Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 119

Исо роҳ, ростӣ ва ҳаёт аст

Исо роҳ, ростӣ ва ҳаёт аст

ЮҲАННО 14:1–31

  • ИСО МЕРАВАД, ТО ҶОЙ ТАЙЁР КУНАД

  • БА ШОГИРДОН ЁРДАМЧӢ ДОДА МЕШАВАД

  • ПАДАР АЗ ИСО БУЗУРГТАР АСТ

Навакак Исо ёдбуди маргашро ҷорӣ кард ва ҳоло ҳам ӯву шогирдонаш дар болохона мебошанд. Ӯ ба шогирдон мегӯяд: «Хавотир нашавед. Ба Худо имон оред ва ба ман низ имон оред» (Юҳанно 13:36; 14:1).

Исо ба расулони содиқу вафодораш мефаҳмонад, ки аз рафтани ӯ хавотир нашаванд. Ӯ мегӯяд: «Дар хонаи Падари ман ҷойи зист бисёр аст... Агар ман рафта, барои шумо ҷой тайёр кунам, боз меоям ва шуморо ба назди худ, ба хона, мебарам, то дар он ҷое, ки ман ҳастам, шумо низ бошед». Лекин расулон намефаҳманд, ки ӯ дар бораи осмон гап мезанад. Тумо мепурсад: «Ҳазрат, мо намедонем, ки ту куҷо меравӣ. Пас, роҳро аз куҷо медонем?» (Юҳанно 14:2–5).

Исо мегӯяд: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам». Шогирдон танҳо он вақт ба осмон, ба хонаи Падари ӯ, рафта метавонанд, агар ба ӯ имон оранд, гуфтаҳояшро қабул кунанд ва мисли ӯ рафтор кунанд. Исо мегӯяд: «Ҳеҷ кас наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба воситаи ман» (Юҳанно 14:6).

Филиппус, ки бодиққат суханони Исоро гӯш мекард, мегӯяд: «Ҳазрат, Падарро ба мо нишон деҳ ва ҳамин бароямон кифоя аст». Аз афташ, ӯ мехост бо ягон тарз Худоро бинад, масалан, дар рӯъё, чи тавре ки Мӯсо, Илёс ва Ишаъё дида буданд. Лекин ҳеҷ як рӯъё ба он имконияте, ки расулон доранд, баробар шуда наметавонад. Исо дар ин бора мегӯяд: «Филиппус, ҳамин қадар вақт ман бо шумо будам ва ту то ҳол маро нашинохтаӣ? Ҳар касе, ки маро дидааст, Падарро низ дидааст». Исо шахсияти Падарашро ба таври беҳтарин инъикос мекунад, барои ҳамин касе, ки бо Исо асту рафтору корҳои ӯро мушоҳида мекунад, гуфтан мумкин аст, ки Падарро мебинад. Албатта, Падар аз Писар бузургтар аст, зеро худи Исо мегӯяд: «Суханоне, ки ман ба шумо мегӯям, аз пеши худ намегӯям» (Юҳанно 14:8–10). Расулон нағз мефаҳманд: Исо барои ҳамаи он чизе, ки таълим медиҳад, Яҳуваро ҷалол медиҳад, на худашро.

Расулони Исо медиданд, ки чӣ тавр ӯ корҳои бузург мекунад ва хушхабари Подшоҳиро мавъиза мекунад. Акнун бошад, Исо ба онҳо мегӯяд: «Ҳар касе, ки ба ман имон меорад, корҳоеро, ки ман ба амал меорам, ва ҳатто корҳои аз ин ҳам бузургтарро ба ҷо хоҳад овард» (Юҳанно 14:12). Исо дар назар надорад, ки расулон мӯъҷизаҳои бузургтар ба амал меоранд. Аниқтараш онҳо назар ба ӯ бисёртар хизмат мекунанд ва хушхабарро дар ҷойҳои зиёдтар ва ба одамони бисёртар мавъиза мекунанд.

