Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 67

«Касе ҳаргиз монанди ӯ сухан нагуфтааст»

«Касе ҳаргиз монанди ӯ сухан нагуфтааст»

ЮҲАННО 7:32–52

  • ПОСБОНОН БАРОИ ДАСТГИР КАРДАНИ ИСО ФИРИСТОДА МЕШАВАНД

  • НИҚӮДИМУС ИСОРО ТАРАФГИРӢ МЕКУНАД

Иди Хаймаҳо ҳанӯз тамом нашудааст ва Исо то ҳол дар Ерусалим мебошад. Ӯ хурсанд аст, ки «бисёриҳо аз байни мардум ба ӯ имон» оварданд. Аммо сарварони дин аз ин хеле дарғазабанд. Онҳо посбононро мефиристанд, то Исоро дастгир кунанд (Юҳанно 7:31, 32). Лекин Исо пинҳон намешавад.

Ӯ таълим додани мардумро давом дода мегӯяд: «Боз каме бо шумо хоҳам буд ва баъд ба назди Фиристандаи худ хоҳам рафт. Маро мекобед, вале намеёбед ва ба он ҷое, ки ман меравам, шумо омада наметавонед» (Юҳанно 7:33, 34). Яҳудиён ба маънои суханони ӯ сарфаҳм намераванд, барои ҳамин дар байни худ мегӯянд: «Ин одам ба куҷо рафтанӣ аст, ки мо ӯро ёфта наметавонем? Оё мехоҳад ба назди яҳудиёне, ки дар байни юнониҳо пароканда шудаанд, рафта, юнониҳоро таълим диҳад? “Маро мекобед, вале намеёбед ва ба он ҷое, ки ман меравам, шумо омада наметавонед” гуфтани ӯ чӣ маъно дорад?» (Юҳанно 7:35, 36). Исо дар назар дорад, ки ӯ мемурад ва баъд зинда шуда, ба осмон меравад. Фаҳмост, ки душманони ӯ аз пасаш ба он ҷо рафта наметавонанд.

Дар рӯзҳои ид коҳин ҳар саҳар аз ҳавзи Шилӯаҳ об гирифта, ба лаган мерезад ва он ба пояи қурбонгоҳ ҷорӣ мешавад. Рӯзи ҳафтуми ид Исо, аз афташ, ба ин ишора карда мегӯяд: «Касе ташна аст, бигзор пеши ман ояд ва бинӯшад. Ҳар кӣ ба ман имон меорад, чуноне ки Навиштаҳои Муқаддас мегӯянд, “аз ӯ дарёҳои оби ҳаёт ҷорӣ мешаванд”» (Юҳанно 7:37, 38).

Исо ба чизе ишора карда истодааст, ки баъди марги ӯ рӯй медиҳад. Соли оянда, дар иди Ҳафтаҳо, бар шогирдони Исо рӯҳи муқаддас фурӯ мерезад ва онҳо бо он тадҳин шуда, ба ҳаёти осмонӣ даъват мешаванд. Аз он вақт сар карда шогирдони тадҳиншуда ҳақиқатро дар бораи Худо ба одамон мавъиза мекунанд ва ҳамин тавр «дарёҳои оби ҳаёт ҷорӣ мешаванд».

Вақте мардум таълими Исоро мешунаванд, баъзеҳо мегӯянд: «Ин шахс дар ҳақиқат ҳамон пайғамбарест, ки дар борааш пешгӯйӣ шуда буд». Аз афташ, онҳо пайғамбареро дар назар доранд, ки бояд аз Мӯсо бузургтар мешуд. Дигарон бошанд, чунин мегӯянд: «Ӯ Масеҳ аст». Лекин баъзеҳо ба ин ақида зид мебароянд. Онҳо мегӯянд: «Магар Масеҳ аз Ҷалил меояд? Оё дар Навиштаҳои Муқаддас гуфта нашудааст, ки Масеҳ бояд аз насли Довуд, дар деҳаи Байт-Лаҳм, ки ӯ аз он ҷо буд, ба дунё ояд?» (Юҳанно 7:40–42).

Дар байни мардум ҷудоӣ ба миён меояд. Баъзеҳо мехоҳанд Исоро дастгир кунанд, лекин ин корро намекунанд.

Вақте посбонон бе Исо меоянд, коҳинони калон ва фарисиён мегӯянд:

— Чаро шумо ӯро наовардед?

— Касе ҳаргиз монанди ӯ сухан нагуфтааст,— ҷавоб медиҳанд посбонон.

Он гоҳ сарварони дин ба хашм меоянд ва онҳоро паст зада мегӯянд:

— Наход шумо ҳам гумроҳ шуда бошед? Магар касе аз роҳбарон ё фарисиён ба ӯ имон овардааст? Вале ин мардум, ки Тавротро намедонанд, одамони лаънатёфта мебошанд (Юҳанно 7:45–49).

Он гоҳ Ниқӯдимуси фарисӣ, ки аъзои Шӯрои олии яҳудиён аст, ҷуръат карда Исоро тарафгирӣ мекунад. Тахминан дую ним сол пеш Ниқӯдимус шабона пеши Исо омада, ба ӯ имон доштанашро нишон дода буд. Ӯ мегӯяд:

— Оё аз рӯйи Шариати мо сухани касро нашунида ва чӣ кор карданашро муайян накарда, ӯро маҳкум намудан дуруст аст?!

— Магар ту ҳам ҷалилӣ ҳастӣ? Навиштаҳои Муқаддасро таҳқиқ кун ва мебинӣ, ки аз Ҷалил ягон пайғамбар баромада наметавонад,— мегӯянд онҳо (Юҳанно 7:51, 52).

Дар Навиштаҳо рӯирост гуфта нашудааст, ки пайғамбар бояд аз Ҷалил бошад. Лекин аз Каломи Худо фаҳмидан мумкин аст, ки Масеҳ аз Ҷалил мебарояд. Дар он пешгӯйӣ шудааст, ки «Ҷалили ғайрияҳудиён... рӯшноии бузургеро» мебинад (Ишаъё 9:1, 2; Матто 4:13–17). Беш аз ин, чуноне ки пешгӯйӣ шудааст, Исо дар Байт-Лаҳм таваллуд ёфтааст ва аз насли Довуд мебошад. Ва ҳарчанд фарисиён инро медонанд, аз афташ, қисми зиёди маълумоти нодурустро дар бораи Исо маҳз онҳо паҳн кардаанд.