Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 72

Исо 70 шогирдашро ба мавъиза мефиристад

Исо 70 шогирдашро ба мавъиза мефиристад

ЛУҚО 10:1–24

  • ИСО 70 ШОГИРД ИНТИХОБ МЕКУНАД ВА ОНҲОРО БА МАВЪИЗА МЕФИРИСТАД

Ҳоло охирҳои соли 32-и милодӣ аст. Тақрибан се сол пеш Исо таъмид гирифта буд. Каме пеш Исою шогирдонаш дар Ерусалим иди Хаймаҳоро ҷашн гирифтанд. Аз афташ, ҳозир онҳо дар гирду атрофи Ерусалим мебошанд (Луқо 10:38; Юҳанно 11:1). То марги Исо шаш моҳ боқӣ мондааст. Ӯ қисми зиёди ин вақтро дар Яҳудия ё вилояти Перея, ки дар он тарафи дарёи Урдун ҷойгир аст, мегузаронад. Дар ин ҷойҳо ҳам одамон бояд хабари ӯро шунаванд.

Баъди иди Раҳоии соли 30-и милодӣ Исо якчанд моҳ дар Яҳудия мавъиза кард. Ҳамчунин ҳангоми ба Ҷалил рафтанаш дар Сомария дар бораи Подшоҳии Худо гап зад. Каме пеш аз иди Раҳоии соли 31-и милодӣ дар Ерусалим яҳудиён қасди куштани ӯро карданд. Яку ним соли дигарро Исо асосан дар шимол, дар Ҷалил, гузаронд. Дар давоми ин вақт бисёриҳо пайрави ӯ шуданд. Дар Ҷалил Исо расулонашро таълим дод ва чунин роҳнамоӣ кард: «Мавъиза карда гӯед: “Подшоҳии осмон наздик шудааст”» (Матто 10:5–7). Ҳоло ӯ дар Яҳудия кори мавъизаро ташкил карданист.

Дар аввал Исо 70 шогирдро интихоб мекунад ва онҳоро дунафарӣ ба мавъиза мефиристад. Онҳо бояд хабари Подшоҳии Худоро дар ҷойҳое, ки ҳосил «бисёр... лекин коргарон кам»-анд, мавъиза кунанд (Луқо 10:2). Исо онҳоро ба ҷойҳое, ки худаш баъдтар рафтан мехоҳад, мефиристад. Ин 70 нафар бояд беморонро шифо диҳанд ва хабареро, ки Исо мавъиза мекунад, паҳн созанд.

Онҳо мардумро дар ибодатгоҳҳо таълим намедиҳанд. Исо ба онҳо мегӯяд, ки ба хонаи одамон раванд. Ӯ чунин дастур медиҳад: «Ба ҳар хонае, ки медароед, аввал чунин гӯед: “Сулҳу осоиштагӣ бод бар ин хонадон!” Агар дар он ҷо шахси сулҳҷӯе бошад, сулҳу осоиштагии шумо бар ӯ қарор хоҳад гирифт». Онҳо бояд кадом хабарро ба одамон расонанд? Исо мегӯяд: «Гӯед: “Подшоҳии Худо ба шумо наздик шудааст”» (Луқо 10:5–9).

Дастуроте, ки Исо ба ин 70 нафар медиҳад, ба дастуроте, ки қариб як сол пеш ба 12 расул дода буд, монанд аст. Ӯ шогирдонро огоҳ мекунад, ки на ҳама онҳоро бо хурсандӣ қабул мекунад. Лекин одамони самимие, ки хабари онҳоро қабул мекунанд, ба омадани Исо тайёр мешаванд ва вақте баъдтар Ҳазрат меояд, бисёре аз онҳо бо омодагӣ аз ӯ таълим мегиранд.

Дере нагузашта ин 70 нафар воизон пеши Исо бармегарданд. Онҳо бо хурсандӣ ба ӯ мегӯянд: «Ҳазрат, вақте номи туро ба забон мегирем, ҳатто девҳо ба мо итоат мекунанд». Аз ин хабари хуш Исо хурсанд мешавад. Ӯ мегӯяд: «Ман дидам, ки Шайтон барқвор аз осмон афтод. Инак, ман ба шумо ҳокимият додам, то морҳо ва каждумҳоро поймол кунед» (Луқо 10:17–19).

Ҳамин тавр Исо ба шогирдонаш боварӣ мебахшад, ки онҳо морҳо ва каждумҳоро поймол мекунанд, яъне бар ҳама чизҳое, ки ба онҳо зарар расонда метавонанд, қудрат хоҳанд дошт. Беш аз ин, онҳо дилпур буда метавонанд, ки дар оянда Шайтон аз осмон ронда мешавад. Ҳамчунин Исо ба ин 70 шогирд мефаҳмонад, ки чӣ барои онҳо бояд дар ҳақиқат муҳим бошад. Ӯ мегӯяд: «Аз он шодӣ накунед, ки рӯҳҳои нопок ба шумо итоат мекунанд, балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудаанд» (Луқо 10:20).

Исо аз хурсандӣ пур мешавад ва дар назди ҳама Падарашро барои он ки дар чунин кори бузург шахсони фурӯтану хоксорро истифода мебарад, ҳамду сано мехонад. Баъд ба шогирдонаш мегӯяд: «Хушбахтанд онҳое, ки чизҳои дидаи шуморо мебинанд. Ба шумо мегӯям: бисёр пайғамбарон ва подшоҳон дидани чизҳоеро, ки шумо мебинед, орзу мекарданд, вале надиданд ва чизҳоеро, ки шумо мешунавед, шунидан мехостанд, вале нашуниданд» (Луқо 10:23, 24).