Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 132

«Дар ҳақиқат, ин мард одами росткор буд»

«Дар ҳақиқат, ин мард одами росткор буд»

МАТТО 27:45–56 МАРҚӮС 15:33–41 ЛУҚО 23:44–49 ЮҲАННО 19:25–30

  • ИСО ДАР СУТУН МЕМИРАД

  • ВОҚЕАҲОИ ҒАЙРИОДӢ ҲАНГОМИ МАРГИ ИСО

Ҳоло «соатҳои дувоздаҳи рӯз» аст. «Тамоми заминро» торикии аҷоибе фаро мегирад ва он то «соатҳои се» давом мекунад (Марқӯс 15:33). Сабаби ин торикии зулмот гирифтани офтоб нест. Гирифтани офтоб ҳодисаи табиист, ки вақти моҳи нав рӯй медиҳад. Аммо ҳозир вақти иди Раҳоист ва моҳ пурра аст. Ғайр аз ин, гирифтани офтоб якчанд дақиқа давом мекунад, аммо ҳозир торикӣ қариб муддати се соат тӯл мекашад. Пас, маълум аст, ки ин ҳодисаи ғайриодӣ кори Худост. Танҳо тасаввур кунед, ки ин воқеа ба онҳое, ки Исоро масхара мекарданд, чӣ тавр таъсир мекунад!

Дар ин торикӣ чор зан пеши сутуне меоянд, ки Исо дар он овезон аст. Ин чор нафар модари Исо, Марями Маҷдалия, Салӯмит ва Марями модари Яъқуби расул (Яъқуби Майдаяк) мебошанд.

Юҳаннои расул ҳамроҳи модари мотамзадаи Исо «дар назди сутуни» ӯ истодааст. Марям мебинад, ки фарзанди ҷигарбандаш, ки ӯро ба дунё оварда, бо меҳру шафқат ба воя расондааст, ин қадар азобу машаққат мекашад. Ин мисли он аст, ки ба дилаш «шамшер зада бошанд» (Юҳанно 19:25; Луқо 2:35). Исо ба дарди ҷонкоҳ нигоҳ накарда ғами модарашро мехӯрад. Ӯ базӯр бо сараш ба Юҳанно ишора карда, ба модараш мегӯяд: «Ин писари туст!» Сипас ба модараш ишора намуда, ба Юҳанно мегӯяд: «Ин модари туст!» (Юҳанно 19:26, 27).

Ҳоло, аз афташ, модари Исо бевазан аст ва Исо парастории модарашро ба шогирди дӯстдоштааш месупорад. Исо медонад, ки бародарони худаш, яъне дигар фарзандони Марям, ҳанӯз ба ӯ имон наовардаанд, барои ҳамин ӯ ҳам ғами ниёзҳои ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳонии модарашро мехӯрад. Чӣ намунаи хубе!

Тахминан вақти ба охир расидани торикӣ Исо мегӯяд: «Ман ташнаам». Бо ин суханонаш ӯ пешгӯйии Китоби Муқаддасро иҷро мекунад (Юҳанно 19:28; Забур 21:16). Сипас Исо бо овози баланд ва, шояд, бо лаҳҷаи ҷалилии забони арамӣ фарёд мезанад: «Элӣ, Элӣ, лама сабақтанӣ?», ки чунин маъно дорад: «Худои ман, Худои ман, барои чӣ маро тарк кардӣ?» Барои чӣ Исо чунин мегӯяд? Ӯ ҳис мекунад, ки Худо ҳимояашро аз ӯ гирифтааст, то вафодорияш ба пуррагӣ озмуда шавад. Баъзеҳо суханони ӯро нодуруст фаҳмида мегӯянд: «Бинед, ӯ Илёс-пайғамбарро ҷеғ мезанад». Яке аз онҳо давида, исфанҷро ба шароби туруш тар мекунад ва онро ба қамише мехалонаду барои нӯшидан ба Исо медиҳад. Дигарон бошанд, мегӯянд: «Ӯро ба ҳолаш монед! Канӣ бинем, оё Илёс омада, ӯро аз сутун мефарорад ё не» (Марқӯс 15:34–36).

Баъд Исо бо овози баланд мегӯяд: «Иҷро шуд!» (Юҳанно 19:30). Бале, Исо ҳар он чиро ки Падараш ҳангоми ба замин фиристоданаш фармуда буд, иҷро намуд. Дар охир Исо мегӯяд: «Эй Падар, ҳаёти худро ба дасти Ту месупорам» (Луқо 23:46). Ҳамин тавр Исо нишон медиҳад, ки ба Яҳува Худо такя мекунад ва умед дорад, ки Падараш ӯро зинда мекунад. Ин суханонро гуфта, Исо сарашро хам мекунад ва мемирад.

Он вақт заминҷунбии сахте рӯй медиҳаду харсангҳоро пора мекунад. Аз шиддати он қабрҳое, ки берун аз Ерусалим ҷойгиранд, кушода мешаванд ва ҷасадҳои одамон берун партофта мешаванд. Роҳгузарон инро дида, ба «шаҳри муқаддас» медароянд ва он чиро, ки дидаанд, нақл мекунанд (Матто 12:11; 27:51–53).

Вақте Исо мемирад, пардаи маъбад, ки Ҷойи муқаддасро аз Ҷойи муқаддастарин ҷудо мекард, аз боло то поён дарида ду тақсим мешавад. Ин ҳодисаи аҷоиб гувоҳи он мебошад, ки Худо аз касоне, ки Писарашро куштанд, дарғазаб аст. Он ҳамчунин нишон медиҳад, ки акнун роҳ ба Ҷойи муқаддастарин, яъне ба осмон, кушода аст (Ибриён 9:2, 3; 10:19, 20).

Мардум аз дидани ин ба тарсу ҳарос меоянд. Мирисад, ки қатли Исоро сардорӣ мекард, мегӯяд: «Ҳақиқатан ҳам ин одам Писари Худо будааст» (Марқӯс 15:39). Шояд, ӯ ҳангоми муҳокимаи он ки оё Исо Писари Худо аст ё не, дар назди Пилотус буд. Ҳозир ӯ боварӣ дорад, ки Исо шахси росткор ва Писари Худо аст.

Баъзеи дигар ин воқеаҳои ғайриодиро дида аз ғаму андӯҳ ва шармандагӣ «ба синаи худ зада» ба хонаҳояшон бармегарданд (Луқо 23:48). Дар байни одамон баъзе занони дигар, ки шогирдони Исо буданд, ҳузур доранд. Он занон дар баъзе сафарҳо Исоро ҳамроҳӣ мекарданд. Ҳамаи ин воқеаҳои аҷоиб ба онҳо низ сахт таъсир мекунад.