Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ҲАШТ

Подшоҳии Худо чист?

Подшоҳии Худо чист?

1. Кадом дуоро мо дида мебароем?

БОРЕ Исо ба шогирдонаш дуо гуфтанро ёд дода буд. Ин дуоро дуои намунавӣ меноманд. Биёед ин дуоро дида мебароем ва мефаҳмем, ки барои чӣ мо бояд ба он диққат диҳем.

2. Исо ба кадом се чизи муҳим диққат дод?

2 Исо гуфт: «Ба ин мазмун дуо гӯед: “Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! исми Ту муқаддас бод; Малакут [Подшоҳӣ]-и Ту биёяд; ирода [хост]-и Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд”». (Матто 6:9–13-ро хонед.) Барои чӣ Исо мехост, ки мо дар дуоҳоямон ин се чизро пурсем? (Нигаред ба Мавзӯи 19.)

3. Мо бояд дар бораи Подшоҳии Худо чиро донем?

3 Мо аллакай бо номи Худо шинос шудем. Ҳамчунин мо фаҳмидем, ки Яҳува дар бораи одамизоду замин чӣ мақсад дорад. Вақте Исо ба Худо гуфт, ки «Малакути Ту биёяд», ӯ чиро дар назар дошт? Биёед фаҳмем, ки Подшоҳии Худо чист, чӣ кор мекунад ва чӣ тавр номи Худоро пок месозад.

ПОДШОҲИИ ХУДО ЧИСТ?

4. Подшоҳии Худо чист ва Подшоҳи он кист?

4 Яҳува дар осмон ҳукумате ташкил кард ва Исоро Подшоҳи он интихоб кард. Каломи Худо онро Малакут, яъне Подшоҳии Худо меномад. Китоби Муқаддас дар бораи Исо чунин мегӯяд: «Ӯст подшоҳи подшоҳон ва сарвари сарварон» (1 Тимотиюс 6:15, ТҶФ). Он корҳоеро, ки Исо барои одамон карда метавонад, аз дасти ягон ҳоким намеояд. Исо аз ҳар гуна ҳокимон пурзӯртар аст. Ҳатто агар ҳама ҳокимони дунёро ҷамъ кунем ҳам, ба Исо баробар намешаванд.

5. Подшоҳии Худо дар куҷо аст? Он бар чӣ ҳукмронӣ мекунад?

5 Баъди чил рӯзи зиндашавиаш Исо боз ба осмон рафт. Якчанд вақт пас Яҳува ӯро дар Подшоҳиаш Подшоҳ таъйин кард (Аъмол 2:33). Подшоҳии Худо аз осмон бар замин ҳукмронӣ мекунад (Ваҳй 11:15). Ана барои чӣ ин Подшоҳӣ ҳамчунин осмонӣ номида мешавад (2 Тимотиюс 4:18).

6, 7. Барои чӣ Исо аз ҳар гуна ҳоким беҳтар аст?

6 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Исо аз ҳар гуна ҳокимон фарқ мекунад, чунки ӯ «дигар намемирад» (Румиён 6:9). Ҳама ҳокимони заминӣ як рӯз не, як рӯз мемуранд. Ҳама корҳое, ки Исо барои одамон мекунад, ба онҳо то абад фоида меорад.

7 Пешгӯии Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Исо Подшоҳи боинсоф ва дилсӯзу ҳамдард мешавад: «Бар Ӯ Рӯҳи Худованд, рӯҳи ҳикмат ва хирад, рӯҳи машварат ва қудрат, рӯҳи шинохтани Худованд ва тарси Ӯ қарор хоҳад гирифт. Ва рӯҳи худотарсӣ Ӯро пур хоҳад кард, ва Ӯ на бар тибқи нигоҳи чашмонаш доварӣ хоҳад намуд, ва на аз рӯйи шуниди гӯшҳояш ҳукм [ё насиҳат] хоҳад кард, балки мискинонро бо адолат доварӣ хоҳад кард» (Ишаъё 11:2–4). Оё мехоҳед, ки подшоҳи шумо ҳамин хел бошад?

8. Мо аз куҷо медонем, ки Исо танҳо ҳукмронӣ намекунад?

