Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 131

Исоро дар сутун азоб медиҳанд

Исоро дар сутун азоб медиҳанд

МАТТО 27:33–44; МАРҚӮС 15:22–32; ЛУҚО 23:32–43; ЮҲАННО 19:17–24

  • ИСОРО МЕХКӮБ МЕКУНАНД

  • «ПОДШОҲИ ЯҲУДИЁН»

  • ИСО БА ҶИНОЯТКОР УМЕД МЕБАХШАД

Исоро аз шаҳр каме дуртар мебароранд, то ҳамроҳи ду ҷинояткор ба қатл расонанд. Он ҷой Ҷолҷолто ё худ Косахонаи Сар ном дорад ва аз дур намоён аст (Марқӯс 15:40).

Се марди ба марг маҳкумшударо оварда, либосҳояшонро мекашанд ва ба онҳо шароби бо заҳра ва мур омехтаро медиҳанд. Аз афташ, ин нӯшокиро занони Ерусалим тайёр мекарданд. Агар шахсе, ки ба марг маҳкум шудааст, аз он менӯшид, тамоми ҳиссиёташ кунд мешуд ва дардро кам ҳис мекард. Сарбозони румӣ ҳам зид набуданд, ки ин нӯшокӣ ба ҷинояткорон дода шавад. Аммо Исо онро чашида, мефаҳмад, ки чист ва наменӯшад. Чаро? Чунки ӯ намехоҳад ҳиссиёташ кунд ва ақлаш тира бошад, балки мехоҳад вақти озмоиши асосӣ бо ақли равшан то дами марг ба Худо содиқ бимонад.

Исоро ба сутун мехобонанд (Марқӯс 15:25). Сарбозон ба дасту пойҳои Исо мех мезананд ва мехҳо ба рагу пайвандҳои ӯ медароянд. Тасаввур кунед, ки дарди ӯ чӣ қадар сахт аст! Аммо вақте он сутунро рост мекунанду бори вазни Исо бар ҷароҳатҳояш мезанад, дарди даҳшатноки ӯ боз ҳам бештар тоқатфарсо мешавад. Бо ин ҳол Исо ба сарбозон як сухани бад ҳам намегӯяд. Баръакс, ӯ аз Худо илтиҷо мекунад: «Падар, онҳоро бубахш, зеро намедонанд, ки чӣ кор карда истодаанд» (Луқо 23:34).

Румиён одатан дар болои сари ҷинояткорони мехкӯбшуда лавҳае мечаспонанд, ки дар он ҷинояти шахс навишта шудааст. Аммо сарбозон мувофиқи фармони Пилотус ба болои сари Исо чунин лавҳаеро меовезанд: «Исои носирӣ — Подшоҳи яҳудиён». Ин ба забони ибронӣ, лотинӣ ва юнонӣ навишта шудааст, барои ҳамин аксари одамон онро хонда фаҳмида метавонанд. Пилотус бо ин кораш нафрати худро ба яҳудиёне нишон медиҳад, ки боиси марги Исо шуданд. Коҳинони калон ба ин норозигӣ баён карда мегӯянд: «“Подшоҳи яҳудиён” нанавис, балки “Ман Подшоҳи яҳудиён ҳастам” навис, зеро ӯ ҳамин тавр мегуфт». Аммо Пилотус намехоҳад, ки ин дафъа ҳам бозичаи дасти онҳо шавад, барои ҳамин чунин ҷавоб медиҳад: «Чизе навиштам, навиштам» (Юҳанно 19:19–22).

