Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 62

Фурӯтанӣ муҳим аст

Фурӯтанӣ муҳим аст

МАТТО 17:22–18:5 МАРҚӮС 9:30–37 ЛУҚО 9:43–48

  • ИСО БОЗ ДАР БОРАИ МАРГАШ ГАП МЕЗАНАД

  • Ӯ АЗ ДАҲОНИ МОҲӢ ТАНГА МЕГИРАД ВА АНДОЗ МЕСУПОРАД

  • КӢ ДАР ПОДШОҲИИ ХУДО БУЗУРГТАР АСТ?

Каме пеш Исо дар гирду атрофи Қайсарияи Филиппӣ дигаргун шуда буд ва писараки девдорро шифо дода буд. Акнун ӯ ба Кафарнаҳум рафта истодааст. Ӯ танҳо ҳамроҳи шогирдонаш сафар мекунад, чунки намехоҳад, ки «касе дар куҷо буданашро фаҳмад» (Марқӯс 9:30). Ин тавр ӯ шогирдонашро ба хизмати ояндаашон ва ба маргаш тайёр карда метавонад. Ӯ мегӯяд: «Писари одам ба дасти душманонаш супурда мешавад ва онҳо ӯро мекушанд, лекин баъди се рӯз ӯ зинда мешавад» (Матто 17:22, 23).

Ин фикр барои шогирдон нав нест. Агар дар хотир дошта бошед, каме пеш Исо дар бораи кушта шуданаш гап зада буд ва Петрус ба ин зид баромада буд (Матто 16:21, 22). Баъдтар се расулаш шоҳиди дагаргун шудани ӯ гаштанд ва дар бораи «рафтани Исо» шуниданд (Луқо 9:31). Ҳоло шогирдон ба маънои суханони устодашон пурра сарфаҳм намераванд ва «сахт зиқ»-анд (Матто 17:23). Лекин онҳо ҷуръат намекунанд, ки дар ин бора ба ӯ савол диҳанд ва бисёртар фаҳманд.

Исову шогирдонаш ба Кафарнаҳум, ки ҷойи асосии хизмати Исо аст, мерасанд. Ин шаҳр ватани баъзе аз расулони ӯ мебошад. Дар ин ҷо ба назди Петрус ҷамъоварони андози маъбад меоянд. Аз афташ, онҳо мехоҳанд Исоро дар насупоридани андоз айбдор кунанд. Онҳо мегӯянд:

— Магар устоди шумо андози маъбадро намесупорад? (Матто 17:24).

— Месупорад,— ҷавоб медиҳад Петрус.

Вақте ӯ ба хона меояд, мефаҳмад, ки Исо аллакай аз воқеаи рӯйдода бохабар аст, зеро пеш аз он ки дар ин бора гап кушояд, Исо аз ӯ мепурсад:

— Шимъӯн, ба фикри ту, подшоҳони ҷаҳон андози сарикасӣ ё дигар андозҳоро аз кӣ ҷамъ мекунанд? Аз фарзандони худ ё аз бегонагон?

Петрус ҷавоб медиҳад:

— Аз бегонагон.

Исо мегӯяд:

— Пас, фарзандон озоданд (Матто 17:25, 26).

Падари Исо Ҳокими Олам аст ва маҳз Ӯро одамон дар маъбад ибодат мекунанд. Барои ҳамин Писари Худо ҳақ дорад, ки андоз насупорад. Исо мегӯяд: «Лекин, барои он ки онҳоро ба хашм наорем, рафта, шасти моҳигирии худро ба баҳр андоз ва аз даҳони аввалин моҳие, ки ба шаст меафтад, тангаи нуқрагие меёбӣ. Онро гирифта, барои ҳар дуи мо ба онҳо деҳ» (Матто 17:27).

Баъд расулон бо ҳам ҷамъ меоянд ва аз Исо пурсидан мехоҳанд, ки дар Подшоҳӣ кӣ аз ҳама бузург мешавад. Чанде пеш онҳо ҷуръат накарда буданд, ки аз устодашон дар бораи маргаш пурсанд. Ҳоло бошад, нотарсида дар бораи ояндаи худашон савол доданиянд. Исо аз андешаи дили онҳо бохабар аст. Маҳз дар ин бора онҳо дар роҳи Кафарнаҳум баҳс мекарданд. Барои ҳамин Исо мепурсад: «Дар роҳ шумо дар бораи чӣ баҳс мекардед?» (Марқӯс 9:33). Аз шарму хиҷолат расулон ҷавоб намедиҳанд, чунки дар роҳ баҳс карданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. Оқибат расулон саволеро, ки онҳоро ба ташвиш меовард, ба Исо медиҳанд: «Дар Подшоҳии осмон кӣ аз ҳама бузург хоҳад буд?» (Матто 18:1).

Қариб се сол мешавад, ки шогирдон ҳамроҳи Исоянд. Онҳо бо чашмони худ диданд, ки Исо чӣ тавр рафтор мекунад ва гап мезанад. Лекин ба ин нигоҳ накарда онҳо дар бораи он ки кадоме аз онҳо бузургтар аст, баҳс мекунанд. Албатта, онҳо одамони гунаҳкору нокомиланд. Ҳамчунин дин ва ҷомеа ба онҳо чунон таъсир кардааст, ки барояшон мансабу мартаба аҳамияти калон дорад. Ғайр аз ин, каме пеш Исо ба Петрус ваъда дода буд, ки калидҳои Подшоҳиро ба ӯ медиҳад. Ин ҳам сабаб шуда метавонист, ки Петрус худро аз дигарон боло гирад. Яъқубу Юҳанно ҳам манманӣ карда метавонистанд, чунки онҳо шоҳиди дигаргун шудани Исо буданд.

Ба ҳар ҳол Исо мехоҳад тарзи фикри онҳоро ислоҳ кунад. Ӯ кӯдакеро ба назди худ хонда, ӯро дар байни онҳо мегузорад ва мегӯяд: «То даме ки тарзи фикррониатонро тағйир дода, мисли кӯдакон нагардед, ба Подшоҳии осмон дохил нахоҳед шуд. Пас, ҳар кӣ худро мисли ин кӯдак фурӯтан созад, дар Подшоҳии осмон аз ҳама бузург хоҳад буд. Ва ҳар кӣ яке аз чунин кӯдаконро ба хотири номи ман қабул кунад, ҳамчунин маро қабул мекунад» (Матто 18:3–5).

Дар ҳақиқат, Исо муаллими беҳтарин аст! Ӯ аз ин рафтори шогирдонаш асабонӣ ва дарғазаб нашуд ва онҳоро худхоҳу шӯҳратпараст наномид. Ӯ барои таълим додани онҳо диққатро ба кӯдаки хурде равона кард. Барои чӣ? Исо мехост, ки шогирдонаш мисли кӯдакон шаванд ва дар фикри мансабу мартаба набошанд. Баъд Исо як дарси муҳимро қайд мекунад: «Шахсе, ки дар байни шумо чун хурдтарин рафтор мекунад, бузург аст» (Луқо 9:48).