Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 43

Мисолҳо дар бораи Подшоҳии Худо

Мисолҳо дар бораи Подшоҳии Худо

МАТТО 13:1–53 МАРҚӮС 4:1–34 ЛУҚО 8:4–18

  • ИСО ДАР БОРАИ ПОДШОҲИИ ХУДО МИСОЛҲО МЕОРАД

Аз афташ, вақте Исо фарисиёнро сарзаниш кард, ӯ дар Кафарнаҳум буд. Худи ҳамон рӯз, каме баъдтар, Исо аз хона баромада, ба тарафи баҳри Ҷалил меравад, ки дар он ҷо мардуми бисёре ҷамъ мешавад. Исо ба қаиқ савор шуда, каме дуртар шино мекунаду ба таълим додани мардум сар мекунад. Ӯ бо мисолҳо дар бораи Подшоҳии Худо таълим медиҳад. Мисолҳое, ки Исо меорад, ба шунавандагонаш шиносанд, барои ҳамин ин ба онҳо ёрӣ медиҳад, ки дар бораи Подшоҳӣ чизҳои зиёдеро фаҳманд.

Аввал Исо дар бораи деҳқоне нақл мекунад, ки тухмӣ мекорад. Баъзе тухмиҳо дар сари роҳ меафтанд ва паррандаҳо онҳоро мехӯранд. Баъзеи дигар ба замини санглоху камхок меафтанд ва, азбаски чуқур реша намедавонанд, пажмурда мешаванду хушк мегарданд. Боз баъзе дар байни хорҳо меафтанд ва хорҳо қад кашида тухмиро пахш мекунанд. Баъзеи дигар бошанд, ба замини нағз меафтанд ва самар меоранд — «қисме сад баробар, қисме шаст ва қисме сӣ» (Матто 13:8).

Баъд Исо дар бораи Подшоҳии Худо боз як мисол меорад. Шахсе тухмӣ мекорад. Ӯ шаб хоб меравад ва саҳар мехезад, тухмӣ бошад, худ аз худ месабзад. Лекин «он мард намедонад, ки ин чӣ тавр рӯй медиҳад» (Марқӯс 4:27). Тухмӣ худ аз худ месабзад ва барои дарав тайёр мешавад.

Исо дар бораи киштукор мисоли дигаре меорад. Марде дар замини худ тухмии хуб мекорад, лекин, «вақте ки ҳама хоб буданд», душман омада, дар байни гандум алафи бегона мекорад. Ғуломон аз соҳиби киштзор иҷозат мепурсанд, ки алафи бегонаро канда партоянд. Лекин ӯ ҷавоб медиҳад: «Не, мабодо дар вақти канда гирифтани алафи бегона гандумро ҳам бо решааш канда партоед. Бигзор то вақти дарав ҳар дуяш афзоиш кунад ва дар мавсими дарав ман ба даравгарон мегӯям: “Аввал алафи бегонаро ҷамъ ореду барои сӯзонидан банд-банд кунед ва баъд аз ин гандумро ба анбори ман захира намоед”» (Матто 13:24–30).

Касоне, ки Исоро гӯш мекунанд, бо киштукор хуб шиносанд. Ҳамчунин ӯ дар бораи донаи хурдакаки хардал гап мезанад, ки ин низ ба онҳо шинос аст. Он сабзида чунон дарахти калоне мешавад, ки паррандаҳо дар шохаҳои он лона монда метавонанд. Дар бораи донаи хардал Исо мегӯяд: «Подшоҳии осмон монанди донаи хардалест, ки шахсе онро гирифта, дар киштзори худ шинонд» (Матто 13:31). Албатта, ин ҷо Исо аз фанни ботаника дарс надода истодааст. Ӯ бо ин мисол мефаҳмонад, ки чӣ тавр чизи хурдакак метавонад сабзад ва ба чизи калоне табдил ёбад.

Баъд Исо дар бораи чизе гап мезанад, ки ба бисёри шунавандагонаш шинос аст. Ӯ мегӯяд: «Подшоҳии осмон монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, бо миқдори зиёди орд хамир кард» (Матто 13:33). Ҳарчанд хамиртуруш баъди бо орд омехта шуданаш ба чашм маълум намешавад, он ба тамоми хамир таъсир мекунад ва онро мерасонад. Бале, хамиртуруш дар хамир дигаргуниҳое ба амал меорад, ки ба осонӣ маълум нестанд.