8 Худо баъзе одамонро интихоб кард, то ҳамроҳи Исо дар осмон ҳукмронӣ кунанд. Дар ин бора Павлуси расул ба Тимотиюс навишт: «Агар тоқат оварем, бо Ӯ салтанат ҳам хоҳем ронд» (2 Тимотиюс 2:12). Ҳамроҳи Исо чанд нафар ҳукмронӣ мекунанд?

9. Ҳамроҳи Исо чанд нафар подшоҳӣ мекунанд? Ҷамъоварии онҳо кай сар шуд?

9 Чи хеле ки аз боби 7-уми ин китоб фаҳмидем, ҳамроҳи Исо 144 000 нафар подшоҳон ҳукмронӣ мекунанд. Ин подшоҳон кистанд? Юҳаннои расул дар рӯъё Исоро ҳамроҳи ин подшоҳон дид, ки «бар пешониҳошон исми Падари Ӯ навишта шудааст». (Ваҳй 14:1-ро хонед.) Ӯ боз мегӯяд: «Инҳо касоне ҳастанд, ки ҳар куҷо Барра [Исо] равад, аз ақибаш мераванд. Онҳо аз миёни одамон, ҳамчун навбарони Худо ва Барра харида шудаанд» (Ваҳй 14:4) Худо 144 000 масеҳиёни содиқу бовафоро интихоб кард, то ҳамроҳи Исо «бар замин» ҳукмронӣ кунанд. Вақте онҳо мемуранд, Худо онҳоро барои ҳаёти осмонӣ зинда мекунад (Ваҳй 5:10). Ҷамъоварии ин гурӯҳ аз асри як сар шуд.

10. Чӣ тавр дар он ки Исо ҳамроҳи 144 000 нафар ҳукмронӣ мекунад, муҳаббати Яҳува дида мешавад?

10 Яҳува ғами моро мехӯрад, барои ҳамин Ӯ аз замин одамонро интихоб кард, то ҳамроҳи Исо ҳукмронӣ кунанд. Исо ҳокими хуб мешавад, чунки ӯ ғаму дарди одамонро мефаҳмад. Павлуси расул гуфт, ки Исо моро хуб мефаҳмад ва ӯ «монанди мо, дар ҳама чиз» озмуда шуда буд (Ибриён 4:15; 5:8). Ҳамаи 144 000 нафар медонанд, ки бо камбудиҳо мубориза бурдан чӣ қадар душвор аст. Онҳо ҳам касал мешуданд. Барои ҳамин мо метавонем дилпур бошем, ки Исо ва ҳамроҳонаш дарду азоби моро хуб мефаҳманд.

ПОДШОҲИИ ХУДО ДАР ОЯНДА ЧӢ КОР МЕКУНАД?

11. Оё ҳама фариштаҳо дар осмон доимо хости Худоро иҷро мекарданд?

11 Исо шогирдонашро таълим дод, то дуо гӯянд, ки хости Худо дар замин чун дар осмон иҷро шавад. Лекин як замон дар осмон ҳама офаридаҳои Худо хости Ӯро иҷро намекарданд. Мо аз боби 3-юми ин китоб фаҳмидем, ки вақте Шайтон Иблис бар зидди Яҳува баромад, Худо дарҳол вай ва дигар фариштагони бадро, ки девҳо номида мешаванд, аз осмон пеш накард. Онҳо як вақти муайян дар осмон монданд. Барои ҳамин гуфтан мумкин набуд, ки ҳама офаридаҳои осмонӣ хости Худоро иҷро мекунанд. Аз боби 10-уми ин китоб мо дар бораи Шайтону девҳояш бисёртар мефаҳмем.

12. Дар Ваҳй 12:10 дар бораи кадом рӯйдодҳои муҳим гуфта шудааст?

12 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки каме пас аз он ки Исо Подшоҳи Подшоҳии Худо шуд, ӯ бо Шайтон ҷанг кард. (Ваҳй 12:7–10-ро хонед.) Дар ояти 10 дар бораи ду рӯйдоди муҳим гуфта шудааст. Якум, Подшоҳии Худо ҳукмрониашро сар мекунад ва Подшоҳи он Исои Масеҳ мешавад. Дуюм, Шайтон аз осмон ба замин партофта мешавад. Чи хеле ки баъдтар мефаҳмем, ҳар дуи ин воқеа аллакай рӯй доданд.

