Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ДАҲ

Ҳақиқат дар бораи фариштагон ва девҳо

Ҳақиқат дар бораи фариштагон ва девҳо

1. Барои чӣ мо бояд дар бораи фариштагон донем?

ЯҲУВА ХУДО мехоҳад, ки мо дар бораи фариштагон ҳақиқатро донем. Дар Китоби Муқаддас онҳо «фарзандони Худо» номида шудаанд (Айюб 38:7). Фариштагон чӣ кор мекунанд? Чӣ тавр онҳо дар замонҳои пеш ба одамон ёрдам мекарданд? Оё имрӯз ҳам онҳо ба мо ёрдам карда метавонанд? (Нигаред ба Мавзӯи 7)

2. Яҳува фариштагонро кай офарид ва шумораи онҳо чӣ қадар аст?

2 Фариштагон кай офарида шуданд? Дар Қӯлассиён 1:16 гуфта мешавад, ки баъд аз офаридани Исо, Яҳува ҳама чизро «дар осмон ва бар замин» офарид. Яъне Худо фариштагонро баъд аз Исо офарид. Онҳо чӣ қадаранд? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки шумораи онҳо садҳо миллион аст (Забур 102:20; Ваҳй 5:11).

3. Дар китоби Айюб 38:4–7 дар бораи фариштагон чӣ гуфта шудааст?

3 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки фариштагон пеш аз офарида шудани замин пайдо шуданд. Масалан, дар китоби Айюб гуфта мешавад, ки вақте Худо заминро офарид, фариштагон дар осмон хурсандӣ мекарданд. Онҳо мисли як оила якдилона ба Яҳува хизмат мекунанд (Айюб 38:4–7).

ФАРИШТАГОН БА ХАЛҚИ ХУДО ЁРДАМ МЕКУНАНД

4. Аз куҷо медонем, ки фариштагон ба одамон диққат медиҳанд?

4 Фариштагон ҳамеша ба одамон диққат медоданд. Онҳо мехостанд фаҳманд, ки нияти Худо дар бораи замин ва одамон чист (Масалҳо 8:30, 31; 1 Петрус 1:11, 12). Вақте ки Одаму Ҳавво гапи Худоро нагирифтанд, фариштагон хеле зиқ шуданд. Ҳозир, ки бисёри одамон аз Худо рӯй гардондаанд, фариштагон боз ҳам бештар ғамгинанд. Аммо вақте ягон кас аз кори бадаш тавба мекунад ва сӯи Худо бармегардад, фариштагон хеле хурсанд мешаванд (Луқо 15:10). Фариштагон махсусан ба ҳаёти хизматгорони Худо диққат медиҳанд. Яҳува ба воситаи фариштагон хизматгорони заминиашро аз хатар нигоҳ медорад ва ба онҳо ёрдам мекунад (Ибриён 1:7, 14). Биёед, якчанд мисолро дида бароем.

«Худои ман фариштаи Худро фиристода, даҳони шеронро баст» (Дониёл 6:22)

5. Чӣ тавр фариштагон дар замонҳои пеш ба хизматгорони Худо ёрдам мекарданд?

Вақте ки Яҳува шаҳрҳои Садӯм ва Амӯроро нобуд мекард, хост хизматгори худ Лут ва оилаи ӯро наҷот диҳад. Барои ҳамин Ӯ ба наздашон ду фариштаро фиристод (Ҳастӣ 19:15, 16). Солҳо пас аз ин, Дониёл пайғамбар ба чоҳи шерон партофта шуд, аммо шерон ба ӯ зараре нарасонданд. Ӯ гуфт: «Худои ман фариштаи Худро фиристода, даҳони шеронро баст» (Дониёл 6:22). Баъдтар, вақте ки Петруси расул дар зиндон буд, Яҳува фариштаеро фиристода, ӯро озод кард (Аъмол 12:6–11). Фариштагон ба Исо ҳам, вақте ӯ дар замин буд, ёрдам мекарданд. Масалан, баъди таъмид гирифтанаш «фариштагон Ӯро парасторӣ мекарданд» (Марқӯс 1:13). Ҳамчунин пеш аз кушта шуданаш як фаришта наздаш омад ва «Ӯро тақвият [қувват] медод» (Луқо 22:43).

6. а) Аз куҷо медонем, ки фариштагон имрӯз ҳам ба хизматгорони Худо ёрдам мекунанд? б) Мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?

