Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 130

Исоро ба куштан мебаранд

Исоро ба куштан мебаранд

МАТТО 27:31, 32 МАРҚӮС 15:20, 21 ЛУҚО 23:24–31 ЮҲАННО 19:6–17

  • ПИЛОТУС ТАЛОШ МЕКУНАД, КИ ИСОРО ХАЛОС КУНАД

  • ИСОРО БА МАРГ МАҲКУМ МЕКУНАНД

Исоро бераҳмона мазоҳу масхара мекунанд, лекин дар дили коҳинони калон ва тарафдоронашон нисбати ӯ як зарра ҳам раҳму шафқат бедор намешавад. Ҳамин тавр кӯшишҳои Пилотус бенатиҷа мемонанд. Душманони Исо ташнаи онанд, ки ӯ кушта шавад, барои ҳамин фарёд мезананд: «Ба қатл расон ӯро! Ба қатл расон ӯро!» Пилотус мегӯяд: «Худатон ӯро ба қатл расонед, чунки ман дар ӯ ягон айбе наёфтам» (Юҳанно 19:6).

Яҳудиён сахт мехостанд, ки Исоро дар корҳои сиёсӣ айбдор кунанд, лекин натавонистанд. Акнун онҳо мехоҳанд ӯро дар вайрон кардани қонунҳои динӣ айбдор кунанд. Чанде пеш, дар муҳокимаи Суди олии яҳудиён, ӯро дар куфргӯйӣ айбдор карда буданд. Онҳо мегӯянд: «Ин мард худро писари Худо меномад ва мувофиқи шариати мо барои ин суханонаш бояд кушта шавад» (Юҳанно 19:7). Ин гап барои Пилотус нав аст.

Пилотус боз ба қаср бармегардад. Ӯ кӯшиш мекунад барои озод кардани марде, ки ба муносибати бераҳмона тоб овард ва занаш дар бораи ӯ хоб дида буд, илоҷе ёбад (Матто 27:19). Ҳоло бошад, яҳудиён Исоро айбдор мекунанд, ки ӯ худро «писари Худо» меномад. Пилотус медонад, ки Исо аз Ҷалил аст (Луқо 23:5–7). Ба ҳар ҳол ӯ аз Исо мепурсад: «Ту аз куҷоӣ?» (Юҳанно 19:9). Эҳтимол, Пилотус фаҳмидан мехоҳад, ки Исо пеш аз ин дар куҷо зиндагӣ мекард ва оё ӯ аз осмон омадааст.

Исо пеш аз ин ба Пилотус гуфта буд, ки ӯ подшоҳ аст ва подшоҳии ӯ аз ин ҷаҳон нест. Ӯ лозим намешуморад, ки боз дар ин бора гап занад. Хомӯшии Исо ба иззати нафси Пилотус мерасад ва ӯ бо қаҳр мегӯяд: «Бо ман гап задан намехоҳӣ?! Магар намедонӣ, ки озод кардан ва ба қатл расондани ту дар ихтиёри ман аст?» (Юҳанно 19:10).

Исо мегӯяд: «Агар ин ба ту аз боло дода намешуд, ман дар ихтиёри ту намебудам. Барои ҳамин касе, ки маро ба дасти ту супорид, гуноҳи зиёдтар кардааст» (Юҳанно 19:11). Ин ҷо Исо ягон одами аниқро дар назар надорад. Ӯ гуфтан мехоҳад, ки Қаёфо, тарафдоронаш ва Яҳудои Исқарют назар ба Пилотус бештар айбдоранд.

Рафтору гуфтори Исо ба Пилотус чунон таъсир мекунад, ки ӯ боз кӯшиш мекунад ӯро озод кунад. Ҳамзамон Пилотус дарк мекунад, ки Исо одами одӣ нест ва аз осмон омадааст. Яҳудиён бошанд, шояд, аз чизе, ки ӯ тарс дорад, истифода бурда мегӯянд: «Агар ин мардро озод кунӣ, дӯсти қайсар нестӣ. Ҳар касе, ки худро подшоҳ меномад, бар зидди қайсар мебарояд» (Юҳанно 19:12).

Ҳоким Исоро боз берун мебарорад ва ба курсии доварӣ нишаста ба мардум мегӯяд: «Инак, подшоҳи шумо!» Мардум фарёд мезананд: «Нест кун ӯро! Нест кун! Ба қатл расон ӯро!» Пилотус мепурсад: «Оё подшоҳи шуморо ба қатл расонам?!» Яҳудиён аз зулму ситами ҳокимияти Рум ба дод омадаанд, лекин коҳинони калон бешармона мегӯянд: «Мо ғайр аз қайсар подшоҳе надорем» (Юҳанно 19:14, 15).

Оқибат Пилотус буздилона амал мекунад ва ба фишори яҳудиён тан медиҳад. Сарбозон матои бунафшрангро аз тани Исо кашида, либоси худашро мепӯшонанд ва ӯро маҷбур мекунанд, ки сутуни азобу шиканҷаашро бардорад. Онҳо ӯро ба ҷойи қатл мебаранд.

Ҳоло саҳарии 14-уми нисон аст. Аз рӯзи гузашта то имрӯз чашми Исо хобро надидааст: дарду азоби ҷонкоҳе, ки аз сар гузаронд, ӯро беҳолу бемадор кардаанд, барои ҳамин ӯ сутунро бардошта наметавонад. Сарбозон Шимъӯн ном роҳгузареро, ки аз Қурини Африқо аст, маҷбур мекунанд, ки сутуни азобу шиканҷаи Исоро бардорад. Мардуми бисёре аз паси ӯ меоянд ва аз ғаму ғусса ба синаашон мезананд ва гиряву нола мекунанд.

Исо ба заноне, ки ғаму ғусса мехӯранд, чунин мегӯяд: «Эй духтарони Ерусалим, барои ман гиря накунед, балки барои худ ва фарзандони худ гиря кунед, зеро рӯзҳое фаро мерасанд, ки мардум мегӯянд: “Хушбахтанд занони нозой, онҳое, ки таваллуд накардаанд ва шир надодаанд!” Он вақт онҳо ба кӯҳҳо мегӯянд: “Бар мо биафтед!” ва ба теппаҳо: “Моро пӯшонед!” Агар онҳо дар вақти сабз будани дарахт чунин кунанд, пас, ҳангоми хушк шудани он чӣ рӯй медода бошад?» (Луқо 23:28–31).

Ин ҷо Исо дар бораи яҳудиён гап мезанад. Ин халқ ба дарахте монанд аст, ки хушк шуда истодааст. Лекин Исо ва шахсоне, ки ба ӯ имон доранд, ҳоло дар байни яҳудиёнанд, барои ҳамин он ҳоло ҳам сабз аст. Вақте онҳо намешаванд, халқ мисли он дарахт хушк мешавад, яъне аз ҷиҳати рӯҳонӣ мемурад. Оқибат Яҳува ба воситаи лашкари Рум яҳудиёнро ҷазо медиҳад. Он гоҳ халқ ба ҳоли худ гиря мекунад.