Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 33

Пешгӯйии пайғамбар Ишаъё иҷро мешавад

Пешгӯйии пайғамбар Ишаъё иҷро мешавад

МАТТО 12:15–21 МАРҚӮС 3:7–12

  • МАРДУМ ӮРО ФИШОР МЕДИҲАД

  • ИСО ПЕШГӮЙИИ ПАЙҒАМБАР ИШАЪЁРО ИҶРО МЕКУНАД

Исо хабар меёбад, ки фарисиён ва тарафдорони Ҳиродус қасди куштани ӯро доранд, барои ҳамин шогирдонашро гирифта, ба соҳили баҳри Ҷалил меравад. Одамони зиёд аз ҳар ҷо — Ҷалил, шаҳрҳои соҳилии Сӯру Сидӯн, аз тарафи шарқии дарёи Урдун, Ерусалим ва Адӯмия пеши ӯ меоянд. Ӯ бисёриҳоро шифо медиҳад. Одамоне, ки гирифтори бемориҳои вазнинанд, ӯро аз ҳар тараф фишор медиҳанд. Онҳо интизор намешаванд, ки кай Исо ба онҳо даст мерасонад ва худашон ба ӯ даст мерасонанд (Марқӯс 3:9, 10).

Одамони зиёде дар гирдаш ҷамъ меоянд, барои ҳамин Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки қаиқеро тайёр карда монанд, то ӯ аз соҳил каме дуртар равад ва мардум ӯро фишор надиҳад. Ҳамчунин ӯ метавонад аз қаиқ истода баҳузур таълим диҳад ё лаб-лаби соҳил шино карда ба одамони бештар кӯмак кунад.

Яке аз шогирдони Исо — Матто мегӯяд, ки бо ин кораш Исо суханони «ба воситаи Ишаъё-пайғамбар пешгӯйишуда»-ро иҷро мекунад (Матто 12:17).

Дар он ҷо навишта шудааст: «Инак, хизматгори интихобкардаи Ман! Ман ӯро дӯст медорам ва аз ӯ розиям. Рӯҳи Худро ба ӯ хоҳам дод ва ӯ чӣ будани адолати ҳақиқиро ба халқҳо аён хоҳад сохт. Ӯ баҳсу мунозира ва доду фарёд нахоҳад кард ва касе дар кӯчаҳои калон овози ӯро нахоҳад шунид. Ӯ қамиши нимшикастаро нахоҳад шикаст ва чароғи хомӯшшудаистодаро хомӯш нахоҳад кард, то даме ки адолатро барқарор намояд. Ва халқҳо ба номи ӯ умед хоҳанд баст» (Матто 12:18–21; Ишаъё 42:1–4).

Бешубҳа, Исо ҳамон хизматгорест, ки Худо ӯро дӯст медорад ва аз ӯ розӣ аст. Исо чӣ будани адолати ҳақиқиро ошкор месозад, ҳамон адолатеро, ки урфу одатҳои дини дурӯғ онро аз мардум пинҳон мекунанд. Фарисиён адлу инсофро зери по карда Шариати Худоро ба таври худ маънидод мекунанд ва дар рӯзи шанбе ҳатто ба беморон дасти ёрӣ дароз намекунанд. Исо бошад, адолати Худоро ба ҳама маълум месозад ва нишон медиҳад, ки рӯҳи Худо бар ӯст. Ҳамин тавр ӯ одамонро аз бори гарони урфу одатҳои беадолатона озод мекунад. Ана барои ҳамин сарварони дин ӯро куштан мехоҳанд. Чӣ рафтори пасту бешармонае!

Суханони «ӯ баҳсу мунозира ва доду фарёд нахоҳад кард ва касе дар кӯчаҳои калон овози ӯро нахоҳад шунид» чӣ маъно доранд? Вақти шифо додани одамон Исо ба онҳо ва ба девҳо мефармояд, ки «дар борааш ба дигарон нақл накунанд» (Марқӯс 3:12). Ӯ мехоҳад, ки одамон худашон биёянду фаҳманд, на аз даҳони касоне, ки дар кӯчаҳо истода бо овози баланд фарёд мезананд ва на аз овозаҳои дурӯғ, ки аз даҳон ба даҳон мегузаранд.

Исо ба одамоне, ки мисли «қамиши нимшикаста» хамида ва поймол шудаанд, хабари тасаллибахшро мерасонад. Онҳо ба чароғи нимсӯхтае, ки ба хомӯшшавӣ наздик аст, монанданд. Исо қамиши нимшикастаро намешиканад ва пилтаи нимсӯхтаро хомӯш намекунад. Баръакс, ӯ бо меҳру муҳаббат одамони ҳалиму хоксорро рӯҳбаланд месозад. Исо маҳз ҳамон касест, ки халқҳо ба ӯ умед баста метавонанд!