Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ НӮҲ

Оё мо дар охирзамон зиндагӣ мекунем?

Оё мо дар охирзамон зиндагӣ мекунем?

1. Дар бораи оянда аз куҷо фаҳмида метавонем?

ВАҚТЕ шумо ахбор тамошо мекунед, оё зиқ мешавед ва ба худ савол медиҳед, ки ин ҳама бадиву бадкорӣ кай тамом мешуда бошад? Дунё пур аз бадбахтиву бераҳмист. Барои ҳамин бисёр одамон фикр мекунанд, ки мо дар охирзамон зиндагӣ дорем. Оё дар ҳақиқат ҳамин хел аст? Оё мо метавонем фаҳмем, ки дар оянда чӣ мешавад? Одамон наметавонанд ояндаро пешбинӣ кунанд. Лекин Яҳува Худо ҳама чизро медонад. Ӯ дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ кардааст, ки дар оянда бо одамизод чӣ мешавад (Ишаъё 46:10; Яъқуб 4:14).

2, 3. Шогирдони Исо чиро донистан мехостанд ва Исо ба онҳо чӣ ҷавоб дод?

2 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дар охирзамон замин нест намешавад, балки бадӣ нест мешавад. Исо гуфта буд, ки Подшоҳии Худо бар рӯйи замин ҳукмронӣ мекунад (Луқо 4:43). Шогирдони ӯ фаҳмидан мехостанд, ки Подшоҳии Худо кай меояд. Онҳо аз Исо пурсиданд: «Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати омадани Ту ва охирзамон чӣ гуна аст?» (Матто 24:3). Исо ба онҳо вақту соаташро нагуфт, лекин фаҳмонд, ки пеш аз ба охир расидани дунё чӣ рӯй медиҳад. Ин пешгӯиҳои Исо дар рӯзҳои мо иҷро шуда истодаанд.

3 Барои чӣ мо бовар дошта метавонем, ки дар рӯзҳои охир зиндагӣ дорем? Ҷавоби ин саволро мо дар ин боб аз Китоби Муқаддас ёфта метавонем. Аввал биёед дар бораи ҷанге фаҳмем, ки дар осмон шуда буд. Ин ба мо ёрдам мекунад, то фаҳмем, ки барои чӣ вазъияти ҷаҳон ин қадар бад аст.

ҶАНГ ДАР ОСМОН

4, 5. а) Баъд аз он ки Исо Подшоҳ шуд, дар осмон чӣ рӯй дод? б) Баъди ба замин партофта шудани Шайтон бо одамон чӣ мешавад?

4 Аз боби 8-ум мо фаҳмидем, ки соли 1914 Исо дар осмон Подшоҳ шуд (Дониёл 7:13, 14). Дар Китоби Ваҳй гуфта мешавад, ки баъди ин чӣ рӯй дод: «Дар осмон ҷанг шуд: Микоил [Исо] * ва фариштаҳояш ба муқобили аждаҳо [Шайтон] ва фариштаҳои вай ҷангиданд. Аждаҳо ва фариштаҳояш низ бар зидди онҳо ҷангиданд». Шайтону девҳояш дар ин ҷанг бой доданд ва аз осмон ба замин партофта шуданд. Аз ин фариштагони хуб хеле хурсанд шуданд! Оё ин барои одамон ҳам хурсандӣ овард? Китоби Муқаддас гуфта буд, ки ин барои одамон замони дарду азоб мешавад. Барои чӣ? Барои он ки Шайтон ба қаҳру ғазаби сахт омадааст, чунки «медонад, ки вақташ кам мондааст» (Ваҳй 12:7, 9, 12).

5 Шайтон ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад, то ба одамон зарар расонад. Ӯ вақти хеле кам дорад, барои ҳамин хашму ғазабашро бар сари мо мерезад. Биёед дида бароем, ки Исо дар бораи рӯзҳои охир чӣ гуфта буд. (Нигаред ба Мавзӯи 23.)

РӮЗҲОИ ОХИР

6, 7. Имрӯз дар бораи ҷангҳову гушнагӣ чӣ гуфтан мумкин аст?

6 Ҷангҳо. Исо гуфта буд: «Қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате... [мебарояд]» (Матто 24:7). Дар замонҳои мо дар ҷангҳо одамони хеле зиёд кушта шуданд. Пештар ҳеҷ гоҳ чунин рӯй надода буд. Аз асри як то соли 1914, дар муддати қариб 1900 сол дар ҷангҳо 30 миллион одам кушта шуд. Аммо танҳо дар муддати қариб сад соли охир, яъне аз соли 1914 то 2000-ум қариб 100 миллион одам кушта шуд!

7 Гушнагӣ. Исо гуфта буд, ки «дар ҳар ҷо қаҳтиҳо», яъне гушнагиҳо мешаванд (Матто 24:7). Имрӯз аз пештара бисёртар хӯрок бароварда мешавад. Лекин одамони бисёр то ҳол гушна ё нимгушна мебошанд. Барои чӣ? Чунки онҳо барои таъмин кардани худ на хӯрок доранд, на замини корам. Беш аз миллиард одам бо пули хеле кам рӯз мегузаронад. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ки ҳар сол миллионҳо кӯдакон аз сабаби гушнагӣ ва ё нимгушнагӣ мемуранд.