13. Баъди он ки Шайтон ва девҳояш аз осмон пеш карда шуданд, дар осмон чӣ рӯй дод?

13 Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Шодӣ кунед, эй афлок [осмон] ва сокинони он!» (Ваҳй 12:12). Баъди он ки Шайтон ва девҳояш аз осмон пеш карда шуданд, фариштагони вафодор хеле хурсанд гардиданд! Ҳоло бошад, дар осмон ҳамаи фариштагон хости Худоро иҷро мекунанд. Онҳо дар сулҳу ягонагӣ зиндагӣ мекунанд.

Вақте Шайтону девҳояш аз осмон ба замин партофта шуданд, ранҷу азоб дар замин бисёр шуд. Ба қарибӣ ҳамаи ин паси сар мешавад

14. Баъди он ки Шайтон аз осмон пеш карда шуд, дар замин чӣ рӯй дода истодааст?

14 Лекин дар замин вазъият ин хел нест. Одамон азоб мекашанд, чунки Шайтон сахт дарғазаб шудааст ва «медонад, ки вақташ кам мондааст» (Ваҳй 12:12). Шайтон баъди аз осмон ронда шуданаш сахт дарғазаб аст, чунки медонад, ки ба қарибӣ несту нобуд мешавад. Вай ҳама корро мекунад, то дар замин ғаму дард ва азоб бисёр бошад.

15. Хости Худо чист?

15 Хости Худо нисбати замин дигар нашудааст. Ӯ мисли пештара мехоҳад, ки замин биҳишт шавад ва дар он одамони бегуноҳ беохир зиндагӣ кунанд (Забур 36:29).

16, 17. Дар Дониёл 2:44 дар бораи Подшоҳии Худо чӣ гуфта шудааст?

16 Дар китоби Дониёл-пайғамбар навишта шудааст: «Дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард-гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод» (Дониёл 2:44). Мо аз ин пешгӯӣ дар бораи Подшоҳии Худо чӣ мефаҳмем?

17 Якум: Подшоҳии Худо «дар айёми он подшоҳон» ҳукмрониашро сар мекунад. Ин маънои онро дорад, ки вақте Подшоҳии Худо сар мешавад, дар замин ҳукуматҳои одамӣ ҳоло вуҷуд хоҳанд дошт. Дуюм: Подшоҳии Худо то абад ҳукмронӣ мекунад ва ҷойи онро ягон ҳукумати дигар намегирад. Сеюм: байни Подшоҳии Худо ва ҳукуматдорони дигар ҷанг мешавад. Подшоҳии Худо дар ин ҷанг ғалаба мекунад. Ин ҳукумат дар замин ҳукумати ягона ва беҳтарин мегардад.

18. Ҷанг байни ҳокимиятҳои ҷаҳонӣ ва Подшоҳии Худо чӣ ном дорад?

18 Чӣ тавр Подшоҳии Худо дар замин роҳбарӣ мекунад? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки девҳо «подшоҳони тамоми ҷаҳонро» фиреб мекунанд, «то ки онҳоро барои ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ ҷамъ оваранд». Ҳукуматдорон бар зидди Подшоҳии Худо ҷанг мекунанд, аммо Подшоҳии Худо ғалаба мекунад. Ин ҷанг Ҳармиҷидӯн номида мешавад (Ваҳй 16:14, 16; нигаред ба Мавзӯи 9.)

19, 20. Барои чӣ мо мӯҳтоҷи Подшоҳии Худоем?

19 Барои чӣ мо мӯҳтоҷи Подшоҳии Худоем? Се сабабро меорем. Якум, аз сабаби гуноҳ ҳамаи одамон касал мешаванд ва як рӯз не, як рӯз мемуранд. Лекин зери ҳукмронии Подшоҳии Худо мо беохир зиндагӣ мекунем. Дар Юҳанно 3:16 гуфта мешавад: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад».