6 Имрӯз мисли замонҳои пеш мо фариштагонро дида наметавонем. Лекин Худо имрӯз ҳам ба ходимони худ ба воситаи фариштагон ёрдам мекунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Фариштаи Худованд дар гирду пеши тарсгорони Ӯ ҳозир аст ва онҳоро халосӣ медиҳад» (Забур 33:8). Онҳо моро аз чӣ халос мекунанд? Аз душманони пурқуввате, ки мехоҳанд ба мо зарар расонанд. Онҳо кистанд? Аз куҷо пайдо шуданд? Онҳо чӣ тавр ба мо зарар расондан мехоҳанд? Барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан биёед, бинем, ки камтар баъд аз офарида шудани Одаму Ҳавво чӣ шуд.

ДУШМАНОНИ БА ЧАШМ НОАЁН

7. Шайтон киро фиреб карда тавонист?

7 Дар боби се мо фаҳмидем, ки як фаришта бар зидди Худо баромад ва хост, ки одамон ӯро гӯш кунанд. Дар Китоби Муқаддас ӯ Шайтон ва Иблис номида шудааст (Ваҳй 12:9). Шайтон мехост, ки дигарон ҳам бар зидди Худо бароянд. Дар аввал ӯ Ҳавворо фиреб дод. Аз он вақт сар карда ӯ одамони хеле зиёдро фиреб карда, ба роҳи бад бурдааст. Лекин баъзе одамон ба монанди Ҳобил, Ҳанӯх ва Нӯҳ ба Худо вафодор монданд (Ибриён 11:4, 5, 7).

8. а) Чӣ тавр баъзе фариштагон дев гаштанд? б) Вақте тамоми замин зери об шуд, девҳо чӣ кор карданд?

8 Дар рӯзҳои Нӯҳ баъзе фариштагон рафтори нодуруст карданд. Онҳо хостанд дар замин мисли одамон зиндагӣ кунанд. Бо кадом мақсад? Барои он ки аз байни одамон барои худ зан хуш кунанд. (Ҳастӣ 6:2-ро хонед.) Аммо барои фариштагон ин мумкин набуд (Яҳудо 6). Зери таъсири ҳамон фариштагони бад, бисёри одамон дар он замон бадкирдор шуданд. Яҳува хост, ки тамоми заминро аз одамони бад пок кунад. Ӯ ба замин борон боронид ва онро пур аз об кард. Ҳама одамони бад ғарқ шуданд, вале хизматгорони итоаткорашро Худо наҷот дод (Ҳастӣ 7:17, 23). Барои зинда мондан ин фариштагони бад ба осмон баргаштанд. Дар Китоби Муқаддас онҳо девҳо номида шудаанд. Девҳо қонуни Худоро вайрон карданд ва ба Шайтон ҳамроҳ шуданд. Шайтон ҳокими девҳо шуд (Матто 9:34).

9. а) Вақте девҳо ба осмон баргаштанд, чӣ шуд? б) Мо дар бораи чӣ мефаҳмем?

9 Азбаски девҳо бар зидди Худо баромаданд, Худо аз онҳо рӯй гардонд ва онҳо дигар фарзандони Ӯ набуданд. Имрӯз девҳо мисли замонҳои пеш тани одамӣ гирифта наметавонанд. Лекин онҳо то ҳол «тамоми ҷаҳонро фиреб» мекунанд (Ваҳй 12:9; 1 Юҳанно 5:19). Биёед, фаҳмем, ки чӣ тавр онҳо ин корро мекунанд. (2 Қӯринтиён 2:11-ро хонед.)

ЧӢ ТАВР ДЕВҲО ОДАМОНРО ФИРЕБ МЕКУНАНД?

10. Чӣ тавр девҳо одамонро фиреб мекунанд?

10 Девҳо одамонро бо ҳар роҳ фиреб медиҳанд. Одамон баъзан худашон рӯирост бо девҳо алоқа мекунанд, баъзан ба воситаи ҷодугар ё фолбин. Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад, ки бо девҳо алоқа накунем ва аз чунин чизҳо ба монанди ҷоду ва фолбинӣ дур бошем (Ғалотиён 5:19–21). Барои чӣ? Чунки ҳамаи ин чизҳо дом ҳастанд. Чи хеле ки шикорчӣ дар пеши ҳайвон ҳар хел дому қапқон мемонад, то ки онро қапад, девҳо ҳам одамонро ба воситаи ин чизҳо мехоҳанд ба доми худ афтонанд (Нигаред ба Мавзӯи 25).

11. Фолбинӣ чист ва чаро мо бояд аз он дур бошем?

