Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 107

Подшоҳ ба тӯйи арӯсӣ меҳмон таклиф мекунад

Подшоҳ ба тӯйи арӯсӣ меҳмон таклиф мекунад

МАТТО 22:1–14

  • МИСОЛ ДАР БОРАИ ТӮЙИ АРӮСӢ

Ба қарибӣ хизмати Исо ба охир мерасад. Исо мисолҳои дигар оварда бадкории шариатдонон ва фарисиёнро фош мекунад ва барои ҳамин онҳо мехоҳанд ӯро кушанд (Луқо 20:19). Ӯ мегӯяд:

«Подшоҳии осмонро ба подшоҳе монанд кардан мумкин аст, ки писарашро хонадор карданӣ шуда базм барпо кард. Ӯ ғуломонашро барои овардани одамоне, ки ба тӯйи арӯсӣ таклиф шуда буданд, фиристод, вале онҳо омадан нахостанд» (Матто 22:2, 3). Азбаски Исо дар бораи «Подшоҳии осмон» гап мезанад, хулоса баровардан мумкин аст, ки «подшоҳ» худи Яҳува мебошад. Лекин писари подшоҳ ва даъватшудагон кистанд? Писари подшоҳ Писари Яҳува, яъне Исои Масеҳ мебошад, даъватшудагон бошанд, касонеанд, дар оянда ҳамроҳи Писар дар Подшоҳии осмонӣ ҳукмронӣ мекунанд.

Касоне, ки аввал таклиф шуданд, киҳоянд? Исову расулонаш аввал ба яҳудиён дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза карда буданд, пас, хулоса баровардан мумкин аст, ки касоне, ки аввалин шуда даъват шуда буданд, яҳудиёнанд (Матто 10:6, 7; 15:24). Соли 1513-и пеш аз милод бо халқи Исроил аҳди Шариат баста шуд ва онҳо аввалин шуда имконият пайдо карданд, ки «мамлакати коҳинон» шаванд (Хуруҷ 19:5–8) Лекин кай онҳо ба тӯйи арӯсӣ таклиф шуданд? Соли 29-и милодӣ, вақте Исо мавъизаро дар бораи Подшоҳии осмон сар кард.

Аксари исроилиён ба ин даъват чӣ тавр муносибат карданд? Исо мегӯяд, ки «онҳо омадан нахостанд». Бисёре аз сарварони дин ва дигар одамон ӯро чун Масеҳ ва Подшоҳ аз тарафи Худо қабул накарданд.

Лекин ба яҳудиён боз имконият дода мешавад, ки даъватро қабул кунанд. Исо мегӯяд: «Он гоҳ подшоҳ ғуломони дигарашро фиристода, гуфт: “Ба даъватшудагон чунин гӯед: “Инак, ман зиёфатро омода намудам, барзаговҳо ва дигар чорвои беҳтаринро сар буридам ва ҳама чиз тайёр аст. Ба тӯйи арӯсӣ биёед”. Вале даъватшудагон ба суханони ғуломон беэътиноӣ карда, яке ба киштзори худ ва дигаре аз пайи харидуфурӯш рафтанд, боқимондагон бошанд, ғуломони подшоҳро дошта, онҳоро латукӯб карданд ва оқибат куштанд» (Матто 22:4–6). Вақте ҷамъомади масеҳӣ ташкил шуд, яҳудиён то ҳол имконият доштанд, ки ба Подшоҳии Худо дохил шаванд, лекин бисёри онҳо ин даъватро рад карданд ва ҳатто «ғуломони подшоҳро» латукӯб карданду баъзеашонро куштанд (Аъмол 4:13–18; 7:54, 58).

Исо суханашро давом медиҳад: «Инро фаҳмида подшоҳ ба ғазаб омад ва сарбозонашро фиристода, он одамкушонро ба қатл расонд ва шаҳрашонро оташ зад» (Матто 22:7). Ин суханони Исо соли 70-и милодӣ, вақте лашкари Рум шаҳри яҳудиён — Ерусалимро несту нобуд карданд, иҷро шуд.

Вақте яҳудиён даъвати подшоҳро рад карданд, оё ин маънои онро дошт, ки дигар ҳеҷ кас таклиф намешавад? Не. Исо мегӯяд: «Баъд аз ин [подшоҳ] ба ғуломонаш гуфт: “Зиёфати тӯй тайёр аст, вале даъватшудагон сазовори чунин базм нестанд. Барои ҳамин ба сари роҳҳои калон баромада, ҳар касеро, ки мебинед, ба тӯй даъват кунед”. Ғуломон ба сари роҳҳо баромада, ҳамаи одамони ёфтаашонро, ки дар қаторашон ҳам одамони нағз буданду ҳам одамони бад, ба тӯйхона ҷамъ оварданд ва он ҷо аз меҳмонон пур шуд» (Матто 22:8–10).

Чанде пас Петруси расул ба ғайрияҳудиёне, ки дини яҳудиро қабул накардаанд, ёрӣ дод, ки пайравони ҳақиқии Масеҳ шаванд. Соли 36-и милодӣ ба Корнилюс ном мирисади румӣ ва аҳли оилааш рӯҳи муқаддас фурӯ рехт ва онҳо имконият пайдо карданд, ки ба Подшоҳии осмон, ки Исо дар борааш гуфта буд, роҳ ёбанд (Аъмол 10:1, 34–48).

Исо мегӯяд, ки на ҳама меҳмононе, ки ба тӯй меоянд, ба подшоҳ писанд мешаванд: «Вақте ки подшоҳ барои дидани меҳмонон ба тӯйхона даромад, чашмаш ба марде афтод, ки либоси тӯёна надошт. Аз ин рӯ ӯ гуфт: “Эй дӯст, ту ба ин ҷо бе либоси тӯёна чӣ тавр даромадӣ?” Он мард бошад, чӣ гуфтанашро надонист. Инро дида подшоҳ ба хизматгоронаш гуфт: “Дасту пояшро баста, вайро ба берун, ба торикӣ, партоед, ки он ҷо ӯ гиря мекунаду дандонҳояшро ғиҷиррос мезанонад”. Бале, даъватшудагон бисёранд, лекин интихобшудагон кам» (Матто 22:11–14).

Мумкин сарварони дин маънои суханони Исо ва аҳамияти онҳоро пурра нафаҳманд. Лекин онҳо боз ҳам бештар ба хашм меоянд ва мехоҳанд ҳар чӣ зудтар касеро, ки «ошашонро шӯр мекунад», кушанд.