Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 42

Исо фарисиёнро сарзаниш мекунад

Исо фарисиёнро сарзаниш мекунад

МАТТО 12:33–50 МАРҚӮС 3:31–35 ЛУҚО 8:19–21

  • ИСО ДАР БОРАИ «АЛОМАТИ ЮНУС» ГАП МЕЗАНАД

  • ШОГИРДОН БАРОИ ИСО АЗ АЪЗОЁНИ ОИЛА НАЗДИКТАРАНД

Фарисиён инкор мекунанд, ки Исо бо қудрати Худо девҳоро аз одамон берун мекунад. Касе, ки корҳои Худоро ба девҳо нисбат медиҳад, бар зидди рӯҳи муқаддас гуноҳ мекунад. Пас, фарисиён тарафи киро мегиранд — тарафи Худо ё Шайтонро? Исо мегӯяд: «Агар шумо мисли дарахти хуб бошед, меваи хуб хоҳед овард ва, агар мисли дарахти бад бошед, меваи бад хоҳед овард, зеро дарахт аз меваҳояш шинохта мешавад» (Матто 12:33).

Меваҳои Исо, яъне корҳои ӯ, хубанд. Барои ҳамин гуфтани он ки ӯ девҳоро бо ёрдами Шайтон берун мекунад, аҳмақист. Худи Исо дар Мавъизаи болои кӯҳ гуфта буд, ки агар мева хуб бошад, дарахти он ҳам хуб аст. Аммо фарисиён шарм надошта Исоро барноҳақ айбдор мекунанд. Онҳо меваи бад ба бор меоранд, барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки онҳо аз дарахти баданд. Исо ба онҳо мегӯяд: «Эй афъизодагон, чӣ тавр шумо суханони хуб гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед? Охир, дар дили одам чизе, ки бошад, ба забон ҳамон меояд» (Матто 7:16, 17; 12:34).

Бале, суханони мо нишон медиҳанд, ки дар дили мо чӣ аст, ва аз рӯйи ин Худо моро дар оянда доварӣ мекунад. Аз ин рӯ Исо мегӯяд: «Ба шумо мегӯям, ки одамон барои ҳар як сухани бадашон дар Рӯзи Доварӣ ҷавоб хоҳанд дод, зеро ту аз рӯйи суханонат росткор эълон хоҳӣ шуд ва ҳамчунин аз рӯйи суханонат маҳкум хоҳӣ гардид» (Матто 12:36, 37).

Исо мӯъҷизаҳои зиёде нишон додааст, лекин фарисиён боз талаб карда мегӯянд: «Устод, мехоҳем, ки ба мо аломате нишон диҳӣ». Хоҳ онҳо корҳои Исоро бо чашмони худ дида бошанд, хоҳ не, одамони зиёде шоҳиди ин мӯъҷизаҳо буданд ва дар бораашон нақл мекарданд. Барои ҳамин ҳоҷат ба аломати дигаре нест. Бинобар ин Исо ба онҳо чунин мегӯяд: «Ин насли бадкор ва ба Худо бевафо аломат меҷӯяд, аммо ғайр аз аломати Юнус-пайғамбар ба ин насл аломати дигаре нишон дода намешавад» (Матто 12:38, 39).

Исо маънои суханонашро мефаҳмонад: «Чи тавре ки Юнус се шабу се рӯз дар шиками моҳии бузург буд, ҳамон тавр Писари одам низ се шабу се рӯз дар оғӯши замин хоҳад буд». Моҳии калоне Юнусро фурӯ бурда буд, лекин ӯ баъдтар халос шуда, ба маъное аз марг зинда шуд. Исо дар бораи худаш пешгӯйӣ карда мегӯяд, ки ӯ мемурад ва дар рӯзи сеюм зинда мешавад. Вақте баъдтар ин пешгӯйии Исо иҷро мешавад, сарварони дини яҳудӣ «аломати Юнус-пайғамбар»-ро қабул наменамояд: онҳо тавба намекунанду ислоҳ намешаванд (Матто 27:63–66; 28:12–15). «Мардуми Нинве» бошанд, баъд аз шунидани мавъизаи Юнус-пайғамбар тавба карда буданд, барои ҳамин онҳо дар Рӯзи Доварӣ ин наслро маҳкум мекунанд. Исо ҳамчунин мегӯяд, ки рафтори маликаи Сабо низ онҳоро маҳкум мекунад. Дар давраҳои қадим маликаи Сабо суханони хирадмандонаи Сулаймонро шунидан мехост ва, вақте шунид, дар ҳайрат монда буд. Лекин, чи тавре ки Исо мегӯяд, «шахсе, ки дар ин ҷост, аз Сулаймон ҳам бузургтар аст» (Матто 12:40–42).

Исо ин наслро ба шахсе монанд мекунад, ки аз вай дев берун мешавад (Матто 12:45). Вақте шахс ҷойи холиро бо ягон чизи хуб пур намекунад, он дев ҳафт деви аз худаш бадтарро гирифта меорад ва онҳо ба вай медароянд. Халқи Исроил низ, мисли марде, ки аз вай рӯҳи нопок баромад, пок ва ислоҳ карда шуд. Лекин ин халқ пайғамбарони Худоро қабул намекард ва, аз ҳама бадтараш, шахсеро, ки рӯҳи Худо бар ӯст, яъне Исоро, рад кард. Ва ин нишонаи он аст, ки ҳолати онҳо аз пештарааш бадтар гардидааст.

Исо ҳанӯз гапашро тамом накарда, модару бародаронаш меоянд. Онҳое, ки ба ӯ наздиктар нишастаанд, мегӯянд: «Модару бародаронат дар берун истодаанд ва туро дидан мехоҳанд». Исо бошад, ба шогирдонаш ишора карда мегӯяд: «Модару бародарони ман онҳое мебошанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва онро ба ҷо меоранд» (Луқо 8:20, 21). Ин суханони Исо нишон медиҳанд, ки чӣ қадар ӯ ба шогирдонаш муҳаббату дилбастагии сахт дорад. Ва, ҳарчанд оила ва хешу табор барои Исо азиз аст, шогирдонаш барои ӯ азизтаранд. Мо низ метавонем бо онҳое, ки ҳамроҳамон Худоро ибодат мекунанд, чунин муносибати наздик дошта бошем. Ин ба мо қувват мебахшад, хусусан, вақте дигарон ба мо бовар намекунанд ва моро барои корҳои некамон танқид мекунанд.