Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 102

Подшоҳ савори харкурра ба Ерусалим медарояд

Подшоҳ савори харкурра ба Ерусалим медарояд

МАТТО 21:1–11, 14–17 МАРҚӮС 11:1–11 ЛУҚО 19:29–44 ЮҲАННО 12:12–19

  • ИСО ТАНТАНАВОР БА ЕРУСАЛИМ МЕДАРОЯД

  • ХАРОБШАВИИ ЕРУСАЛИМ ПЕШГӮЙӢ МЕШАВАД

Рӯзи дигар, якшанбеи 9-и нисон, Исо ҳамроҳи шогирдонаш аз Байт-Ҳинӣ баромада, ба Ерусалим меравад. Вақте онҳо ба Байт-Фоҷӣ, ки бар кӯҳи Зайтун ҷойгир аст, мерасанд, Исо ба ду шогирдаш мегӯяд:

«Ба ин қишлоқ, ки дар рӯ ба рӯйи шумост, дароед. Ҳамин ки ба он ҷо даромадед, хари бастаеро бо куррааш хоҳед дид. Бандро кушода, онҳоро назди ман биёред. Агар касе ба шумо чизе гӯяд, чунин ҷавоб диҳед: “Онҳо ба Ҳазрат даркоранд”. Ва ӯ ҳамон замон ба шумо иҷозат медиҳад, ки онҳоро бо худ баред» (Матто 21:2, 3).

Шогирдон намефаҳманд, ки ин суханони Исо бо иҷрошавии як пешгӯйии Китоби Муқаддас алоқаманд аст. Пайғамбар Закарё пешгӯйӣ карда буд, ки Подшоҳи аз тарафи Худо ваъдашуда «ҳалим аст, ва бар харе, бар курраи бачаи модахар» ба Ерусалим медарояд (Закарё 9:9). Баъдтар шогирдон мефаҳманд, ки ин пешгӯйӣ дар он рӯз иҷро шуд.

Вақте шогирдон ба Байт-Фоҷӣ меоянд, онҳо хари бастаеро бо куррааш гирифтанӣ мешаванд. Одамоне, ки дар он ҷо истода буданд, мегӯянд: «Чаро онро кушода истодаед?» (Марқӯс 11:5). Лекин, вақте он шахсон мефаҳманд, ки ин барои Ҳазрат даркор аст, ба шогирдон монеъ намешаванд. Шогирдон харро бо куррааш ба пеши устодашон меоранду ҷомаҳояшонро ба болои онҳо мегузоранд ва Исо ба курра савор мешавад.

Вақте Исо ба Ерусалим наздик мешавад, мардум дар пеши ӯ ҷамъ шудан мегиранд. Бисёриҳо ҷомаҳои худро дар сари роҳи Исо пойандоз мекунанд, дигарон бошанд, шохаҳои дарахтонро бурида, пеши пойи ӯ мепартоянд. Онҳо фарёд зада мегӯянд: «Худоё, илтиҷо мекунем, ӯро дар паноҳат нигоҳ дор! Баракат ёбад шахсе, ки ба номи Яҳува меояд! Худо Подшоҳии омадаистодаи падарамон Довудро баракат диҳад!» (Марқӯс 11:8–10). Фарисиён аз ин норозӣ мешаванд ва ба Исо мегӯянд: «Эй Устод, ба шогирдонат фармон деҳ, ки хомӯш шаванд». Исо дар ҷавоб мегӯяд: «Ба шумо мегӯям, ки агар онҳо хомӯш шаванд, ин сангҳо фарёд хоҳанд зад» (Луқо 19:39, 40).

Исо ба Ерусалим нигоҳ мекунад ва ба ҳоли он гиря карда мегӯяд: «Кошки ту дар ин рӯз мефаҳмидӣ, ки чӣ бароят осоиштагӣ меорад... аммо ҳоло ин аз чашмони ту пинҳон аст». Ин шаҳр бояд барои саркашиаш ҷазо гирад. Исо пешгӯйӣ мекунад: «Душманони ту дар атрофат аз чӯбҳои нӯгтез девор сохта, туро иҳота мекунанд ва аз ҳар тараф ба танг меоранд. Онҳо туро ба хок яксон карда, фарзандонатро несту нобуд месозанд ва дар ту санге бар санге намемонанд» (Луқо 19:42–44). Ин суханони Исо соли 70-и милодӣ, ҳангоми харобшавии Ерусалим, иҷро мешаванд.

Вақте Исо ба Ерусалим медарояд, тамоми мардуми шаҳр ба ҳаяҷон омада мепурсанд: «Ин кист?» Одамоне, ки ҳамроҳи ӯ буданд, мегӯянд: «Ин Исои пайғамбар аст, ки аз Носираи Ҷалил мебошад» (Матто 21:10, 11). Онҳое, ки зинда шудани Лаъзорро дида буданд, ба дигарон дар бораи ин мӯъҷиза нақл мекунанд. Фарисиён мебинанд, ки ҳеҷ кор карда наметавонанд ва ба якдигар мегӯянд: «Тамоми ҷаҳон аз пайи ӯ меравад» (Юҳанно 12:18, 19).

Баъд Исо аз рӯйи одати худ ба маъбад медарояд, то мардумро таълим диҳад. Дар он ҷо ӯ кӯрон ва маъюбонро шифо медиҳад. Фарисиён ва шариатдонон корҳои ӯро мебинанд ва мешунаванд, ки чӣ тавр кӯдакон фарёд зада мегӯянд: «Худоё, илтиҷо мекунем, Писари Довудро дар паноҳат нигоҳ дор!» Ин онҳоро ба ғазаб меорад. Сарварони дин аз Исо мепурсанд: «Оё мешунавӣ, ки инҳо чӣ мегӯянд?» Ӯ ҷавоб медиҳад: «Магар нахондаед, ки навишта шудааст: “Аз даҳони кӯдакон ва тифлон ҳамду саноро ба вуҷуд овардаӣ”?» (Матто 21:15, 16).

Дар маъбад Исо ба гирду атроф нигоҳ мекунад. Ҳоло бевақт шуда истодааст, барои ҳамин ӯ ҳамроҳи шогирдонаш аз он ҷо меравад. Даҳуми нисон нашуда ӯ аз Ерусалим мебарояд ва ба Байт-Ҳинӣ равона мешавад ва шаби якшанберо дар он ҷо мегузаронад.