Баъди овардани ин мисолҳо Исо мардумро ҷавоб медиҳад ва ба хонае, ки он ҷо меистад, меравад. Каме пас шогирдонаш ба наздаш меоянд ва хоҳиш мекунанд, ки маънои ин мисолҳоро фаҳмонад.

МАЪНОИ МИСОЛҲОИ ИСО

Шогирдон аз ин пеш ҳам мисолҳои Исоро шунида буданд, лекин ӯ ҳеҷ гоҳ ин қадар мисоли зиёд наоварда буд. Барои ҳамин онҳо аз Исо мепурсанд: «Барои чӣ ту бо онҳо бо мисолҳо гап мезанӣ?» (Матто 13:10).

Як сабаби аз мисолҳо истифода бурдани Исо ин аст, ки ҳамин тавр ӯ пешгӯйии Китоби Муқаддасро иҷро мекунад. Матто нақл мекунад: «Ба онҳо бе мисол гап намезад, то суханони ба воситаи пайғамбар гуфташуда иҷро шавад: “Даҳони худро кушода бо мисолҳо сухан хоҳам гуфт, он чиро ки аз аввал пинҳон аст, эълон хоҳам кард”» (Матто 13:34, 35; Забур 77:2).

Боз як сабаб ин аст, ки мисолҳо дилу нияти одамонро ошкор месозанд. Барои мардум Исо шахсест, ки дар нақл кардани ҳикояҳо моҳир аст ва мӯъҷизаҳои зиёд ба амал меорад. Лекин онҳо дарк намекунанд, ки Исо Ҳазрат аст ва бояд ба ӯ итоат кунанду аз баҳри баъзе чизҳо баромада ӯро пайравӣ кунанд (Луқо 6:46, 47). Ин одамон тарзи фикрронӣ ва ҳаёташонро дигар кардан намехоҳанд. Онҳо намегузоранд, ки хабари Исо ба дилашон таъсир расонад.

Исо ба шогирдонаш ҷавоб медиҳад: «Барои ҳамин ман ба онҳо бо мисолҳо гап мезанам, зеро онҳо нигоҳ мекунанду чизе намебинанд, мешунаванду ба гӯшашон чизе намедарояд ва ба маънои суханон сарфаҳм намераванд. Ва пешгӯйии Ишаъё-пайғамбар дар мавриди онҳо иҷро мешавад. Ӯ гуфтааст: “...Дили ин мардум ба қабул кардан... моил нест”» (Матто 13:13–15; Ишаъё 6:9, 10).

Лекин на ҳама шунавандагони Исо ба хабари ӯ чунин муносибат доранд. Ӯ мефаҳмонад: «Шумо хушбахтед, чунки чашмонатон мебинанд ва гӯшҳоятон мешунаванд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: бисёр пайғамбарон ва одамони росткор дидани чизҳоеро, ки шумо мебинед, орзу мекарданд, вале надиданд ва чизҳоеро, ки шумо мешунавед, шунидан мехостанд, вале нашуниданд» (Матто 13:16, 17).

Бале, дили 12 расули Исо ва дигар шогирдони бовафояш ба қабул кардани суханони ӯ тайёр аст. Барои ҳамин Исо мегӯяд: «Ба шумо фаҳмидани сирри муқаддаси Подшоҳии осмон ато шудааст, ба онҳо бошад, не» (Матто 13:11). Онҳо аз таҳти дил мехоҳанд, ки ба маънои суханони устодашон сарфаҳм раванд, аз ин рӯ Исо ба онҳо маънои мисоли деҳқонро мефаҳмонад.

Исо мегӯяд: «Тухмӣ каломи Худост» (Луқо 8:11). Замин бошад, дили одамон аст. Ин ду чиз ёрдам мекунад, ки маънои ин мисолро фаҳмем.

Исо дар бораи донаҳое, ки дар сари роҳ меафтанд, чунин мегӯяд: «Иблис меояд ва каломро аз дилашон мебарад, то онҳо имон наоранд ва наҷот наёбанд» (Луқо 8:12). Замини санглох, ки баъзе донаҳо ба он меафтанд, ба дили он одамоне ишора мекунад, ки каломро бо хурсандӣ қабул мекунанд, лекин он дар дилашон реша намедавонад. «Ҳамин ки аз барои каломи Подшоҳӣ бо азобу таъқиботҳо рӯ ба рӯ» мешаванд, онҳо пешпо мехӯранд. «Дар вақти озмоишҳо», эҳтимол, ҳангоми муқобилият аз тарафи аъзоёни оила ва дигарон, чунин одамон «имони худро аз даст медиҳанд» (Матто 13:21; Луқо 8:13).