8, 9. Пешгӯии Исо дар бораи заминҷунбиҳо ва касалиҳо чӣ тавр иҷро шуда истодаанд?

8 Заминҷунбӣ. Исо пешгӯӣ карда буд, ки «зилзилаҳои азим... ба амал хоҳад омад» (Луқо 21:11). Дар рӯзҳои мо ҳар сол заминҷунбиҳои сахт рӯй медиҳанд. Аз соли 1900 то имрӯз зиёда аз ду миллион одам дар заминҷунбиҳо мурдааст. Имрӯз техникаву технология баъзан пешакӣ гуфта метавонад, ки кай ва дар куҷо заминҷунбӣ мешавад. Аммо ҳоло ҳам одамони бисёр дар заминҷунбиҳо мурда истодаанд.

9 Касалиҳо. Исо пешгӯӣ кард, ки «вабоҳо» рӯй медиҳанд. Ин касалиҳои вазнин тез паҳн мешаванд ва ҳаёти одамони бисёрро нобуд мекунанд (Луқо 21:11). Духтурон давои бисёр касалиҳоро ёфтаанд, лекин баъзе касалиҳоро то ҳол табобат карда наметавонанд. Дар як ҳисобот гуфта мешавад, ки ҳар сол аз касалии сил, табларза, вабо миллионҳо одамон мемуранд. Дар 40 соли охир духтурон дар бораи 30 касалии наве фаҳмиданд, ки баъзеашон табобат намешаванд.

РАФТОРИ ОДАМОН

10. Чӣ тавр имрӯз пешгӯии 2 Тимотиюс 3:1–5 иҷро шуда истодааст?

10 Дар 2 Тимотиюс 3:1–5 гуфта мешавад: «Дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид». Дар ин ҷо Павлуси расул фаҳмонд, ки дар охирзамон одамон чӣ хел мешаванд:

  • фақат худашонро дӯст медоранд

  • пулдӯст

  • беитоат ба падару модар

  • хиёнаткор

  • бемеҳр

  • худдорӣ карда наметавонанд

  • бераҳму бадқаҳр

  • кайфу сафоро аз Худо бисёртар дӯст медоранд

  • худашонро диндор мегиранд, лекин гуфтаҳои Худоро иҷро намекунанд

11. Мувофиқи Забур 91:8 бо бадкорон чӣ мешавад?

11 Шумо, мумкин, аҳамият додед, ки имрӯзҳо дар тамоми дунё одамон айнан ҳамин хел рафтор мекунанд. Лекин ба қарибӣ Худо бадкоронро нест мекунад. Ӯ ваъда медиҳад: «Шарирон [бадкорон] мисли алаф месабзанд, ва ҳамаи бадкирдорон мешукуфанд, то ки ба таври абадӣ нест шаванд» (Забур 91:8).

ХУШХАБАР ДАР РӮЗҲОИ ОХИР ПАҲН МЕШАВАД

12, 13. Дар охирзамон Худо ба мо дар фаҳмидани чӣ ёрдам кард?

12 Дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд, ки дар охирзамон дунё пур аз дарду азоб мешавад. Лекин он ҳамчунин ваъда медиҳад, ки чизҳои хуб ҳам рӯй медиҳанд.

Хушхабар дар тамоми ҷаҳон паҳн мешавад (Матто 24:14)

13 Дониш дар бораи Китоби Муқаддас зиёд мешавад. Пайғамбар Дониёл дар бораи охирзамон навишт: «Дониш [дар бораи Худо] афзоиш хоҳад ёфт» (Дониёл 12:4). Худо ба хизматгоронаш ёрдам кард, ки Китоби Муқаддасро аз пештара беҳтар фаҳманд. Иҷрошавии ин пешгӯӣ аз соли 1914 равшантар маълум аст. Масалан, Яҳува ба мо дар бораи маънои номаш, нияте, ки дар бораи замин дорад, ҳақиқат дар бораи мурдагон ва зиндашавӣ бисёр чизро кушода дод. Акнун мо медонем, ки танҳо Подшоҳии Худо ҳама душвориҳои моро ҳал карда метавонад. Боз мо фаҳмидем, ки барои чӣ Исо худро қурбон кард, чӣ тавр хушбахт буда метавонем ва чӣ тавр зиндагӣ кунем, ки Худо аз мо розӣ бошад. Лекин баъди гирифтани ин дониш хизматгорони Худо чӣ кор мекунанд? Пешгӯии дигар ба ин савол ҷавоб медиҳад. (Нигаред ба Мавзӯи 20 ва 24.)

14. Хушхабарро кӣ ва дар куҷо паҳн мекунад?

