиза» мекунад ва овозаи корҳои аҷоиби ӯ дар ҳама ҷо паҳн мешавад (Марқӯс 1:39). Хабар дар бораи Исо ба гӯши марде мерасад, ки гирифтори бемории махав аст. Луқо, ки касбаш табибист, ӯро чун «марди пур аз махав» тасвир мекунад (Луқо 5:12). Ин бемории даҳшатнок дар марҳилаҳои минбаъдаи худ оҳиста-оҳиста шакли табиии узвҳои гуногуни бадани одамро вайрон мекунад.

Ин марди махавӣ дар ҳолати ғамангез аст ва бояд аз дигарон ҷудо зиндагӣ кунад. Одатан, вақте ягон кас ба махавӣ наздик мешавад, ӯ бояд «Наҷис! Наҷис!» гуфта, фарёд занад, то одамон аз бемории ӯ огоҳ шаванд ва махав ба дигар кас нагузарад (Ибодат 13:45, 46). Лекин ин мард чӣ кор мекунад? Ӯ ба назди Исо омада, рӯ ба замин меафтад ва аз ӯ илтиҷо мекунад: «Ҳазратам, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ» (Матто 8:2).

Чӣ имони қавие! Касалӣ афту андоми ӯро чунон безеб кардааст ки, кас бинад, дилаш месӯзад. Агар шумо ба ҷойи Исо мебудед, чӣ кор мекардед? Исо ба ҳоли зори мард раҳм мекунад ва ба ӯ даст расонда, мегӯяд: «Албатта, мехоҳам. Пок шав!» (Матто 8:3). Он мард ҳамон лаҳза аз бемориаш шифо меёбад! Одамон бо чашмони худ инро мебинанд, лекин боварашон намеояд.

Оё шумо мехостед подшоҳе дошта бошед, ки мисли Исо раҳмдилу пурқудрат бошад? Муносибати Исо ба махавӣ нишон медиҳад, ки вақте ӯ бар тамоми замин Подшоҳ мешавад, пешгӯйии зерини Китоби Муқаддас иҷро мегардад: «Ба бенаво ва мискин шафқат хоҳад кард, ва ҷонҳои мискинонро наҷот хоҳад дод» (Забур 71:13). Он гоҳ Исо хоҳиши дилашро иҷро карда, ба ҳамаи беморону ғамзадагон ёрӣ медиҳад.

Ба хотир оред, ки ҳанӯз ин мӯъҷизаро накарда, одамон аз корҳои Исо ба шавқу ҳаяҷон омада буданд. Ҳоло низ хабари шифо додани махавӣ дар байни ҳама паҳн мешавад. Лекин Исо намехоҳад, ки одамон танҳо аз рӯйи гапи дигарон ба ӯ имон оранд. Дар як пешгӯйӣ гуфта мешавад, ки ӯ «овози Худро... дар кӯчаҳо нахоҳад шунавонид», яъне худнамоӣ намекунад ва диққатро ба худаш ҷалб намекунад (Ишаъё 42:1, 2) Барои ҳамин Исо ба махавии шифоёфта таъкид карда мегӯяд: «Эҳтиёт шав, ки дар ин бора ба ҳеҷ кас гап назанӣ, балки рафта, худатро ба коҳин нишон деҳ ва ҳадияеро, ки Мӯсо-пайғамбар фармуда буд, пешкаш кун» (Матто 8:4).

Лекин он мард чунон хурсанд аст, ки хомӯш монда наметавонад. Ӯ рафта, ин воқеаро ба ҳама нақл мекунад. Ин овоза дар ҳама ҷо паҳн мешавад ва шавқу кунҷкобии мардумро боз ҳам зиёдтар мегардонад. Кор ба ҷое мерасад, ки Исо ошкоро ба шаҳр даромада наметавонад, барои ҳамин ӯ муддате дар ҷойҳои беодам ва дур аз шаҳр меистад. Лекин бо вуҷуди ин одамон аз ҷойҳои гуногун назди Исо меоянд, то аз ӯ таълим гиранд ва шифо ёбанд.