Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 5

Хизмати Исо дар тарафи шарқии Урдун

«Бисёриҳо... ба ӯ имон оварданд» (Юҳанно 10:42).

Хизмати Исо дар тарафи шарқии Урдун

ДАР ИН ҚИСМ

БОБИ 82

Хизмати Исо дар Перея

Исо ба шунавандагонаш мефаҳмонад, ки барои наҷот ёфтан чӣ кор кардан лозим. Маслиҳатҳои ӯ дар замоне ки дода буд, муҳим буданд. Имрӯз чӣ?

БОБИ 83

Таклиф ба меҳмонӣ

Дар меҳмонии фарисӣ Исо ба ҳозирон мисоли зиёфати калонро нақл мекунад. Аз суханони ӯ ҳама хизматгорони Худо дарс гирифта метавонанд. Кадом дарсро?

БОБИ 84

Шогирди Исо будан чӣ маъно дорад?

Шогирди Исо будан масъулияти ҷиддӣ мебошад. Исо мефаҳмонад, ки ин чиро дар бар мегирад. Суханони Исоро шунида баъзе касоне ки ӯро пайравӣ кардан мехостанд, ҳайрон мешаванд.

БОБИ 85

Шодиву хурсандӣ барои гунаҳкори тавбакарда

Шариатдонон ва фарисиён Исоро барои бо одамони одӣ вақт гузарондан ҳукм менамоянд. Дар ҷавоб, Исо ба онҳо дар бораи муносибати Худо ба шахсони гунаҳкор гап мезанад.

БОБИ 86

Мисол дар бораи писари гумшуда

Аз мисол оиди писари саркаш мо чӣ дарс гирифта метавонем?

БОБИ 87

Мо бояд дурандеш ва зирак бошем

Исо дар бораи идоракунандаи беинсофе, ки дар кори худ ҳушёру зирак аст нақл карда ба шунавандагонаш дарси муҳимеро таълим медиҳад.

БОБИ 88

Марди бой ва Лаъзор

Барои ба мисоли Исо сарфаҳм рафтан фаҳмидан лозим аст, ки ду касеро ки ӯ дар мисолаш овард, кистанд.

БОБИ 89

Исо дар роҳ ба Яҳудия таълим медиҳад

Исо дар бораи хислате гап мезанад, ки барои бахшидани касоне, ки моро гаштаву баргашта хафа мекунанд, ёрӣ медиҳад.

БОБИ 90

Исо «эҳёшавӣ ва ҳаёт» аст

Вақте Исо гуфт, ки шахсе ки ба ӯ имон меорад, «ҳаргиз намемирад» ӯ чиро дар назар дошт?

БОБИ 91

Лаъзор зинда мешавад

Барои чӣ ҳатто душманони Исо маҷбур мешаванд, ки ин мӯъҷизаро тан гиранд?

БОБИ 92

Фақат як махавӣ миннатдорӣ баён мекунад

Марде ки шифо меёбад, ба ғайр аз Исо боз ба як шахси дигар миннатдорӣ баён мекунад. Ба кӣ?

БОБИ 93

Писари одам ошкор мешавад

Ба кадом маъно ҳузури Масеҳ дар оянда мисли дурахши барқ хоҳад буд?

БОБИ 94

Дуо ва фурӯтанӣ муҳиманд

Мисоли довари беинсоф ва бевазанро оварда, Исо муҳим будани як хислатро қайд мекунад.

БОБИ 95

Исо дар бораи талоқ таълим медиҳад

Чаро муносибати Исо ба кӯдакон аз шогирдонаш фарқ мекунад?

БОБИ 96

Сӯҳбати Исо бо ҷавони ҳокимиятдор ва бой

Чаро Исо мегӯяд, ки аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст, назар ба он ки одами бой ба Подшоҳии Худо дарояд?

БОБИ 97

Мисол дар бораи мардикорони токзор

Чӣ тавр онҳое, ки аввалинанд, охирин мешаванд ва онҳое, ки охиринанд, аввалин мешаванд?

БОБИ 98

Расулон боз мансабталошӣ мекунанд

Яъқуб ва Юҳанно мехоҳанд, ки дар Подшоҳии осмон ҷои махсусро ишғол кунанд. Вале на танҳо онҳо ин гуна хоҳиш доранд.

БОБИ 99

Исо ду кӯрро шифо мебахшад ва ба Заккай ёрӣ медиҳад

Барои чӣ гуфтани он ки Исо кӯрро дар наздикиҳои шаҳри Ериҳӯ бино кард, нодуруст нест?

БОБИ 100

Мисол дар бораи ҳазор тангаи нуқра

Чаро Исо гуфт, ки «ҳар касе дорад, ба вай боз ҳам бештар дода мешавад, вале ҳар касе надорад, аз ӯ ҳатто он чизе, ки дорад, гирифта мешавад»?