Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 106

Ду мисол дар бораи токзор

Ду мисол дар бораи токзор

МАТТО 21:28–46 МАРҚӮС 12:1–12 ЛУҚО 20:9–19

  • МИСОЛ ДАР БОРАИ ДУ ПИСАР

  • МИСОЛ ДАР БОРАИ ТОКПАРВАРОН

Навакак дар маъбад коҳинони калон ва пирони халқ Исоро бо саволе санҷидан хостанд. Лекин чизе, ки Исо дар ҷавоб аз ин сарварони дин мепурсад, онҳоро дар ҳолати ногувор мемонад ва онҳо чӣ гуфтанашонро намедонанд. Он гоҳ Исо мисоле меорад, ки чӣ гуна инсон будани онҳоро нишон медиҳад.

Ӯ мегӯяд: «Марде ду писар дошт. Рӯзе ӯ ба пеши писари калонӣ омада, гуфт: “Писарам, имрӯз ба токзор рафта, кор кун”. Ӯ ҷавоб дод: ”Намеравам”, аммо баъд пушаймон шуд ва рафт. Падар рафта, аз писари дуюмаш ҳам ҳамон чизро хоҳиш кард ва ӯ “майлаш, падар” гуфта ҷавоб дод, аммо нарафт. Кадоме аз он ду писар хости падарро иҷро кард?» (Матто 21:28–31). Ҷавоби ин савол аён аст — хости падарро охиру оқибат писари калонӣ иҷро кард.

Исо гапашро давом дода ба душманонаш мегӯяд: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҷамъкунандагони андоз ва фоҳишаҳо ба Подшоҳии Худо пеш аз шумо дохил хоҳанд шуд». Ҷамъоварони андоз ва фоҳишаҳо дар аввал ба Худо хизмат намекарданд. Лекин баъдтар онҳо чун писари якум пушаймон шуданд ва хизмати Худоро сар карданд. Сарварони дин бошанд, ба писари дуюм монанданд. Онҳо даъво мекунанд, ки хизмати Худоро ба ҷо меоранд, лекин дар асл ин корро намекунанд. Исо мегӯяд: «Яҳё омада, ба шумо роҳи ростро нишон дод, аммо шумо ба ӯ бовар накардед, ҷамъкунандагони андоз ва фоҳишагон бошанд, бовар карданд. Вале шумо ҳатто инро дида пушаймон нашудед ва ба ӯ бовар накардед» (Матто 21:31, 32).

Пас аз ин Исо мисоли дигаре меорад. Ин дафъа ӯ нишон медиҳад, ки сарварони дин ғайр аз он ки ба Худо хизмат намекунанд, бераҳму бадкоранд. Исо мегӯяд: «Марде дар замини худ токҳои ангур шинонд, дар гирди он деворе бино кард, барои фишурдани ангур ҳавзчае канд ва бурҷе сохт. Баъд токзорро ба токпарварон иҷора дода, ба сафар рафт. Вақте ки мавсими ҳосилғундорӣ расид, вай ғуломеро ба назди токпарварон фиристод, то ҳаққи худро аз ҳосили токзор гирад. Лекин онҳо ғуломро дошта, заданд ва дасти холӣ фиристоданд. Соҳиби токзор ғуломи дигарашро фиристод, деҳқонон бошанд, сари вайро кафонданд ва шармсору шарманда карданд. Ӯ боз каси дигарро фиристод ва онҳо вайро куштанд; ва боз шахсони зиёди дигарро назди онҳо фиристод, лекин деҳқонон баъзеашонро заданд, баъзеи дигарашонро бошад, куштанд» (Марқӯс 12:1–5).

Оё шунавандагони Исо ба маънои мисоли ӯ сарфаҳм мераванд? Шояд, онҳо суханони зеринеро, ки Худо ба воситаи Ишаъё-пайғамбар гуфта буд, ба хотир меоранд: «Хонадони Исроил токзори Худованди лашкарҳо мебошанд, ва мардони Яҳудо — ниҳоли дилпазири Ӯ; ва Ӯ умеди инсоф дошт, ва инак — ноинсофӣ» (Ишаъё 5:7). Дар мисоли Исо низ Яҳува соҳиби токзор аст, худи токзор бошад, халқи Исроил мебошад. Шариати Худо онҳоро чун девор муҳофизат мекард. Яҳува пайғамбаронро назди халқаш мефиристод, то онҳоро таълим диҳад ва ёрдам кунад, ки самари хуб оранд.

Лекин «токпарварон» баъзе «ғулом»-онеро, ки ба наздашон фиристода шуданд, заданд ва баъзеашонро куштанд. Исо мегӯяд: «Соҳиби токзор як писар дошт, ки барояш азиз буд. Оқибат, ӯ “писарамро ҳатман ҳурмат мекунанд” гуфта, писарашро фиристод. Лекин токпарварон ба якдигар гуфтанд: “Ин меросхӯр аст. Биёед ӯро мекушем ва меросаш аз они мо мешавад”. Ва онҳо вайро дастгир карда, куштанд» (Марқӯс 12:6–8).

Баъд Исо мепурсад: «Соҳиби токзор чӣ кор мекунад?» (Марқӯс 12:9). Сарварони дин ҷавоб медиҳанд: «Ӯ онҳоро аз сабаби бадкориашон несту нобуд мекунад, токзорро бошад, ба токпарвароне иҷора медиҳад, ки ҳаққи ӯро аз ҳосили токзор дар мавсимаш медиҳанд» (Матто 21:41).

Ин сарварон нафаҳмида худашонро ҳукм мекунанд, чунки онҳо низ дар байни «токпарварон»-и «токзор»-и Яҳува, яъне халқи Исроил, мебошанд. Барои ҳамин Яҳува ҳақ дорад аз онҳо самари хуб талаб кунад, яъне интизор шавад, ки онҳо ба Писараш, Масеҳ, имон меоранд. Исо ба он сарварон нигоҳ карда мегӯяд: «Магар боре ҳам порчаи зерини Навиштаҳои Муқаддасро нахондаед: “Санге, ки бинокорон рад карданд, санги асосии гӯшаи бино гашт. Ин санг аз тарафи Яҳува фиристода шудааст ва он дар назари мо аҷоиб аст”?» (Марқӯс 12:10, 11). Баъд Исо кушоду равшан мегӯяд: «Бинобар ин ба шумо мегӯям, ки Подшоҳии Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки самар меорад» (Матто 21:43).

Шариатдонон ва коҳинони калон мефаҳманд, ки «вақте Исо ин мисолро гуфт, онҳоро дар назар дошт» (Луқо 20:19). Аз ин рӯ онҳо боз ҳам бештар мехоҳанд ӯро, ки «меросхӯр»-и қонунӣ аст, кушанд. Лекин онҳо ин корро ҳамон лаҳза намекунанд. Онҳо аз мардум метарсанд, зеро мардум Исоро пайғамбар меҳисобад.