Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 97

Мисол дар бораи мардикорони токзор

Мисол дар бораи мардикорони токзор

МАТТО 20:1–16

  • КОРГАРОНЕ, КИ «ОХИРИНАНД, АВВАЛИН» МЕШАВАНД

Исо навакак дар Перея ба шунавандагонаш гуфт, ки «бисёре аз онҳое, ки аввалинанд, охирин мешаванд ва онҳое, ки охиринанд, аввалин мешаванд» (Матто 19:30). Барои равшан кардани ин фикр ӯ дар бораи мардикорони токзор мисол меорад.

Ӯ мегӯяд: «Подшоҳии осмон монанди соҳибхонаест, ки саҳарии барвақт аз хона баромад, то барои токзори худ мардикоронро киро кунад. Вақте ки ӯ бо мардикорон барои рӯзи кориашон якдинорӣ гапзанон кард, онҳоро ба токзораш фиристод. Тақрибан соати нӯҳи саҳар ӯ боз ба бозор рафта, мардикорони дигареро дид, ки бекор истода буданд, ва ба онҳо гуфт: “Ба токзорам равед ва ман музди шуморо аз рӯйи инсоф хоҳам дод”. Ва онҳо ҳам рафтанд. Ӯ ҳамчунин қарибиҳои соати дувоздаҳ ва сеи рӯз рафта, мардикоронро киро кард. Ниҳоят, ӯ тақрибан соати панҷи бегоҳ берун рафт ва мардикорони бекористодаро дида ба онҳо гуфт: “Чаро шумо рӯзи дароз дар ин ҷо бекор истодаед?” Онҳо ҷавоб доданд: “Чунки ҳеҷ кас моро киро накард”. Вай ба онҳо гуфт: “Шумо ҳам ба токзори ман равед”» (Матто 20:1–7).

Аз афташ, вақте Исо дар бораи «Подшоҳии осмон» ва «соҳибхона» гап мезанад, шунавандагон мефаҳманд, ки ӯ дар бораи Яҳува гуфта истодааст. Дар Навиштаҳо Яҳува чун соҳиби токзор ва халқи Исроил чун токзор тасвир мешавад (Забур 79:9, 10; Ишаъё 5:3, 4). Касоне, ки дар аҳди Шариат мебошанд, ба мардикорони токзор монанд карда мешаванд. Лекин дар ин мисол Исо давраҳои пешро тасвир намекунад, ӯ дар бораи рӯзҳои худ гап мезанад.

Сарварони дин, аз он ҷумла фарисиёне, ки чанде пеш масъалаи талоқро бардошта, Исоро санҷиданӣ буданд, фикр мекунанд, ки рӯзи дароз дар хизмати Худоянд. Онҳо ба мардикороне монанданд, ки тамоми рӯз меҳнат карданд ва интизори музди пурра, яъне як динор, мебошанд.

Коҳинон ва дигар сарварони дин фикр мекунанд, ки яҳудиёни одӣ ба Худо камтар хизмат мекунанд, мисли мардикороне, ки дар токзор корро дертар сар карданд. Дар мисоли Исо баъзеи онҳо «тақрибан соати нӯҳи саҳар» ё ҳатто аз ин ҳам дертар — соатҳои дувоздаҳи рӯз, се ё панҷи бегоҳ, омаданд.

Сарварони дин занону мардонеро, ки Масеҳро пайравӣ мекунанд, «одамони лаънатёфта» меҳисобанд (Юҳанно 7:49). Онҳо қисми зиёди умрашон бо моҳигирӣ ё ягон кори дигар машғул буданд. Баъд, тирамоҳи соли 29-и милодӣ, «соҳиби токзор» Исоро фиристод, то ин мардуми одиро даъват кунад ва онҳо чун шогирдони Масеҳ ба Худо хизмат кунанд. Инҳо ҳамон касони охирине мебошанд, ки дар мисоли Исо соати панҷи бегоҳ ба токзор омаданд.

Баъд Исо нақл мекунад, ки дар охири рӯзи корӣ чӣ мешавад. Ӯ мегӯяд: «Вақте шом фаро расид, соҳиби токзор ба сардори хизматгорон гуфт: “Коргаронро ҷамъ овар ва ба ҳамаашон, аз охирин сар карда то аввалин, ҳаққи меҳнаташонро деҳ”. Мардикороне, ки соати панҷи бегоҳ корро сар карда буданд, якдинорӣ гирифтанд. Аз ин рӯ онҳое, ки аз ҳама пеш киро шуда буданд, гумон карданд, ки ҳаққи корашон зиёдтар хоҳад буд, вале ба онҳо низ якдинорӣ дода шуд. Онҳо пулашонро гирифта, аз соҳиби токзор шикоят карда мегуфтанд: “Ин коргароне, ки дар охири рӯз омаданд, ҳамагӣ як соат кор карданд, ту бошӣ, онҳоро бо мо, ки дар таги офтоби сӯзон арақи ҷабин рехта тамоми рӯз меҳнат кардем, баробар донистӣ!” Вале ӯ ба яке аз онҳо ҷавоб дод: “Эй ҷӯра, ман нисбати ту ноҳаққӣ накардаам. Оё мо якдинорӣ гапзанон накарда будем? Пас, пулатро гиру рав. Ба ин охиринҳо бошад, ман мехоҳам баробари ту музд диҳам. Магар ман ҳақ надорам, ки пуламро чи хеле хоҳам, ҳамон хел сарф кунам? Ё ту ҳасад мебарӣ, ки ман ба онҳо некӣ мекунам?” Ҳамин тавр, онҳое, ки охиринанд, аввалин хоҳанд шуд ва онҳое, ки аввалинанд, охирин» (Матто 20:8–16).

Шояд, шогирдон фикр намефаҳманд, ки қисми охири мисоли Исо чӣ маъно дорад. Чӣ тавр сарварони дин, ки худро «аввалин» меҳисобанд, «охирин» мегарданд ва чӣ тавр шогирдони Исо «аввалин» мешаванд?

Шогирдони Исо, ки фарисиён ва дигарон онҳоро «охирин» меҳисобанд, «аввалин» мешаванд ва музди худро ба пуррагӣ мегиранд. Баъди марги Исо Худо халқи Исроилро рад карда, ба ҷойи он халқи нав — «Исроили Худоро» интихоб мекунад (Ғалотиён 6:16; Матто 23:38). Вақте Яҳё-пайғамбар дар бораи бо рӯҳи муқаддас таъмид гирифтан гап мезад, ӯ маҳз ҳамин одамонро дар назар дошт. Онҳое, ки «охирин» буданд, аввалин мешаванд ва дар иди Ҳафтаҳои соли 33-и милодӣ бо рӯҳи муқаддас таъмид мегиранд. Он вақт онҳо имконият пайдо мекунанд, ки «то гӯшаю канори замин дар бораи» Исо шаҳодат диҳанд (Аъмол 1:5, 8; Матто 3:11). Албатта, шогирдони Исо то ба охир сарфаҳм намераванд, ки то чӣ андоза дигаргунии куллӣ дар пеш аст. Бо вуҷуди ин онҳо мефаҳманд, ки он вақт сарварони дин, ки «охирин» мешаванд, аз онҳо сахт нафрат мекунанд.