Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 99

Исо ду кӯрро шифо мебахшад ва ба Заккай ёрӣ медиҳад

Исо ду кӯрро шифо мебахшад ва ба Заккай ёрӣ медиҳад

МАТТО 20:29–34 МАРҚӮС 10:46–52 ЛУҚО 18:35–19:10

  • ИСО ДАР ЕРИҲӮ ДУ КӮРРО ШИФО МЕДИҲАД

  • ЗАККАЙИ ҶАМЪОВАРИ АНДОЗ ТАВБА МЕКУНАД

Исову ҳамсафаронаш ба Ериҳӯ меоянд. Барои аз Ериҳӯ ба Ерусалим расидан тахминан як рӯз роҳ рафтан даркор аст. Дар Яҳудия ду шаҳри Ериҳӯ вуҷуд дорад: шаҳри кӯҳна ва нав. Шаҳри кӯҳна тахминан 1,5 километр дуртар аз шаҳри нав, ки дар давраҳои румиён сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Вақте Исо ҳамроҳи мардум аз Ериҳӯи кӯҳна баромада, ба Ериҳӯи нав наздик мешавад, мардум ғалоғула мебардоранд. Ин ғалоғуларо ду гадои кӯре мешунаванд, ки номи якеашон Бартимай аст.

Вақте Бартимай ва ҳамроҳаш мефаҳманд, ки Исо аз пешашон гузашта истодааст, онҳо фарёд мезананд: «Ҳазрато, Писари Довуд, ба мо раҳм кун!» (Матто 20:30). Баъзеҳо онҳоро сарзаниш карда мегӯянд, ки хомӯш шаванд, лекин ин ду нафар боз ҳам баландтар фарёд мезананд. Исо инро шунида меистад ва ба яке аз ҳамроҳонаш мегӯяд, ки он касонро наздаш оранд. Онҳо ба назди гадоён рафта ба яке аз онҳо мегӯянд: «Натарс, хез, ӯ туро ҷеғ зада истодааст» (Марқӯс 10:49). Он мард аз хурсандӣ ҷомаашро мекашад ва ҷаста аз ҷояш мехезаду пеши Исо меравад.

Исо аз онҳо мепурсад: «Шумо аз ман чӣ хоҳиш доред?» Онҳо зориву илтиҷо карда мегӯянд: «Ҳазрат, мехоҳем, ки чашмонамон бино шавад» (Матто 20:32, 33). Дили Исо ба ҳоли онҳо месӯзад. Баъд ӯ ба чашмонашон даст мерасонад ва ба яке аз онҳо назар карда мегӯяд: «Рав, имонат туро шифо дод» (Марқӯс 10:52). Ҳамон лаҳза ду марди кӯр бино мешаванд ва Худоро ҳамду сано хондан мегиранд. Мардуме, ки шоҳиди ин воқеа шуданд, ҳамроҳи ин ду нафар Худоро ситоиш мекунанд. Мардони биношуда аз пайи Исо мераванд.

Ҳоло Исо аз шаҳри Ериҳӯ гузашта истодааст, дар пеши ӯ одамони зиёде ҷамъ шудаанд. Ҳама мехоҳанд шахсеро, ки мардони кӯрро бино кард, бинанд. Мардум ӯро аз ҳар тараф иҳота кардаанд, барои ҳамин баъзеҳо наметавонанд, ки ҳатто як борак ба ӯ нигоҳ кунанд. Заккай ном марде низ мехоҳад Исоро бинад. Ӯ сардори ҷамъоварони андози Ериҳӯ ва гирду атрофи он мебошад. Қади ӯ паст аст, барои ҳамин вай пешопеши мардум рафта ба дарахти анҷири ёбоие, ки дар сари роҳ аст, мебарояд. Акнун Заккай ҳама ҷоро бемалол мебинад. Вақте Исо ба ин дарахт наздик мешавад, ӯ Заккайро мебинад ва мегӯяд: «Эй Заккай, зудтар фаро, чунки ман имрӯз дар хонаи ту меистам» (Луқо 19:5). Заккай саросемавор поён мефарояд ва ба хонааш мешитобад, то меҳмони олиқадрро қабул кунад.

Инро дида мардум норозигӣ баён мекунанд. Онҳо Заккайро гунаҳкор меҳисобанд, барои ҳамин фикр мекунанд, ки Исо набояд меҳмони чунин шахс шавад. Охир, Заккай бо макру фиреб аз мардум пул рӯёнда аз ҳамин ҳисоб бой шудааст.

Вақте Исо ба хонаи Заккай медарояд, мардум ғур-ғур карда мегӯянд: «Ӯ дар хонаи шахси гунаҳкор меҳмон шуд». Лекин Исо мебинад, ки дили Заккай ба тавба моил аст. Вақте Исо ба хонаи Заккай меояд, ӯ аз ҷой хеста, мегӯяд: «Ҳазратам, нисфи дороии худро ба камбағалон медиҳам ва ҳар чиро, ки ба воситаи айбдоркунии бардурӯғ аз одамон кашида гирифтаам, чор баробар зиёдтар бармегардонам» (Луқо 19:7, 8).

Заккай аз таҳти дил тавба кардааст ва суханонаш инро баръало нишон медиҳанд. Аз афташ, ӯ метавонад аз қайдҳои худ ҳисоб кунад, ки аз яҳудиён чӣ қадар андоз ситондааст, барои ҳамин ваъда медиҳад, ки чизи гирифтаашро чор баробар зиёдтар бармегардонад. Коре, ки ӯ карданист, аз он чизе, ки Шариат талаб мекунад, бештар аст (Хуруҷ 22:1; Ибодат 6:2–5). Илова бар ин, Заккай ваъда медиҳад, ки ними боигариашро ба камбағалон тақсим мекунад.

Исо тавбаи самимии Заккайро дида хурсанд мешавад ва мегӯяд: «Имрӯз ба ин хона наҷот омад, чунки ӯ ҳам писари Иброҳим аст. Зеро Писари одам барои пайдо кардан ва наҷот додани гумшудагон омадааст» (Луқо 19:9, 10).

Чанде пеш Исо дар бораи писари гумшуда мисоле оварда буд (Луқо 15:11–24). Акнун бошад, ӯ бо каси воқеие рӯ ба рӯ мешавад, ки ба маъное гум шуда буду ёфт шуд. Сарварони дин ва пайравонашон Исоро барои он ки бо гунаҳкорон вақт мегузаронад, танқид мекунанд. Лекин ба ин нигоҳ накарда Исо мехоҳад минбаъд низ фарзандони гумшудаи Иброҳимро ҷустуҷӯ кунад ва онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.