11 Яке аз доми девҳо фолбинӣ мебошад. Фолбинӣ ин ба воситаи қувваи девҳо фаҳмидани оянда ё ягон чизи номаълум мебошад. Баъзеҳо аз рӯйи ситораҳо фол мекушоянд, дигарон ба воситаи қарта, сурати одам, кафи даст ва ё дигар тарзҳо фол мебинанд. Бисёри одамон фикр мекунанд, ки ин корҳо безараранд, лекин ин хел нест. Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки ба фолбинҳо девҳо ёрдам мекунанд. Дар китоби Аъмол 16:16–18 дар бораи духтаре нақл карда мешавад, ки «рӯҳи ғайбгӯй» дошт, яъне дар дарунаш дев буд. Ин дев ба духтар ёрдам мекард, ки ояндаро бинад. Вақте Павлуси расул девро аз вай берун кард, духтар дигар ояндаро пешбинӣ карда наметавонист.

12. а) Барои чӣ бо мурдагон алоқа кардан хатарнок аст? б) Барои чӣ хизматгорони Худо дар расму оини бо мурдагон алоқаманд иштирок кардан намехоҳанд?

12 Бисёр одамон бовар мекунанд, ки бо мурдагон гап задан мумкин аст. Онҳо фикр мекунанд, ки мурдагон метавонанд ба мо фоида оранд ва ё зарар расонанд. Лекин ин боз як доми девҳост. Масалан, вақте ягон дӯст ва ё хеши одам мемурад, ӯ пеши пурсандаи арвоҳ ва ё каси дигаре меравад. Шояд, пурсандаи арвоҳ ягон чизро дар бораи шахси мурда гӯяд ва наздики он мурда метавонад ҳайрон шавад, ки пурсандаи арвоҳ инро аз куҷо медонад. Ӯ ҳатто метавонад бо овози шахси мурда гап занад (1 Подшоҳон 28:3–19). Ҳангоми гӯру чӯб кардани касе одамон барои он ки арвоҳи шахси мурда шод шавад ва ё ҷояш ҷаннат шавад, расму оини зиёд ташкил мекунанд. Одамон барои мурда худоӣ, чил, сол ва дигар оинҳоро риоя мекунанд. Баъзеҳо либоси азодорӣ мепӯшанд. Дигарон барои зиёрати мурда ба қабристон мераванд. Вақте масеҳиён дар чунин маросимҳо иштирок намекунанд, хешу табор ва ёру дӯстон, шояд, онҳоро танқид кунанд, дар ҳақашон гапҳои бад зананд ва ё аз онҳо рӯй гардонанд. Лекин масеҳиён медонанд, ки баъд аз марг зиндагӣ нест. Бо мурда гап зада намешавад, онҳо ба мо зарар расонда ва ё ёрдам карда наметавонанд (Забур 113:25). Барои ҳамин мо бояд эҳтиёт шавем ва ба ин корҳо ҳамроҳ нашавем. Аз ҳама чизе, ки бо девҳо алоқаманд аст, дур бошед (Такрори Шариат 18:10, 11-ро хонед; Ишаъё 8:19).

13. Одамоне, ки пештар аз девҳо метарсиданд, чӣ кор карда тавонистанд?

13 Девҳо на фақат одамонро фиреб мекунанд, балки онҳоро метарсонанд. Имрӯз барои Шайтон ва девҳояш «вақти кам» мондааст, барои ҳамин онҳо аз пештара бештар бадқаҳранд (Ваҳй 12:12, 17). Лекин ҳазорон одамоне, ки пештар аз девҳо дар тарсу ҳарос буданд, дигар наметарсанд. Чӣ тавр онҳо тавонистанд аз тарс халос шаванд? (Нигаред ба Мавзӯи 20)

АЗ ТАЪСИРИ ДЕВҲО ОЗОД ШАВЕД

14. Чӣ тавр мо ба монанди масеҳиёни асри як худро аз таъсири девҳо озод карда метавонем?

