Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 58

Нону хамиртуруш

Нону хамиртуруш

МАТТО 15:32–16:12 МАРҚӮС 8:1–21

  • ИСО 4000 МАРДРО СЕР МЕКУНАД

  • Ӯ ШОГИРДОНАШРО АЗ ХАМИРТУРУШИ ФАРИСИЁН ОГОҲ МЕКУНАД

Дар Декаполис, дар соҳили шарқии баҳри Ҷалил, ба назди Исо одамони зиёде меоянд. Ин мардум барои шифо ёфтан ва таълим гирифтан меоянд. Онҳо дар сабадҳои калон ҳамроҳи худ хӯрду хӯрокаашонро меоранд.

Баъди якчанд рӯз бошад, хӯроки одамон тамом мешавад ва Исо ба шогирдонаш мегӯяд:

— Дилам ба мардум месӯзад, зеро аллакай се рӯз аст, ки дар ин ҷо бо мананд ва чизе барои хӯрдан надоранд. Агар ман онҳоро ба хонаҳояшон гурусна ҷавоб диҳам, дар роҳ аз ҳол мераванд, охир, баъзеашон аз роҳи дур омадаанд.

Шогирдон дар ҷавоб мегӯянд:

— Дар ин ҷойи дурдаст барои сер кардани мардум аз куҷо нон ёбем? (Марқӯс 8:2–4).

— Шумо чандто нон доред? — мепурсад Исо.

— Ҳафт нон ва якчанд моҳии хурд,— мегӯянд шогирдон (Матто 15:34).

Баъд Исо ба мардум мегӯяд, ки ба замин шинанд. Ӯ нону моҳиҳоро мегирад, Худоро шукр мегӯяд ва ба шогирдонаш медиҳад, то онҳо ба дигарон тақсим кунанд. Аз ҳафт нону якчанд моҳӣ ғайр аз занону кӯдакон тақрибан чор ҳазор мард мехӯранду сер мешаванд! Вақте хӯроки боқимондаро ҷамъ мекунанд, ҳафт сабади калон пур мешавад.

Исо мардумро ҷавоб медиҳад ва ҳамроҳи шогирдонаш ба қаиқ нишаста, ба Маҷдал меравад, ки он дар соҳили ғарбии баҳри Ҷалил ҷойгир аст. Дар он ҷо фарисиён бо баъзе аъзоёни мазҳаби саддуқиён Исоро озмуданӣ шуда аз ӯ аломате аз осмон металабанд.

Исо дилу нияти онҳоро пай бурда мегӯяд:

— Бегоҳӣ шумо мегӯед: «Ҳаво нағз мешавад, чунки осмон суп-сурх аст», саҳарӣ бошад, мегӯед: «Ҳаво имрӯз хунук ва боронӣ мешавад, чунки осмон суп-сурх бошад ҳам, абрнок аст». Чӣ тавр аз рӯйи осмон муайян кардани обу ҳаворо медонеду маънои аломатҳои ин замонаро фаҳмонда наметавонед (Матто 16:2, 3). Баъд Исо ба фарисиёну саддуқиён мегӯяд, ки ба онҳо, ғайр аз аломати Юнуси набӣ, дигар аломат нишон дода намешавад.

Исо ва шогирдонаш ба қаиқ нишаста, ба Байт-Сайдо, ки дар шимолу шарқи соҳили баҳри Ҷалил ҷойгир аст, равона мешаванд. Дар роҳ шогирдон пай мебаранд, ки бо худ танҳо як дона нон гирифтаанд. Исо бошад, дар бораи сӯҳбаташ бо фарисиён ва саддуқиёне, ки тарафдорони Ҳиродус мебошанд, фикр карда ба шогирдон мегӯяд: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши фарисиён ва хамиртуруши Ҳиродус эҳтиёт кунед». Шогирдон гумон мекунанд, ки Исо ба онҳо дар бораи нон нагирифтанашон ёдрас карда истодааст. Аммо Исо гумони онҳоро пай бурда мегӯяд: «Барои чӣ дар байни худ баҳс мекунед, ки нон надоред?» (Марқӯс 8:15–17).

Исо чанде пеш ҳазорон нафарро бо нон сер карда буд. Барои ҳамин шогирдон бояд мефаҳмиданд, ки ӯ аз сабаби кам будани нон хавотир нест. Исо мегӯяд:

— Оё дар ёд надоред, ки вақте барои панҷ ҳазор мард панҷ нонро шикастам, чанд сабадро аз пораҳо пур кардед?

— Дувоздаҳ сабад,— ҷавоб медиҳанд шогирдон.

— Вақте ки барои чор ҳазор мард ҳафт нонро шикастам, чанд сабади калонро аз пораҳо пур кардед?

— Ҳафт сабад (Марқӯс 8:18–20).

— Наход нафаҳмед, ки ман нонро дар назар надоштам? — мепурсад Исо ва илова мекунад: — Худро аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт кунед (Матто 16:11).

Шогирдон охиру оқибат мақсади гапи Исоро мефаҳманд. Хамиртуруш хамирро турш карда, онро мерасонад. Исо дар ин ҷо хамиртурушро чун рамзи вайроншавӣ истифода мебарад. Ӯ шогирдонашро огоҳ мекунад, ки аз таъсири бади «таълимоти фарисиён ва саддуқиён» эҳтиёт шаванд (Матто 16:12).