Дар бораи донаҳое, ки дар байни хорҳо меафтанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Чи тавре ки Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ин ба одамоне ишора мекунад, ки каломро мешунаванд, лекин «ташвишҳои зиндагӣ ва пулу мол» онҳоро пахш мекунанд (Матто 13:22). Дар натиҷа онҳо самаре намеоранд.

Дар охир Исо дар бораи донаҳое гуфта буд, ки ба замини нағз меафтанд. Ин ҷо гап дар бораи одамоне меравад, ки каломро мешунаванд ва ба маънои чизҳои шунидаашон сарфаҳм рафта, онро бо ҷону дил қабул мекунанд. Ва азбаски вазъият, масалан синну сол ва саломатиашон гуногун аст, баъзеи онҳо сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ баробар самар меоранд. Дар ҳақиқат, касоне, ки «каломро бо дили самимиву нек шунида, онро дар худ нигоҳ медоранд ва бо истодагарӣ самар меоранд», ба Худо хизмат карда, соҳиби баракатҳо мешаванд (Луқо 8:15).

Аз афташ, ин суханони Исо ба шогирдон сахт таъсир мекунанд. Акнун онҳо маънои мисолҳои Исоро ба пуррагӣ мефаҳманд. Исо мехоҳад, ки шогирдонаш ба маънои мисолҳои ӯ хуб сарфаҳм раванд ва онҳоро ба дигарон нақл кунанд. Исо мепурсад: «Оё чароғро барои он меоранд, ки дар таги сабад ё кате монанд? Магар барои он намеоранд, ки дар рӯйи чароғпоя гузоранд?» Баъд ӯ чунин мегӯяд: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор гӯш диҳад» (Марқӯс 4:21–23).

ИСО БОЗ ШОГИРДОНАШРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАД

Баъди он ки Исо ба шогирдонаш маънои мисоли деҳқонро мефаҳмонад, онҳо боз бисёртар фаҳмидан мехоҳанд. Онҳо аз ӯ хоҳиш мекунанд: «Ба мо мисоли алафҳои бегонаи киштзорро фаҳмон» (Матто 13:36).

Муносибати шогирдон ба хабари Исо аз муносибати одамоне, ки дар соҳил ӯро гӯш карданд, сахт фарқ мекунад. Он одамон суханони Исоро гӯш карданд, лекин нахостанд ба маънои мисолҳояш сарфаҳм раванд ва фаҳманд, ки чӣ тавр онҳоро ба кор бурда метавонанд. Онҳо аз чизе, ки шуниданд, қонеъ ҳастанд ва бисёртар фаҳмидан намехоҳанд. Шогирдони Исо бошанд, ташнаи донишанд ва мехоҳанд, ки ӯ онҳоро боз таълим диҳад. Барои ҳамин Исо мегӯяд:

«Ба он чизе ки мешунавед, диққат диҳед. Бо кадом андозае, ки чен мекунед, бо ҳамон андоза ва ҳатто зиёдтар аз он ба шумо чен карда мешавад» (Марқӯс 4:24). Онҳо бо кадом андоза «чен мекунанд»? Онҳо бо тамоми диққат ва шавқу завқ Исоро гӯш мекунад ва дар натиҷа таълими бештар мегиранду фаҳмишашон беҳтар мешавад. Аз ин рӯ, Исо суханашро давом дода мефаҳмонад, ки мисол дар бораи гандум ва алафи бегона чӣ маъно дорад:

«Шахсе, ки тухмии хубро корид, Писари одам аст; киштзор ҷаҳон аст, тухмии хуб — писарони Подшоҳӣ, алафҳои бегона бошанд, писарони Иблис мебошанд ва душмане, ки онҳоро корид, Иблис аст. Вақти дарав охирзамон аст, даравгарон бошанд, фариштагонанд» (Матто 13:37–39).