Коҳинон ба ғазаб омада, он дурӯғу таънаҳоеро, ки дар Суди олӣ садо дода буданд, такрор мекунанд. Ин ба дигарон ҳам таъсир мекунад. Баъзе роҳгузарон сарашонро ҷунбонда ба Исо суханони таҳқиромез мегӯянд: «Эй, ту, ки мехостӣ маъбадро вайрон карда, дар давоми се рӯз онро аз нав созӣ, канӣ худатро наҷот деҳ ва аз сутуни азобу шиканҷа фаро». Ҳамчунин коҳинони калон ва шариатдонон ӯро мазоҳу масхара карда ба якдигар мегӯянд: «Бигзор Масеҳ — Подшоҳи Исроил, акнун аз сутуни азобу шиканҷа фарояд, то мо инро дида ба вай имон орем» (Марқӯс 15:29–32). Ҳатто ду роҳзане, ки аз тарафи рост ва чапи ӯ мехкӯб шудаанд, ӯро, ки дар он ҷо ягона шахси бегуноҳ аст, дашном медиҳанд.

Чор сарбози румӣ ҳам Исоро масхара мекунанд. Онҳо, аз афташ, шароб нӯшидаанд ва акнун ба Исо каме шароб дароз мекунанд, аммо медонанд, ки Исо хам шуда онро нӯшида наметавонад. Румиён Исоро таъна мезананд ва ба он лавҳаи болои сари ӯ ишора карда мегӯянд: «Агар Подшоҳи яҳудиён бошӣ, худатро наҷот деҳ» (Луқо 23:36, 37). Танҳо фикр кунед! Ҳамон шахсеро, ки роҳ, ростӣ ва ҳаёт мебошад, бесабабу ноҳақ масхара мекунанд ва паст мезананд. Лекин ӯ ба ҳамаи он бо сари баланд тоб меорад ва ба ҳеҷ яке аз онҳое, ки ӯро мазоҳ мекунанд, сухани баде намегӯяд: на ба сарбозони румӣ, на ба яҳудиён ва на ба роҳзаноне, ки ҳамроҳаш мехкӯб шудаанд.

Чор сарбоз либосҳои Исоро гирифта ба чор қисм тақсим мекунанд. Баъд онҳо қуръа мепартоянд, то муайян кунанд, ки кадом қисмаш ба кӣ мерасад. Аммо куртаи Исо босифату қиматбаҳост. Он дарз надорад ва «аз боло то поён бофта» шудааст. Барои ҳамин сарбозон ба якдигар мегӯянд: «Биёед онро надарронем, балки қуръа партофта, бинем, ки он ба кӣ мерасад». Ҳамин тавр пешгӯйии зерини Навиштаҳои Муқаддас иҷро мегардад: «Онҳо либосҳои маро байни худ тақсим карданд ва барои куртаам қуръа партофтанд» (Юҳанно 19:23, 24; Забур 21:19).

Каме пас яке аз роҳзанон дарк мекунад, ки Исо дар ҳақиқат подшоҳ аст. Ӯ ҳамроҳашро, ки Исоро таҳқир мекунад, сарзаниш намуда ба вай мегӯяд: «Наход тамоман аз Худо натарсӣ? Охир, худат низ ҳамин хел ҷазоро гирифтаӣ. Мо мувофиқи кирдорамон, аз рӯйи адолат ҷазо гирифтаем, лекин ин мард ҳеҷ кори нодурусте накардааст». Баъд аз ин ӯ аз Исо илтимос мекунад: «Эй Исо, вақте ба Подшоҳии худ мерасӣ, маро ба хотир ор» (Луқо 23:40–42).

Исо ба ӯ мегӯяд: «Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям, ки бо ман дар Биҳишт хоҳӣ буд» (Луқо 23:43). Ваъдаи Исо ба ин ҷинояткор аз ваъдаи ӯ ба расулонаш фарқ мекунад. Ӯ ба расулонаш ваъда дода буд, ки онҳо ҳамроҳаш бар тахтҳо нишаста, дар Подшоҳӣ ҳукмронӣ мекунанд, аммо ба ин мард биҳиштро ваъда медиҳад (Матто 19:28; Луқо 22:29, 30). Ин ҷинояткори яҳудӣ, эҳтимол, медонад, ки Худо дар аввал барои Одаму Ҳавво биҳишт тайёр карда буд ва мехост, ки онҳо бо насли худ дар он ҷо зиндагӣ кунанд. Акнун ин роҳзан метавонад бо як умеде ба оянда дар дил бимирад.