Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 121

«Далер бошед; ман бар ҷаҳон ғолиб омадам!»

«Далер бошед; ман бар ҷаҳон ғолиб омадам!»

ЮҲАННО 16:1–33

  • РАСУЛОН БА НАЗДИКӢ ДИГАР ИСОРО НАМЕБИНАНД

  • ҒАМИ РАСУЛОН БА ШОДӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Исо ва расулон аз хонае, ки дар он хӯроки шомро хӯрданд, баромаданӣ ҳастанд. Исо ба онҳо огоҳиву насиҳати бисёре дода буд. Ҳозир бошад, ӯ илова мекунад: «Ман ин суханонро барои он ба шумо гуфтам, ки хато накунед». Чаро ин огоҳӣ бамаврид аст? Исо ба расулон мегӯяд: «Мардум шуморо аз ибодатгоҳҳо хоҳанд ронд. Ҳатто чунин замоне фаро мерасад, ки ҳар кӣ шуморо мекушад, гумон мекунад, ки ба Худо хизмат карда истодааст» (Юҳанно 16:1, 2).

Ин барои расулон хабари ғамоварест. Исо чанде пеш ҳам ба онҳо гуфта буд, ки ҷаҳон аз онҳо нафрат мекунад. Ҳоло бошад, ӯ бори якум ба онҳо дар бораи хатари марг мегӯяд. Чаро Исо пеш ба онҳо ин гапро нагуфта буд? Исо мефаҳмонад: «Ин чизҳоро аз аввал ба шумо нагуфтам, зеро бо шумо будам» (Юҳанно 16:4). Ӯ барои он шогирдонро пеш аз рафтанаш огоҳ месозад, то дар набудани ӯ ба тарс дода нашаванд.

Исо боз мегӯяд: «Акнун бошад, назди Фиристандаи худ меравам, лекин ягон каси шумо аз ман намепурсад, ки ба куҷо рафта истодаам». Шогирдон каме пештар, худи ҳамин бегоҳ, дар ин бора аз Исо пурсида буданд (Юҳанно 13:36; 14:5; 16:5). Лекин вақте онҳо фаҳмиданд, ки бо кадом таъқиботу душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ба ғаму ғусса дода шуданд. Барои ҳамин онҳо дигар аз Исо намепурсанд, ки ӯ ба қарибӣ чӣ гуна ҷалолро соҳиб мешавад ва ин ба парастандагони ҳақиқии Худо чӣ баракатҳо меорад. Исо ҳолати шогирдонро пай бурда мегӯяд: «Чун ин чизҳоро ба шумо гуфтам, дилҳоятон пур аз ғам шуд» (Юҳанно 16:6).

Баъд Исо ба шогирдонаш мефаҳмонад: «Рафтани ман ба фоидаи шумост, чунки, агар наравам, ёрдамчӣ назди шумо намеояд, вале, агар равам, ӯро ба наздатон мефиристам» (Юҳанно 16:7). Исо баъд аз маргаш ба осмон рафта, рӯҳи муқаддасро ба пайравонаш мефиристад, то онҳоро дар кадом гӯшаи дунё, ки набошанд, роҳбарӣ кунад.

Рӯҳи муқаддас «ба ҷаҳон кушоду равшан нишон медиҳад, ки гуноҳ, росткорӣ ва доварӣ чист» (Юҳанно 16:8). Он гуноҳи ин ҷаҳонро, ки ба Исо имон наовард, ошкор мекунад. Ба осмон рафтани Исо исбот мекунад, ки ӯ росткор аст ва «ҳокими ин ҷаҳон», яъне Шайтон, бояд доварӣ ва маҳкум карда шавад (Юҳанно 16:11).

«Боз бисёр чизҳоро бояд ба шумо гӯям, вале ҳоло ба он чизҳо сарфаҳм рафта наметавонед»,— илова мекунад Исо. Вақте ӯ ба онҳо рӯҳи муқаддасро мерезад, он ба шогирдон ёрӣ мерасонад, то «ростиро ба пуррагӣ» фаҳманд. Он гоҳ онҳо метавонанд мувофиқи ростӣ зиндагӣ кунанд (Юҳанно 16:12, 13).

Шогирдон аз суханони минбаъдаи Исо ҳайрон мешаванд: «Баъд аз андаке маро нахоҳед дид, вале баъд аз андаки дигар хоҳед дид». Шогирдон аз якдигар мепурсанд, ки Исо чиро дар назар дорад. Инро пай бурда, Исо мефаҳмонад: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: шумо гиряву нола мекунед, лекин ҷаҳон шодӣ хоҳад кард; шумо ғамгин мешавед, вале ғами шумо ба хурсандӣ табдил хоҳад ёфт» (Юҳанно 16:16, 20). Вақте фардо баъд аз пешин Исо кушта мешавад, роҳбарони дин шодӣ мекунанду шогирдон ғамгин мешаванд. Аммо вақте Исо зинда карда мешавад, ғаму ғуссаи шогирдон ба шодӣ табдил меёбад. Ва баъдтар, вақте Исо ба онҳо рӯҳи муқаддасро мерезад, шогирдон боз ҳам бештар хурсанд мешаванд.

Исо ҳолати шогирдонро ба ҳолати зани ҳомила монанд карда мегӯяд: «Зан ҳангоми таваллуди кӯдак азоб мекашад, вале, баъди таваллуд карданаш аз шодии он ки инсон ба дунё омад, азобҳои худро фаромӯш мекунад». Сипас Исо онҳоро дилбардорӣ карда мегӯяд: «Ба ин монанд шумо низ ҳоло ғамгинед, лекин, вақте боз маро мебинед, дилҳоятон шод мешавад ва ҳеҷ кас шуморо аз ин шодӣ маҳрум карда наметавонад» (Юҳанно 16:21, 22).

Шогирдон то ин дам ба номи Исо аз Худо чизе напурсидаанд. Ҳоло Исо чунин мегӯяд: «Он рӯз шумо аз Падар ба номи ман талаб мекунед». Ин, албатта, маънои онро надорад, ки Падар намехоҳад ба дуоҳояшон ҷавоб диҳад. Исо мегӯяд: «Худи Падар шуморо дӯст медорад, чунки маро дӯст доштед ва бовар кардед, ки аз ҷониби Худо омадаам» (Юҳанно 16:26, 27).

Шояд, ин суханон ба шогирдон боварӣ мебахшанд ва онҳо мегӯянд: «Аз ин рӯ бовар мекунем, ки ту аз ҷониби Худо омадаӣ». Ба наздикӣ ин боварии онҳо зери озмоиш қарор мегирад. Исо дар ҷавоб ба онҳо дар бораи ояндаашон мегӯяд: «Инак, вақте наздик аст ва аллакай расидааст, ки ҳар яки шумо пароканда шуда, ба хонаи худ меравед ва маро танҳо мегузоред». Сипас ӯ боз онҳоро дилбардорӣ карда мегӯяд: «Ман инро ба шумо барои он гуфтам, ки ба воситаи ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ин ҷаҳон шумо азобҳо хоҳед дошт, вале далер бошед; ман бар ҷаҳон ғолиб омадам!» (Юҳанно 16:30–33). Аммо Исо онҳоро партофта ба ҳоли худ вогузор намекунад. Ӯ боварӣ дорад, ки ҳарчанд Шайтон ва дунёи ӯ ба шогирдонаш пайваста ҳамла мекунад, онҳо ҳам мисли устодашон бар дунё ғолиб меоянд ва содиқона хости Худоро иҷро мекунанд.