14 Хушхабар дар тамоми олам паҳн мешавад. Исо гуфт, ки дар замонҳои охир хушхабар дар тамоми ҷаҳон паҳн мешавад (Матто 24:3, 14). Имрӯз хушхабари Подшоҳии Худо дар зиёда аз 230 мамлакат ва ба беш аз 700 забон нақл карда мешавад. Дар тамоми дунё Шоҳидони Яҳува «аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо» ба одамон дар бораи Подшоҳии Худо ва корҳое, ки он барои одамон мекунад, гап мезананд (Ваҳй 7:9). Онҳо ин корро бепул мекунанд. Баъзеҳо онҳоро чашми дидан надоранд ва ба корашон зарар расондан мехоҳанд. Лекин, чи хеле ки Исо гуфт, ҳеҷ кас пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонад (Луқо 21:17).

ШУМО БОЯД ЧӢ КОР КУНЕД?

15. а) Оё шумо бовар доред, ки мо дар охирзамон зиндагӣ дорем? б) Бо одамоне, ки Яҳуваро гӯш мекунанд, чӣ мешавад? Бо онҳое, ки гӯш намекунанд-чӣ?

15 Оё шумо бовар доред, ки мо дар охирзамон зиндагӣ дорем? Имрӯз пешгӯиҳои зиёди Китоби Муқаддас иҷро шуда истодаанд. Ба қарибӣ Яҳува кори мавъизаи хушхабарро бозмедорад ва он вақт дунёи Шайтон ба охир мерасад (Матто 24:14). Дар ҷанги Ҳармиҷидӯн Худо тамоми бадиро несту нобуд мекунад. Бо амри Яҳува Исо ва фариштагони пурқудраташ ҳамаи онҳоеро, ки ба Яҳува гӯш намедиҳанд, аз рӯйи замин решакан мекунанд (2 Таслӯникиён 1:6–9). Шайтону девҳояш дигар ҳеҷ гоҳ одамонро фиреб дода наметавонанд. Одамоне, ки Худоро гӯш мекунанд ва мехоҳанд, ки зери Подшоҳии Ӯ зиндагӣ кунанд, иҷрошавии ҳама ваъдаҳои Худоро бо чашмони худ мебинанд (Ваҳй 20:1–3; 21:3–5).

16. Ҳоло ки охири ин дунё наздик аст, шумо бояд чӣ кор кунед?

16 Ҷаҳони Шайтон ба қарибӣ ба охир мерасад. Барои ҳамин хеле муҳим аст, ки аз худ пурсем: «Ман бояд чӣ кор кунам?» Яҳува мехоҳад, ки шумо Китоби Муқаддасро нағз фаҳмед. Барои ҳамин кӯшиш кунед, ки Китоби Муқаддасро нағз омӯзед (Юҳанно 17:3). Шоҳидони Яҳува ҳар ҳафта вохӯриҳо мегузаронанд. Ин вохӯриҳо барои хубтар фаҳмидани Китоби Муқаддас кӯмак мекунанд. Кӯшиш кунед, ки доимо ба ин ҷамъомадҳо равед. (Ибриён 10:24, 25-ро хонед.) Агар бинед, ки аз ягон ҷиҳат ба шумо ислоҳ шудан даркор аст, ин корро ба қафо напартоед. Он вақт шумо ба Яҳува наздиктар мешавед (Яъқуб 4:8).

17. Аз кадом сабаб барои бисёриҳо охири ин дунё нохост меояд?

17 Павлуси расул гуфт, ки охири ин дунё барои бисёриҳо нохост меояд, яъне «чунон ки дузд дар шаб» (1 Таслӯникиён 5:2). Исо пешгӯӣ кард, ки бисёр одамон ба нишонаҳои охирзамон тамоман аҳамият намедиҳанд. Ӯ гуфт: «Чи тавре ки дар айёми Нӯҳ шуда буд, дар омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд: зеро, чи тавре ки дар айёми пеш аз тӯфон, то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мерафтанд, ва чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард,— омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд» (Матто 24:37–39).

18. Исо дар бораи охири ин дунё чӣ гуфт?

18 Исо гуфта буд, ки ба «пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳои зиндагӣ» дода нашавем (Луқо 21:34–36). Ӯ гуфт, ки охири ин дунё «монанди доме» «бар ҳамаи сокинони... рӯи замин хоҳад омад». Баъд ӯ илова кард: «Ҳама вақт бедор бошед ва дуо гӯед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи ин мусибатҳои оянда раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам биистед» (Луқо 21:34–36). Чаро ба суханони Исо гӯш кардан муҳим аст? Чунки ба қарибӣ ин ҷаҳони Шайтон нест мешавад. Он вақт танҳо касоне, ки Яҳува ва Исо аз онҳо розиянд, наҷот меёбанд ва дар дунёи нав беохир зиндагӣ мекунанд (Юҳанно 3:16; 2 Петрус 3:13).

^ сарх. 4 Микоил номи дигари Исои Масеҳ аст. Барои дар ин бора бисёртар фаҳмидан, нигаред ба Мавзӯи 22.