Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 27

Исо Матторо даъват мекунад

Исо Матторо даъват мекунад

МАТТО 9:9–13 МАРҚӮС 2:13–17 ЛУҚО 5:27–32

  • ИСО МАТТОРО БА ШОГИРДӢ ДАЪВАТ МЕКУНАД

  • МАСЕҲ БО ГУНАҲКОРОН ВАҚТ МЕГУЗАРОНАД, ТО БА ОНҲО ЁРӢ ДИҲАД

Баъди шифо додани марди шал Исо якчанд вақт дар гирду атрофи Кафарнаҳум мемонад. Мардум дар пеши ӯ ҷамъ мешаванд ва ӯ онҳоро таълим медиҳад. Вақте Исо роҳашро давом медиҳад, дар идораи андоз Матторо, ки ҳамчунин Левӣ ном дорад, мебинад. Исо ӯро даъват карда мегӯяд: «Биё ва маро пайравӣ кун» (Матто 9:9).

Аз афташ, Матто ҳам мисли Петрус, Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно бо таълим ва мӯъҷизаҳое, ки Исо дар он маҳал кардааст, шинос аст. Ва ӯ ҳам монанди онҳо даррав таклифи Исоро қабул мекунад. Матто дар Инҷили худ мегӯяд: «Ҳамон дам он мард [худи Матто] аз ҷой хеста, аз пайи Исо равона шуд» (Матто 9:9). Матто ҷамъовари андоз аст ва, вақте Исо ӯро даъват мекунад, ӯ вазифаи худро монда, пайрави Исо мешавад.

Баъдтар, шояд, барои нишон додани миннатдории худ ба Исо Матто дар хонааш зиёфати калоне мекунад. Вай ба ин зиёфат Исову шогирдонаш ва ҳамчунин ҳамкорони пештараи худро таклиф мекунад. Ин одамон барои ҳокимияти Рум, ки халқ онро бад мебинанд, андоз ҷамъ мекунанд. Онҳо андозро аз халқи одӣ, киштиҳое, ки ба бандар меоянд, корвонҳое, ки аз роҳҳои асосӣ мегузаранд, ва ҳамчунин аз молҳое, ки аз ҷойҳои дигар меоранд, ҷамъ мекунанд. Мардум ҷамъоварони андозро чашми дидан надоранд, чунки онҳо одатан ҳилаву найрангро ба кор бурда, аз халқ бештар аз он чӣ муқаррар шудааст, пул меситонанд. Ғайр аз ҷамъоварони андоз ба ин зиёфат ҳамчунин касоне даъват шудаанд, ки бо корҳои нодурусташон ном баровардаанд ва одамон онҳоро «гунаҳкорон» меноманд (Луқо 7:37–39).

Ба ин зиёфат ҳамчунин фарисиён, ки дар назари худ росткоранд, даъват шудаанд. Онҳо Исоро дар байни ин одамон дида ба шогирдони ӯ мегӯянд: «Чаро устоди шумо бо ҷамъкунандагони андоз ва гунаҳкорон хӯрок мехӯрад?» (Матто 9:11). Суханони онҳоро шунида Исо мегӯяд: «На солимон ба духтур мӯҳтоҷанд, балки беморон. Пас, биравед ва маънои ин суханонро бифаҳмед: “Раҳму шафқат мехоҳам, на қурбонӣ”. Охир, ман барои он омадаам, ки на росткорон, балки гунаҳкоронро даъват кунам» (Матто 9:12, 13; Ҳушаъ 6:6). Ҳарчанд фарисиён Исоро устод мегӯянд, онҳо ӯро чун устод қабул намекунанд, ҳол он ки метавонанд аз ӯ чӣ будани росткории ҳақиқиро ёд гиранд.

Матто ҷамъоварони андоз ва гунаҳкоронро ба ин зиёфат даъват мекунад, зеро «бисёри онҳо ӯро [Исоро] пайравӣ мекарданд». Аз афташ, Матто мехоҳад, то онҳо омада, Исоро гӯш кунанд ва аз ӯ таълим гиранд (Марқӯс 2:15). Исо ҳам хоҳиш дорад, ки ба онҳо ёрӣ диҳад, то ба Худо наздик шаванд. Баръакси фарисиёне, ки дар назари худ росткоранд, Исо он одамонро паст намешуморад. Ӯ дилсӯзу меҳрубон аст ва ба ҳамаи онҳое, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ беморанд, чун табиб ёрӣ дода метавонад.

Исо нисбати ҷамъоварони андоз ва гунаҳкорон раҳмдил аст, лекин ин маънои онро надорад, ки ӯ рафтори онҳоро дуруст мешуморад. Ӯ ба онҳо чун ба беморони аслӣ ҳамдарду меҳрубон аст. Ба хотир оред, ки чӣ тавр ӯ ба ҳоли махавӣ раҳм карда ба ӯ даст расонд ва гуфт: «Албатта, мехоҳам. Пок шав!» (Матто 8:3). Магар мо ҳам набояд мисли Исо меҳрубону дилсӯз бошем ва ба мӯҳтоҷон ёрӣ диҳем, махсусан барои он ки ба Худо наздик шаванд?