Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 63

Исо ба шогирдонаш боз маслиҳатҳои муҳим медиҳад

Исо ба шогирдонаш боз маслиҳатҳои муҳим медиҳад

МАТТО 18:6–20 МАРҚӮС 9:38–50 ЛУҚО 9:49, 50

  • МО НАБОЯД САБАБИ ПЕШПО ХӮРДАНИ КАСЕ ШАВЕМ

  • ВАҚТЕ БАРОДАРАМОН БАР ЗИДДИ МО ГУНОҲ МЕКУНАД

Исо ба шогирдонаш маслиҳат дод, ки онҳо бояд чӣ гуна фикрронӣ дошта бошанд. Ӯ гуфт, ки ҳар кӣ кӯдаконро ба хотири номи ӯ қабул кунад, худи Исоро қабул мекунад (Матто 18:5). Онҳо бояд мисли кӯдакон хоксору фурӯтан бошанд ва дар фикри мансабу мартаба нашаванд.

Каме пеш шогирдонаш баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. Барои ҳамин, ин насиҳати Исо саривақт аст ва ба онҳо кӯмак расонда метавонад. Ҳоло Юҳаннои расул дар бораи воқеаи дигаре нақл мекунад, ки навакак рӯй дода буд: «Устод, мо мардеро дидем, ки ба номи ту девҳоро аз одамон берун мекунад ва хостем ба вай монеъ шавем, зеро вай ҳамроҳи мо туро пайравӣ намекунад» (Луқо 9:49).

Шояд, Юҳанно фикр мекунад, ки фақат расулон ҳақ доранд одамонро шифо диҳанд ва девҳоро аз онҳо берун кунанд. Агар ин хел бошад, пас, барои чӣ он марди яҳудӣ девҳоро берун карда тавонист? Он мард ҳамроҳи Исо ва расулон намегардад, барои ҳамин, Юҳанно фикр мекунад, ки ӯ набояд мӯъҷиза ба амал орад.

Лекин ҷавоби Исо Юҳанноро ба ҳайрат меорад: «Вайро аз ин кор бознадоред, зеро ҳар кӣ ба номи ман мӯъҷизаҳо мекунад, наметавонад дарҳол баъди ин дар ҳаққи ман суханони бад гӯяд. Ҳар кӣ зидди мо нест, бо мост. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба шумо ба хотири пайрави Масеҳ буданатон як пиёла об диҳад, мукофоти худро аз даст нахоҳад дод» (Марқӯс 9:39–41).

Айни замон шарт нест, ки ин мард дар ҳама ҷо Исоро ҳамроҳӣ кунад ва бо ин тарафдори Масеҳ буданашро нишон диҳад. Ҷамъомади масеҳӣ ҳоло ташкил нашудааст, барои ҳамин ҳамроҳи Исо набудани он мард маънои онро надорад, ки ӯ муқобили Исо ё тарафдори ягон дини дурӯғ аст. Рафтори он мард нишон медиҳад, ки ӯ ба номи Исо имон дорад. Аз суханони Исо маълум аст, ки он мард мукофоташро аз даст намедиҳад.

Аммо, агар суханони расулон сабаб шаванд, ки он мард аз роҳи рост дур шавад, пас, ин масъалаи ҷиддист. Исо мегӯяд: «Ҳар кӣ ба пешпо хӯрдани яке аз ин хурдон, ки ба ман имон доранд, сабаб гардад, барояш беҳтар мебуд, ки санги калони осиёро ба гарданаш баста, ӯро ба баҳр партоянд» (Марқӯс 9:42). Исо мегӯяд, ки агар даст, пой ё чашми пайравонаш сабаби пешпо хӯрданашон шавад, онҳо бояд аз баҳри он узви баданашон бароянд. Бале, беҳтараш шахс бе ин узвҳои даркорӣ ба Подшоҳии Худо дарояд, назар ба он ки бо ин узвҳо ба водии Ҳиннӯм партофта шавад. Шогирдон, аз афташ, ин водиро, ки дар наздикии Ерусалим ҷойгир буд ва дар он ҳар гуна партов сӯзонда мешуд, дидаанд. Барои ҳамин онҳо ба осонӣ мефаҳманд, ки ин ҷо Исо нестшавии абадиро дар назар дорад.