20 Дуюм, мо дар ҷаҳони пур аз бадӣ зиндагӣ дорем. Бисёриҳо ба дурӯғгӯӣ, фиребгарӣ ва бадахлоқӣ даст мезананд. Мо пеши роҳи ин бадкориҳоро гирифта наметавонем, Худо бошад, метавонад. Ӯ онҳоеро, ки ислоҳ шудан намехоҳанд, дар ҷанги Ҳармиҷидӯн нест мекунад. (Забур 36:10-ро хонед.) Сеюм, бисёре аз ҳокимиятҳои инсонӣ бераҳму беинсофанд. Онҳо парвои онро надоранд, ки одамон ба Худо гӯш медиҳанд ё не. Ҳокимиятҳои инсонӣ қудрат надоранд, ки ба одамон ёрдам кунанд. Беҳуда дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки «одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (Воиз 8:9).

21. Чӣ тавр Подшоҳии Худо хости Ӯро дар замин иҷро мекунад?

21 Баъди Ҳармиҷидӯн ба воситаи Подшоҳии Худо хости Худо дар замин иҷро мешавад. Шайтон ва девҳояш нест мешаванд (Ваҳй 20:1–3). Дигар ҳеҷ кас касал намешавад ва намемурад. Ба воситаи қурбонии Исо ҳама одамони итоаткор метавонанд беохир дар Биҳишт зиндагӣ кунанд (Ваҳй 22:1–3). Подшоҳӣ номи Худоро пок месозад. Ин чӣ маъно дорад? Вақте Подшоҳии Худо дар замин ҳукмронӣ мекунад, ҳамаи одамон номи Худоро ҳурмату эҳтиром мекунанд. (Нигаред ба Мавзӯи 20.)

ИСО КАЙ ПОДШОҲ ШУД?

22. Мо аз куҷо медонем, ки Исо ҳангоми дар замин буданаш ё дарҳол баъди зинда шуданаш Подшоҳ нашуд?

22 Исо шогирдонашро таълим медод, ки ин тавр дуо гӯянд: «Малакут [Подшоҳӣ]-и Ту биёяд» (Матто 6:10). Ин суханон нишон медиҳанд, ки он вақт Подшоҳии Худо ҳоло наомада буд, яъне он вақт Яҳува ҳокимияти худро ташкил надода буд ва Исоро Подшоҳ таъин накарда буд. Оё Исо дарҳол баъди зинда шуданаш Подшоҳ шуд? Не, ӯ як вақти муайян интизор шуд. Мо инро аз куҷо медонем? Аз пешгӯие, ки дар Забур 109:1 навишта шудааст. Дар он суханони Яҳува оварда шудаанд: «Ба ямини Ман [аз тарафи рости Ман] бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам». Чи тавре ки Петрус ва Павлуси расул фаҳмонданд, ин пешгӯӣ дар бораи Исои зиндашуда буд (Аъмол 2:32–35; Ибриён 10:12, 13). Исо бояд чӣ қадар интизор мешуд?

Зери ҳукмронии Подшоҳӣ хости Худо дар замин иҷро мешавад

23. а) Исо кай Подшоҳи Салтанати Худо шуд? б) Мо аз боби оянда дар бораи чӣ мефаҳмем?

23 Исои Масеҳ соли 1914 Подшоҳ шуд (Забур 109:2). Пеш аз соли 1914 як гурӯҳ пайравони ҳақиқии Масеҳ фаҳмиданд, ки аз рӯйи пешгӯиҳои Китоби Муқаддас ин сол соли муҳим аст. Воқеаҳое, ки аз соли 1914 сар карда дар ҷаҳон рӯй доданд, ҳақ будани фикри ин масеҳиёнро исбот карданд. Вақте Исо соли 1914 Подшоҳ шуд, ӯ пеш аз ҳама чӣ кор кард? Ӯ Шайтонро ба замин партофт. Ваҳй 12:12 дар бораи Шайтон мегӯяд, ки «вақташ кам мондааст». Пас, то он вақте ки Подшоҳӣ хости Худоро дар замин иҷро мекунад, вақти хеле кам мондааст. Боз кадом рӯйдодҳо исбот мекунанд, ки мо дар охирзамон зиндагӣ дорем? Мо инро аз боби оянда мефаҳмем. (Нигаред ба Мавзӯи 21.)