Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 82

Хизмати Исо дар Перея

Хизмати Исо дар Перея

ЛУҚО 13:22–14:6

  • САЪЮ КӮШИШ КУНЕД, КИ АЗ ДАРИ ТАНГ ДАРОЕД

  • ИСО БОЯД ДАР ЕРУСАЛИМ КУШТА ШАВАД

Дар Яҳудия ва Ерусалим Исо одамонро шифо мебахшид ва таълим медод. Акнун ӯ ба он тарафи дарёи Урдун мегузарад, то дар шаҳрҳои вилояти Перея низ таълим диҳад. Чанде пас бошад, Исо бояд боз ба Ерусалим равад.

Дар Перея марде аз Исо мепурсад: «Ҳазрат, оё шумораи онҳое, ки наҷот меёбанд, кам аст?» Шояд, он мард медонад, ки сарварони дин дар бораи он баҳс мекунанд, ки одамони зиёд наҷот меёбанд ё кам. Лекин Исо гапро ба дигар тараф мебарад ва мефаҳмонад, ки барои наҷот ёфтан чӣ кор кардан даркор аст. Ӯ мегӯяд: «Бо тамоми қувват саъю кӯшиш намоед, ки аз дари танг дароед». Бале, барои наҷот ёфтан бисёр-бисёр саъю кӯшиш кардан даркор аст. Исо мефаҳмонад: «Ба шумо мегӯям, ки бисёриҳо ба дохил шудан кӯшиш мекунанд, аммо наметавонанд» (Луқо 13:23, 24).

Муҳим будани кӯшишу ғайратро қайд карда Исо мегӯяд: «Вақте ки соҳиби хона хеста, дарро қулф мекунад, шумо аз берун истода, дарро мекӯбед ва мегӯед: “Тақсир, дарро ба мо кушо”... Лекин вай ба шумо хоҳад гуфт: “Ман намедонам, ки шумо аз куҷоед. Аз ман дур шавед, эй бадкорон!”» (Луқо 13:25–27).

Ин мисол ҳолати касеро нишон медиҳад, ки дер меояд (шояд, дар вақте, ки барои вай қулай аст) ва мебинад, ки дар аллакай қулф аст. Чунин шахс, ҳатто агар ноқулай бошад, бояд барвақттар меомад. Ба ин монанд, Исо дар байни одамон гашта, онҳоро таълим медод, лекин аксари онҳо ӯро гӯш кардан нахостанд ва ибодати ҳақиқиро дар ҳаёти худ дар ҷойи аввал нагузоштанд. Бисёре аз онҳое, ки Исо ба наздашон фиристода шуд, ба ӯ имон наоварданд. Ҳол он ки маҳз ба воситаи ӯ Худо мехост онҳоро наҷот диҳад. Исо мегӯяд, ки вақте ин одамонро берун меронанд, онҳо гиря мекунанд ва дандонҳояшонро ғиҷиррос мезанонанд. Он вақт одамон аз ҳамаи халқҳо «аз шарқу ғарб ва шимолу ҷануб омада, дар Подшоҳии Худо ба сари миз хоҳанд нишаст» (Луқо 13:28, 29).

Исо мефаҳмонад: «Баъзе аз онҳое, ки охиринанд [мисли ғайрияҳудиён ва яҳудиёни зулму ситамдида], аввалин мешаванд ва баъзе аз онҳое, ки аввалинанд [сарварони дини яҳудӣ, ки фахр мекунанд, ки онҳо аз насли Иброҳиманд], охирин» (Луқо 13:30). Охирин будани онҳо нишон медиҳад, ки ин шахсони ношукр ба Подшоҳии Худо намедароянд.

Баъзе фарисиён назди Исо омада ба ӯ мегӯянд: «Аз ин ҷо баромада рав, зеро Ҳиродус[-и Антипас] туро куштан мехоҳад». Шояд, ин овозаро худи шоҳ Ҳиродус паҳн кардааст, то ки Исо аз он маҳал баромада равад. Ҳиродус Яҳё-пайғамбарро кушта буд, барои ҳамин, эҳтимол, вай метарсад, ки мабодо дар кушта шудани ин пайғамбар ҳам айбдор шавад. Лекин Исо ба фарисиён мегӯяд: «Рафта, ба он рӯбоҳ гӯед: “Ман имрӯзу пагоҳ девҳоро берун мекунам ва одамонро шифо медиҳам ва дар рӯзи сеюм корамро ба охир мерасонам”» (Луқо 13:31, 32). Исо Ҳиродусро «рӯбоҳ» номида, шояд, ба маккории ӯ ишора мекунад. Лекин Исо намегузорад, ки Ҳиродус ё ягон каси дигар ба ӯ роҳ нишон диҳад ё ӯро саросема кунад. Вай бояд супориши Худоро иҷро кунад ва ин корро дар вақте ба ҷо меорад, ки Худо барояш муқаррар кардааст.

Исо роҳи худро давом дода, ба Ерусалим равона мешавад, зеро, чи тавре ки худи ӯ мегӯяд, «ин тавр шуда наметавонад, ки пайғамбар берун аз Ерусалим кушта шавад» (Луқо 13:33). Дар ягон ҷойи Китоби Муқаддас пешгӯйӣ нашудааст, ки Масеҳ бояд дар Ерусалим мурад. Пас, барои чӣ Исо мегӯяд, ки ӯ бояд дар он ҷо кушта шавад? Гап дар сари он ки Ерусалим пойтахти мамлакат аст ва Суди олии яҳудиён дар он ҷо ҷойгир аст. Ин суд, ки аз 71 нафар иборат аст, касонеро, ки пайғамбарони бардурӯғ ҳисоб меёбанд, доварӣ мекунад. Ғайр аз ин, дар маъбади Ерусалим ҳайвонҳоро қурбон мекунанд. Барои ҳамин Исо мефаҳмад, ки ӯ бояд дар ин шаҳр кушта шавад, на дар ҷойи дигаре.

Исо афсӯс хӯрда мегӯяд: «Эй Ерусалим, Ерусалим, шаҳре, ки пайғамбаронро мекушӣ ва онҳоеро, ки ба наздат фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам, ки кӯдакони туро ҷамъ оварам, чи тавре ки мурғ чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, аммо ту нахостӣ. Инак, Худо ин хонаро тарк хоҳад кард» (Луқо 13:34, 35). Ин халқ ба Писари Худо имон наоварданд ва бояд оқибати талхи ин рафторашонро чашанд.

Дар роҳ ба Ерусалим яке аз сардорони фарисиён Исоро рӯзи шанбе ба меҳмонӣ таклиф мекунад. Исо дар он ҷо мардеро мебинад, ки гирифтори касалии обхӯра аст (касалие, ки дар натиҷаи он дар бадани одам, бисёр вақт дар пойҳо, об ҷамъ мешавад). Меҳмонон бодиққат назар мекунанд, ки оё Исо ин мардро шифо медиҳад ё не. Исо аз фарисиён ва шариатдонон мепурсад: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан равост?» (Луқо 14:3).

Ҳеҷ кас ба саволи ӯ ҷавоб намедиҳад. Он гоҳ Исо он мардро шифо медиҳад ва баъд аз ҳозирон мепурсад: «Агар писар ё барзагови яке аз шумо дар рӯзи шанбе ба чоҳ афтад, магар ҳамон замон онро намебарорад?» (Луқо 14:5) Ин дафъа ҳам саволи Исо бе ҷавоб мемонад.