Исо огоҳ мекунад: «Эҳтиёт шавед, ки ягонтои ин хурдонро кам нашуморед, зеро ба шумо мегӯям: фариштаҳои онҳо ҳамеша рӯйи Падари маро... мебинанд». Ин хурдон барои Падари осмониамон хеле қиматбаҳоянд. Барои нишон додани ин Исо дар бораи марде мисол меорад, ки сад гӯсфанд дошт. Вақте як гӯсфанди он мард гум мешавад, ӯ 99 гӯсфандашро монда, ба ҷустуҷӯйи гӯсфанди гумшуда меравад. Вақте ӯ онро меёбад, барои он назар ба 99 гӯсфанде, ки гум нашуда буданд, бештар шод мешавад. Баъд Исо илова мекунад: «Падари осмонии ман низ намехоҳад, ки ҳатто яке аз ин хурдон нобуд шавад» (Матто 18:10, 14).

Эҳтимол, Исо ҳоло ҳам дар бораи баҳси расулон фикр карда суханони зеринро ба забон меорад: «Дар худ намак дошта бошед ва бо якдигар муросо кунед» (Марқӯс 9:50). Намак хӯрокро хушмазза мекунад. Суханони нарму намакин бошанд, барои ба дили одам роҳ ёфтан ёрдам мекунанд ва ҳамин тавр сулҳу якдигарфаҳмиро нигоҳ медоранд. Баҳсу мунозира бошад, баръакс сулҳу оромиро вайрон месозад (Қӯлассиён 4:6).

Баъзан байни мо душвориҳои ҷиддӣ пайдо шуда метавонанд ва Исо дастурот дод, ки чӣ тавр мо бояд онҳоро ҳал кунем. Ӯ мегӯяд: «Агар бародарат бар зидди ту гуноҳ кунад, рафта, рӯ ба рӯ, дар танҳоӣ ба вай хатояшро фаҳмон. Агар ӯ ба ту гӯш диҳад, пас, бародаратро ба роҳи рост баргардондӣ». Агар гӯш надиҳад-чӣ? «Як ё ду нафарро ҳамроҳи худ бар, то бо гувоҳии ду ё се шоҳид ҳақ будани ҳар сухан исбот гардад»,— маслиҳат медиҳад Исо. Агар ин қадам ҳам ёрдам накунад, шахс бояд «ба ҷамъомад», яъне ба пирони масъул муроҷиат кунад, то онҳо ягон чора андешанд. Агар ӯ ба гапи пирон ҳам гӯш накунад-чӣ? Исо мегӯяд, ки дар ин ҳолат ба ӯ бояд мисли бегона назар кард: «Бигзор ӯ барои ту мисли одами ин ҷаҳон ва ҷамъкунандаи андоз бошад» (яҳудиён одатан бо ҷамъоварони андоз дӯстӣ намекарданд) (Матто 18:15–17).

Нозирони ҷамъомадҳо бояд пурра ба Каломи Худо такя кунанд. Вақте онҳо шахси гуноҳкардаро айбдор мешуморанд ва чораи ислоҳкунанда меандешанд, онҳо мувофиқи он чизе, ки «аллакай дар осмон баста шудааст», амал мекунанд. Вале, агар пирон хулоса бароранд, ки шахс айбдор нест, он чизе мешавад, ки «аллакай дар осмон кушода шудааст». Ин дастурот вақте ҷамъомади масеҳӣ ташкил ёфт, фоидаи зиёд овард. Исо дар бораи баррасии чунин масъалаҳои ҷиддӣ гуфт: «Ҳар ҷое, ки ду ё се нафар ба номи ман ҷамъ шаванд, ман бо онҳо хоҳам буд» (Матто 18:18–20).