Вақте Исо меравад, шогирдон бе кӯмак намемонанд. Ӯ ба онҳо боварӣ мебахшад: «Агар чизе ба номи ман талаб кунед, онро ба ҷо меорам». Беш аз ин ӯ мегӯяд: «Ман аз Падар хоҳиш мекунам ва Ӯ ба шумо ёрдамчии дигаре медиҳад, ки ҳамеша бо шумо хоҳад буд. Ин ёрдамчӣ — рӯҳи ростист» (Юҳанно 14:14, 16, 17). Исо ваъда медиҳад, ки ба онҳо рӯҳи муқаддас, ёрдамчии дигаре, дода мешавад. Ин дар иди Ҳафтаҳои ҳамин сол рӯй медиҳад.

Исо мегӯяд: «Каме пас ҷаҳон дигар маро нахоҳад дид, аммо шумо маро хоҳед дид, зеро ман зиндаам ва шумо низ зинда хоҳед буд» (Юҳанно 14:19). Расулон Исоро баъди зиндашавиаш боз дар бадани одамӣ мебинанд. Ғайр аз ин, ӯ онҳоро дар оянда зинда мекунад, то ҳамроҳаш дар осмон зиндагӣ кунанд.

Ҳоло Исо қайд мекунад: «Ҳар касе, ки амрҳои маро қабул мекунад ва онҳоро ба ҷо меорад, маро дӯст медорад. Ҳар касе, ки маро дӯст медорад, Падарам ӯро дӯст хоҳад дошт ва ман низ ӯро дӯст хоҳам дошт ва худро ба ӯ ошкор хоҳам кард». Яҳудои расул, ки ҳамчунин Таддо ном дорад, аз Исо мепурсад: «Ҳазрат, барои чӣ худро ба ҷаҳон неву ба мо ошкор карданӣ ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб медиҳад: «Агар касе маро дӯст дорад, суханонамро риоя мекунад ва Падари ман ӯро дӯст хоҳад дошт... Ҳар касе, ки маро дӯст намедорад, суханони маро риоя намекунад» (Юҳанно 14:21–24). Баръакси пайравони Исо ин ҷаҳон ба гардан намегирад, ки Исо роҳ, ростӣ ва ҳаёт аст.

Чӣ тавр баъди рафтани Исо шогирдон чизҳоеро, ки аз ӯ таълим гирифтанд, ба хотир оварда метавонанд? Исо мегӯяд: «Аммо ёрдамчӣ, яъне рӯҳи муқаддас, ки Падар ба номи ман мефиристад, ҳама чизро ба шумо таълим медиҳад ва ҳар он чизеро, ки ба шумо гуфта будам, ба ёдатон меорад». Расулон дидаанд, ки ба воситаи рӯҳи муқаддас мӯъҷизаҳои бузург ба амал овардан мумкин аст, барои ҳамин аз ин суханон тасаллӣ меёбанд. Исо илова мекунад: «Осоиштагиро ба шумо мегузорам, осоиштагии худро ба шумо медиҳам... Хавотир нашавед ва натарсед» (Юҳанно 14:26, 27). Бале, шогирдон барои тарсу хавотирӣ сабаб надоранд, зеро худи Падар онҳоро роҳнамоиву муҳофизат мекунад.

Ба қарибӣ расулон мебинанд, ки чӣ тавр Худо хизматгоронашро муҳофизат мекунад. Исо мегӯяд: «Ҳокими ин ҷаҳон омада истодааст, вале ӯ бар ман ҳукмрон нест» (Юҳанно 14:30). Иблис тавонист ба Яҳудои Исқарют дарояд ва ӯро ба роҳи бад дарорад. Лекин Исо ягон майлу хоҳиши гунаҳкорона надорад, то Шайтон аз ин истифода бурда ӯро аз Худо дур созад. Ҳамчунин Иблис ҳеҷ гоҳ наметавонад, ки Исоро абадан дар банди марг нигоҳ дорад. Барои чӣ? Исо мегӯяд: «[Ман] ҳамон тавре амал мекунам, ки Падар ба ман амр додааст». Исо дилпур аст, ки Падар ӯро зинда мекунад (Юҳанно 14:31).