Баъди он ки Исо ин мисолро як ба як шарҳ дод, ӯ фаҳмонд, ки чӣ тавр он иҷро мешавад. Ӯ гуфт, ки дар охирзамон даравгарон, яъне фариштагон, «алафҳои бегона» — ба ном масеҳиёнро, аз «писарони Подшоҳӣ», яъне масеҳиёни ҳақиқӣ, ҷудо мекунад. «Росткорон» ҷамъоварӣ мешаванд ва оқибат «дар Подшоҳии Падарашон мисли офтоб» медурахшанд. Лекин бо «писарони Иблис» чӣ мешавад? Онҳоро нестӣ интизор аст, барои ҳамин «гиря мекунанду дандонҳояшонро ғиҷиррос мезанонанд» (Матто 13:41–43).

Баъд Исо ба шогирдонаш се мисоли дигарро нақл мекунад. Дар аввал ӯ мегӯяд: «Подшоҳии осмон мисли ганҷест, ки дар саҳро пинҳон карда шудааст, ва марде онро ёфта, боз пинҳон мекунад ва аз хурсандӣ рафта, тамоми чизҳои доштаашро мефурӯшад ва он саҳроро мехарад» (Матто 13:44).

Ӯ боз мегӯяд: «Подшоҳии осмон ба савдогаре монанд аст, ки марворидҳои қиматбаҳоро ҷустуҷӯ мекунад. Вақте ки ӯ як марвориди пурарзише меёбад, дарҳол рафта, ҳар чизи доштаашро мефурӯшад ва он марворидро мехарад» (Матто 13:45, 46).

Дар ин ду мисол Исо қайд мекунад, ки шахс барои ба даст овардани чизи пурарзиш тайёр аст, ки аз баҳри бисёр чиз барояд. Масалан, савдогар дарҳол «ҳар чизи доштаашро» мефурӯшад, то марвориди қиматбаҳоро харад. Ин мисол ба шогирдони Исо шинос аст. Дар мисоли дигар марде, ки ганҷи дар саҳро пинҳонро меёбад, «тамоми чизҳои доштаашро мефурӯшад», то ганҷро ба даст орад. Дар ҳар ду маврид гап дар бораи чизи қиматбаҳое меравад, чизе, ки кирои ба даст овардан ва қадр кардан аст. Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки барои ба Худо наздик шудан шахс бояд тайёр бошад аз баҳри чизе барояд (Матто 5:3). Баъзе аз шунавандагони Исо аллакай нишон доданд, ки барои дӯсти Худо ва пайрави ҳақиқии Исо шудан тайёранд аз баҳри чизе бароянд (Матто 4:19, 20; 19:27).

Дар охир Исо Подшоҳии осмонро ба тӯри моҳигирие монанд мекунад, ки ба он ҳар хел моҳиҳо ҷамъ оварда мешаванд (Матто 13:47). Вақте моҳиҳоро ҷудо мекунанд, моҳиҳои хубро ба зарфҳо меандозанд, лекин моҳиҳои барои хӯрдан номувофиқро мепартоянд. Исо мегӯяд, ки дар охирзамон ҳам чизи ба ин монанде рӯй медиҳад, яъне фариштагон бадкоронро аз росткорон ҷудо мекунанд.

Вақте Исо шогирдони аввалашро даъват кард, ки «сайёди одамон» шаванд, худаш ба маъное одамонро мисли моҳӣ сайд мекард (Марқӯс 1:17). Лекин ӯ мегӯяд, ки мисол дар бораи тӯри моҳигирӣ дар оянда, яъне «дар охирзамон», иҷро мешавад (Матто 13:49). Расулон ва дигар шогирдон мефаҳманд, ки дар оянда одамонро воқеаҳои аҷоибе интизоранд.

Ин расулон ва шогирдоне, ки мисолҳои аз қаиқ гуфтаи Исоро шуниданд, дар ҳақиқат соҳиби баракатҳои бештар гаштанд, зеро Исо «дар танҳоӣ ҳама чизро» ба онҳо фаҳмонд (Марқӯс 4:34). Ӯ «мисли соҳибхонаест, ки аз ганҷинааш чизҳои наву кӯҳнаро мебарорад» (Матто 13:52). Бо овардани ин мисолҳо Исо муаллими моҳир будани худро намоиш намедиҳад. Баръакс, ӯ ба шогирдонаш ҳақиқатҳоеро, ки мисли ганҷ қиматбаҳоянд, нақл мекунад. Дар ҳақиқат, Исо омӯзгори бемислу монанд аст!