Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 85

Шодиву хурсандӣ барои гунаҳкори тавбакарда

Шодиву хурсандӣ барои гунаҳкори тавбакарда

ЛУҚО 15:1–10

  • МИСОЛ ДАР БОРАИ ГӮСФАНД ВА ТАНГАИ ГУМШУДА

  • ФАРИШТАГОН ДАР ОСМОН ХУРСАНДӢ МЕКУНАНД

Дар давоми хизматаш Исо чандин бор муҳим будани фурӯтаниро қайд карда буд (Луқо 14:8–11). Ҳоло низ ӯ дар ҷустуҷӯйи касони фурӯтанест, ки мехоҳанд ба Худо хизмат кунанд. Дар байни чунин касон одамоне ҳастанд, ки мардум онҳоро чун гунаҳкор мешиносанд.

Фарисиён ва шариатдонон пай мебаранд, ки чунин одамон, яъне касоне, ки онҳо пасту нокас меҳисобанд, ба назди Исо меоянд ва хабари ӯро гӯш мекунанд. Аз ин рӯ онҳо мегӯянд: «Ин одам бо гунаҳкорон ҳамнишин аст ва бо онҳо хӯрок мехӯрад» (Луқо 15:2). Фарисиён ва шариатдонон худро аз мардуми одӣ боло мегиранд ва онҳоро чирки таги пой меҳисобанд. Сарварони дин чунин одамонро паст зада нисбаташон калимаи ибрии «ам ҳаа̀ретс»-ро истифода мебаранд, ки маънояш «одамони замин [хок]» мебошад.

Исо бошад, ба ҳама бо эҳтиром ва меҳрубониву дилсӯзӣ муносибат мекунад. Барои ҳамин бисёре аз одамони одӣ, аз он ҷумла касоне, ки чун гуноҳкор ном баровардаанд, бо шавқу ҳавас Исоро гӯш мекунанд. Вақте фарисиён мебинанд, ки Исо ба чунин шахсон ёрӣ медиҳад, онҳо ӯро таънаву маломат мекунанд. Лекин Исо ба ин чӣ тавр муносибат мекунад?

Исо ба онҳо мисоли таъсирбахшеро нақл мекунад. Чанде пеш ӯ дар Кафарнаҳум мисоли ба ин монандеро нақл карда буд (Матто 18:12–14). Дар ин мисол Исо фарисиёнро ба гӯсфандоне монанд мекунад, ки дар қӯраи Худо паноҳ меёбанд. Одамони одӣ ва гунаҳкоронро бошад — ба гӯсфандоне, ки аз рама дур гашта гум шудаанд. Ӯ мегӯяд:

«Агар нафаре аз шумо сад гӯсфанд дошта бошаду яке аз онҳоро гум кунад, магар наваду нӯҳ гӯсфандашро дар биёбон монда, он гумшударо то ёфт шуданаш ҷустуҷӯ намекунад? Ва чун меёбад, онро бар китфаш мегузораду шодӣ карда ба хона бармегардад. Ӯ ёру дӯстон ва ҳаққу ҳамсояҳояшро ҷеғ зада, мегӯяд: “Бо ман хурсандӣ кунед, чунки гӯсфанди гумшудаам ёфт шуд”» (Луқо 15:4–6).

Баъд Исо мефаҳмонад: «Ба шумо мегӯям: ба ин монанд дар осмон барои як гунаҳкори тавбакарда назар ба наваду нӯҳ росткоре, ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд, хурсандӣ зиёдтар хоҳад буд» (Луқо 15:7).

Фарисиён худро росткор меҳисобанд ва барои ҳамин фикр мекунанд, ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд. Якчанд сол пеш, вақте онҳо Исоро ҳукм карданд, ки ӯ бо ҷамъоварони андоз ва гунаҳкорон хӯрок мехӯрад, ӯ чунин гуфт: «Ман барои он омадаам, ки на росткорон, балки гунаҳкоронро даъват кунам» (Марқӯс 2:15–17). Азбаски ин фарисиёни худбовар тавба кардан намехоҳанд, дар осмон барои онҳо касе хурсандӣ намекунад. Ва, баръакс, вақте гунаҳкорон аз таҳти дил тавба мекунанд, дар осмон хурсандии бемислу монанд ҳукмфармо мегардад.

Барои боз ҳам равшантар кардани ин фикр Исо мисоли дигаре меорад: «Агар зане даҳ тангаи нуқра дошта бошаду яктоашро гум кунад, магар чароғро даргиронда, хонаро намерӯбад ва то ёфт шудани он ҳама ҷоро намекобад? Ва чун меёбад, дугонаву ҳамсояҳояшро ҷеғ зада, мегӯяд: “Бо ман хурсандӣ кунед, чунки тангаи гумкардаи худро ёфтам”» (Луқо 15:8, 9).

Баъд Исо илова мекунад: «Ба ин монанд фариштагони Худо ҳам барои як гунаҳкори тавбакарда хурсандӣ мекунанд» (Луқо 15:10).

Дар ҳақиқат, фариштагон нисбати гунаҳкорон бепарво нестанд. Онҳо мехоҳанд, ки ҳар як гунаҳкор тавба кунаду аз роҳи бад гардад. Зеро гунаҳкори тавбакардае, ки дар Подшоҳии Худо ҳамроҳи Масеҳ ҳукмрон мешавад, аз фариштагон мавқеи баландтарро ишғол мекунад (1 Қӯринтиён 6:2, 3). Лекин фариштагон ба ин ҳасад намебаранд. Пас, вақте ягон гунаҳкор аз таҳти дил тавба карда ба назди Худо бармегардад, магар мо низ набояд аз ин хурсанд шавем?!