Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 53

Исо қувваҳои табиатро идора мекунад

Исо қувваҳои табиатро идора мекунад

МАТТО 14:22–36 МАРҚӮС 6:45–56 ЮҲАННО 6:14–25

  • МАРДУМ ИСОРО ПОДШОҲ КАРДАНӢ МЕШАВАНД

  • ИСО РӮ-РӮЙИ ОБ МЕРАВАД ВА ШАМОЛРО ОРОМ МЕКУНАД

Мӯъҷизаи Исо ба мардум сахт таъсир мерасонад. Онҳо хулоса мебароранд, ки ӯ Масеҳ, яъне «ҳамон пайғамбари ваъдашудаест, ки бояд ба ҷаҳон биёяд». Ҳамчунин онҳо фикр мекунанд, ки Исо, бешубҳа, ҳокими хуб мешавад (Юҳанно 6:14; Такрори Шариат 18:18). Барои ҳамин мардум ният доранд, ки Исоро маҷбурӣ подшоҳ кунанд.

Лекин Исо нияти онҳоро пай мебарад. Ӯ мардумро ҷавоб медиҳад ва ба шогирдонаш мефармояд, ки ба қаиқҳои худ савор шуда, ба Кафарнаҳум баргарданд. Шогирдон мехоҳанд аввал ба Байт-Сайдо ва баъд ба Кафарнаҳум раванд. Исо бошад, ба кӯҳе мебарояд, то дар танҳоӣ ба Худо дуо гӯяд.

Қарибии саҳар Исо аз дурӣ мебинад, ки «шогирдонаш бо азоб қаиқ меронанд», зеро шамоли сахте ба муқобили онҳо мевазад. Ӯ аз кӯҳ мефарояд ва рӯ-рӯйи об ба назди шогирдонаш меравад (Марқӯс 6:48). Шогирдон то омадани ӯ «қаиқро тахминан панҷ ё шаш километр» пеш меронанд (Юҳанно 6:19). Онҳо дар рӯйи об роҳ гаштани Исоро мебинанд ва аз тарсу ҳарос мегӯянд: «Ин хоб аст ё бедорӣ?» (Марқӯс 6:49).

Исо шогирдонашро ором карда мегӯяд: «Ором бошед! Натарсед! Ин манам». Лекин Петрус мегӯяд: «Ҳазрат, агар ин ту бошӣ, ба ман фармо, ки дар рӯйи об қадам зада пеши ту оям». Исо дар ҷавоб мегӯяд: «Биё!» Он гоҳ Петрус аз қаиқ мебарояд ва рӯйи об қадам зада ба тарафи Исо меравад. Лекин, вақте ӯ ба тӯфон нигоҳ мекунад, ба ҳарос афтода ғӯтидан мегирад. Он гоҳ Петрус фарёд мезанад: «Ҳазратам, маро наҷот деҳ!» Исо дарҳол дасташро дароз мекунад ва ӯро дошта, мегӯяд: «Эй сустимон, чаро шубҳа кардӣ?» (Матто 14:27–31).

Ҳамин ки Петрусу Исо ба қаиқ медароянд, шамол мемонад. Шогирдон аз чизи дидаашон ба ҳайрат меоянд. Ҳамагӣ якчанд соат пеш Исо ҳазорон нафарро сер карда буд. Агар шогирдонаш ба маънои ин мӯъҷизаи Исо сарфаҳм мерафтанд, онҳо аз дидани он ки ӯ дар рӯйи об қадам мезанад ва шамолро ором мекунад, ҳайрон намешуданд. Ҳоло бошад, шогирдон ба худ омада, ба Исо таъзим мекунанд ва мегӯянд: «Дар ҳақиқат ту Писари Худо ҳастӣ» (Марқӯс 6:52; Матто 14:33).

Чанде пас Исову шогирдонаш ба сарзамини зебову ҳосилхези Ҷинесор мерасанд, ки он дар тарафи ҷанубии Кафарнаҳум ҷойгир аст. Онҳо дар он ҷо лангар андохта, ба соҳил мефароянд. Мардум Исоро мешиносанд ва ҳамроҳи ҳамаи онҳое, ки аз маҳалҳои гирду атрофанд, беморҳоро ба назди ӯ меоранд. Одамон танҳо ба домани либосаш даст расонда аз касалиҳои худ шифо меёбанд.

Дар ин миён, онҳое, ки сер шудани панҷ ҳазор мардро дида буданд, пайхас мекунанд, ки Исо аз он ҷо рафтааст. Барои ҳамин, вақте аз Табария қаиқҳо меоянд, онҳо ба ин қаиқҳо савор шуда, ба Кафарнаҳум равона мешаванд. Дар он ҷо онҳо Исоро ёфта, мегӯянд: «Устод, ту кай ба ин ҷо омадӣ?» (Юҳанно 6:25). Исо бошад, онҳоро сарзаниш мекунад. Барои чӣ? Инро аз боби оянда мефаҳмем.