Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Худо дар бораи мо чӣ ният дорад?

Худо дар бораи мо чӣ ният дорад?

БАРОИ фаҳмидани хабарҳои нохуш дур рафтан даркор нест. Ин хабарҳоро мо аз газета, телевизор ва радио мефаҳмем. Дунё пур аз ҷангу ҷиноят ва терроризм аст! Ғайр аз ин «зоғе бе доғе нест», ҳар яки мо ғаму ташвиши худро дорад. Баъзеҳо аз касалии сахт азоб мекашад, дигарон аз марги шахси наздик.

Фикр кунед:

  • Оё Худо мехоҳад, ки ману оилаам азоб кашем?

  • Чӣ тавр ғаму ташвишҳоямонро паси сар кунем?

  • Оё ягон вақт дар дунё сулҳу амонӣ пойдор мешавад?

Ҷавоби ин саволҳо дар Китоби Муқаддас мебошанд.

КИТОБИ МУҚАДДАС ПЕШГӮӢ МЕКУНАД, КИ ХУДО ДАР ОЯНДА КОРҲОИ АҶОИБ МЕКУНАД

ҶАВОБРО АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС ҶӮЕД

Саросемавор хулоса набароред, ки ин чизҳо афсона ё фикру хаёли хоманд. Ин ваъдаҳои худи Худоянд ва Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки чӣ тавр Ӯ онҳоро иҷро мекунад.

Ҳамчунин дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки чӣ тавр мо худи ҳозир хушбахт буда метавонем. Мумкин шумо аз ягон касалӣ, аз душвории пулӣ, оилавӣ ё аз марги шахси наздикатон азоб мекашед. Бо ёрии Китоби Муқаддас шумо ба ин душвориҳо тоб оварда метавонед. Аз он шумо ба саволҳои бисёр, аз он ҷумла ба саволҳои зерин ҷавоб меёбед:

Он ки шумо ин китобро хонда истодаед, нишон медиҳад, ки шумо бо таълимоти Китоби Муқаддас шинос шудан мехоҳед. Ин китоб ба шумо кӯмак мекунад. Дар ин китоб ба воситаи саволҳое, ки ҷавобашонро аз сархат ёфтан мумкин аст, таълимоти Китоби Муқаддас ба таври сода фаҳмонда шудааст. Ба миллионҳо одамоне, ки ба воситаи ин китоб Китоби Муқаддасро омӯхтанд, ин тарзи таълимгирӣ маъқул шуд. Мо умед дорем, ки ба шумо ҳам маъқул мешавад. Бигзор Худо кӯшишҳои шуморо дар ин кор баракат диҳад!