Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 128

Пилотус ва Ҳиродус Исоро айбдор намеҳисобанд

Пилотус ва Ҳиродус Исоро айбдор намеҳисобанд

МАТТО 27:12–14, 18, 19 МАРҚӮС 15:2–5 ЛУҚО 23:4–16 ЮҲАННО 18:36–38

  • ИСОРО ҲАМ ПИЛОТУС ВА ҲАМ ҲИРОДУС ПУРСУҶӮ МЕКУНАНД

Исо подшоҳ буданашро аз Пилотус пинҳон намесозад. Ҳамзамон ӯ қайд мекунад, ки Подшоҳии ӯ барои ҳокимияти Рум хатарнок нест. Исо мегӯяд: «Подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест. Агар подшоҳии ман аз ин ҷаҳон мебуд, пайравони ман мубориза мебурданд, то ки ба дасти яҳудиён супурда нашавам. Аммо подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест» (Юҳанно 18:36). Бале, Исо соҳиби подшоҳӣ аст, лекин он аз ин ҷаҳон нест.

Пилотус аз ин ҷавоби Исо қонеъ намешавад. Ӯ аз Исо мепурсад: «Пас, ту подшоҳ ҳастӣ?» Исо нишон додан мехоҳад, ки Пилотус ба хулосаи дуруст омадааст, барои ҳамин мегӯяд: «Ҳамон тавре аст, ки мегӯӣ. Ман барои он таваллуд шудам ва барои он ба ҷаҳон омадам, ки дар бораи ростӣ шаҳодат диҳам. Ҳар касе, ки тарафдори ростист, ба овози ман гӯш медиҳад» (Юҳанно 18:37).

Чанде пеш аз ин Исо ба Тумо гуфта буд: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам». Акнун бошад, ӯ ба Пилотус мефаҳмонад, ки барои он ба ҷаҳон омадааст, то дар бораи ростӣ, хусусан ҳақиқат дар бораи Подшоҳиаш, шаҳодат диҳад. Исо аз таҳти дил мехост мувофиқи ин ростӣ зиндагӣ кунад, ва, агар даркор шавад, ҷонашро дар ин роҳ фидо кунад. Пилотус мепурсад: «Ростӣ чист?» Лекин ӯ ҷавобро интизор намешавад. Пилотус фикр мекунад, ки чизҳои шунидааш кофиянд, то ӯ дар бораи ин мард ҳукм барорад (Юҳанно 14:6; 18:38).

Пилотус боз ба назди мардум, ки ӯро берун аз қаср интизор буданд, мебарояд. Ӯ ба мардум дар бораи Исо, ки, аз афташ, ҳоло дар наздаш истода буд, чунин мегӯяд: «Ман дар ин одам ягон айбе намеёбам». Вале коҳинони калон ва мардум, ки аз ин ҳукм норозиянд, боисрор мегӯянд: «Ӯ дар тамоми Яҳудия, аз Ҷалил сар карда то худи ин ҷойҳо, мардумро бо таълим доданаш ба шӯр меорад» (Луқо 23:4, 5).

Аз афташ, Пилотус якравиву хунхории мардумро дида ба ҳайрат меояд. Коҳинони калон ва пирон бошанд, доду фарёд мебардоранд. Пилотус аз Исо мепурсад: «Магар намешунавӣ, ки туро чӣ қадар айбдор мекунанд?» (Матто 27:13). Исо чизе ҷавоб намедиҳад ва оромона таънаву маломати душманонашро гӯш мекунад. Чунин рафтори Исо Пилотусро ба ҳайрат меорад.

Яҳудиён гуфтанд, ки Исо корашро аз Ҷалил сар кард. Дар асоси ин Пилотус хулоса мебарорад, ки Исо ҷалилӣ аст. Ӯ дар фикри он аст, ки чӣ тавр худро аз ҷавобгарӣ халос кунад. Ҳокими вилояти Ҷалил Ҳиродуси Антипас (писари Ҳиродуси Бузург) аст ва ҳоло ба муносибати иди Раҳоӣ ӯ дар Ерусалим мебошад. Барои ҳамин Пилотус Исоро ба назди ӯ мефиристад. Чанде пеш Ҳиродус сари Яҳё-пайғамбарро аз тан ҷудо карда буд. Баъдтар, вақте ӯ шунид, ки Исо мӯъҷизаҳо ба амал меорад, хавотир шуд, ки боз Исо ҳамон Яҳё набошад, ки зинда шудааст (Луқо 9:7–9).

Ҳиродус аз дидани Исо хурсанд мешавад. Лекин на барои он ки ба ӯ кӯмак кунад ё аниқ кунад, ки айбдоркуниҳо бар зидди ӯ асосноканд ё не. Мақсади ӯ фақат ин аст, ки Исоро бинад ва ӯ умед дорад, ки «Исо ягон мӯъҷиза нишон медиҳад» (Луқо 23:8). Исо кунҷкобии ӯро қонеъ намекунад. Беш аз ин, Исо ба пурсуҷӯйи Ҳиродус чизе ҷавоб намедиҳад. Он гоҳ Ҳиродус ва сарбозонаш Исоро паст задан мегиранд (Луқо 23:11). Ба ӯ либоси қиматбаҳо пӯшонида мазоҳу масхара мекунанд. Баъд Ҳиродус Исоро боз ба назди Пилотус мефиристад. Ҳарчанд пеш аз ин Ҳиродусу Пилотус ба якдигар душман буданд, ҳоло онҳо дӯст мешаванд.

Вақте Исоро боз назди Пилотус меоранд, ӯ коҳинони калон, ҳокимони яҳудӣ ва мардумро даъват мекунад ва мегӯяд: «Шумо ин одамро ба назди ман оварда, дар он айбдор кардед, ки ӯ халқро ба шӯриш бармеангезад. Аммо ман ӯро дар пеши назари шумо тафтиш кардам ва аз он айбҳое, ки ба гардани ӯ гузоштед, чизе наёфтам. Ҳиродус низ дар ӯ айбе наёфт, чунки ӯро ба назди мо баргардонид. Инак, ин шахс ягон кори сазовори марг накардааст. Бинобар ин ман ӯро ҷазо дода, озод мекунам» (Луқо 23:14–16).

Пилотус сахт мехоҳад Исоро озод кунад, чунки медонад, ки яҳудиён ӯро аз рашку ҳасад ба дасти ӯ супурдаанд. Ҳамзамон ӯ барои озод кардани Исо боз як сабаб пайдо мекунад. Дар он вақте ки ӯ дар курсии доварӣ менишаст, занаш одам фиристода, мегӯяд: «Ба ин шахси росткор зараре нарасон, зеро имшаб дар хоб [аз афташ, хоб аз тарафи Худо] аз барои ӯ бисёр азоб кашидам» (Матто 27:19).

Чӣ тавр Пилотус Исои бегуноҳро озод карданист?