14 Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки чӣ тавр мо метавонем аз таъсири девҳо озод шавем. Масалан, дар асри як, дар шаҳри Эфсӯс баъзе одамон пеш аз он ки дар бораи Яҳува фаҳманд, бо девҳо алоқа мекарданд. Чӣ тавр онҳо худро аз таъсири девҳо халос карданд? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Бисёре аз онҳое, ки ба ҷодугарӣ машғул буданд, китобҳои худро оварда, дар пеши назари ҳама сӯзонданд» (Аъмол 19:19). Онҳо мехостанд пайравони Масеҳ бошанд, барои ҳамин ҳама китобҳои худро, ки бо сеҳру ҷоду алоқаманд буданд, сӯзонданд. Имрӯз ҳам агар ягон кас хоҳад ба Худо хизмат кунад, бояд ҳар чизашро, ки бо девҳо алоқаманд аст, нест кунад. Баъзан чунин чизҳо дар китобҳо, газетаву журналҳо, толеъномаҳо, филмҳо, мусиқӣ, бозиҳо буда метавонанд. Баъзе плакатҳо ва чизҳои дигаре ҳастанд, ки дар онҳо ҷоду ва алоқа бо девҳо чун як чизи шавқовар ва безарар нишон дода мешавад. Одамон баъзан тӯмор, бозубанд ва ё чизи дигареро истифода мебаранд, то худро аз бадӣ нигаҳ доранд (1 Қӯринтиён 10:21).

15. Барои бо Шайтон ва девҳо мубориза бурдан мо бояд чӣ кор кунем?

15 Якчанд сол баъд аз сӯзондани китобҳои ҷодугарӣ, Павлуси ҳавворӣ ба онҳое, ки дар шаҳри Эфсӯс буданд, навишт, ки онҳо ҳоло ҳам бояд «бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат» мубориза баранд (Эфсӯсиён 6:12). Онҳо аллакай китобҳои ҷодугариро сӯзонда буданд, лекин девҳо кӯшиш мекарданд, ки ба онҳо зарар расонанд. Онҳо бояд боз чӣ кор мекарданд? Павлус ба онҳо гуфт: «Сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарир [Шайтон]-ро хомӯш карда метавонед» (Эфсӯсиён 6:16). Чи хеле ки сипар ҷанговарро дар ҷанг муҳофизат мекунад, имон ҳам моро нигоҳдорӣ мекунад. Агар мо боварии пурра дошта бошем, ки Яҳува моро дар паноҳи худаш нигоҳ медорад, мо бо Шайтон ва девҳо мубориза бурда метавонем (Матто 17:20).

16. Чӣ кор кунем, то имонамон бақувват шавад?

16 Барои он ки ба Яҳува имони бақувват дошта бошем, чӣ кор кунем? Барои ин мо бояд ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонем ва ба Худо таваккал карданро ёд гирем. Агар мо ба Яҳува боварии пурра дошта бошем, Шайтон ва девҳояш наметавонанд ба мо зарар расонанд (1 Юҳанно 5:5).

17. Боз чӣ моро аз таъсири девҳо нигоҳ дошта метавонад?

17 Масеҳиёни Эфсӯс боз як кори дигар бояд мекарданд. Онҳо дар шаҳре зиндагӣ мекарданд, ки пур аз ҷодугарӣ буд ва одамон бо девҳо алоқа мекарданд. Барои ҳамин Павлуси расул ба онҳо маслиҳат дод: «Ҳар вақт... дуо гӯед» (Эфсӯсиён 6:18). Онҳо бояд ҳама вақт ба Яҳува дуо гуфта, аз Ӯ илтимос мекарданд, ки онҳоро дар паноҳи худ нигаҳ дорад. Мо ҳам имрӯз дар дунёе зиндагӣ мекунем, ки бисёри одамон бо девҳо алоқа мекунанд. Барои ҳамин мо ҳам бояд аз Худо пурсем, ки моро муҳофизат кунад. Дар вақти дуо гуфтанамон мо бояд ҳатман номи Худоро ба забон орем. (Масалҳо 18:10-ро хонед.) Агар мо аз Яҳува илтимос кунем, ки моро аз Шайтон раҳо кунад, Ӯ дуои моро мешунавад (Забур 144:19; Матто 6:13).

18, 19. а) Чӣ тавр мо дар мубориза бо Шайтон ва девҳояш ғолиб омада метавонем? б) Дар боби оянда мо ба кадом савол ҷавоб меёбем?

18 Агар мо ҳама чизамонро, ки бо девҳо алоқаманд аст, нест кунем ва ба Яҳува таваккал кунем, бо Шайтон ва девҳо мубориза бурда метавонем. Аз онҳо тарсидан даркор нест. (Яъқуб 4:7, 8-ро хонед.) Яҳува аз девҳо пурқудраттар аст. Ӯ дар замонҳои Нӯҳ девҳоро ҷазо дод ва дар оянда онҳоро нест мекунад (Яҳудо 6). Мо танҳо нестем. Яҳува фариштагонашро мефиристад, то ба мо ёрдам кунанд (4 Подшоҳон 6:15–17). Мо бовар дошта метавонем, ки бо кӯмаки Яҳува бо Шайтон ва девҳояш мубориза бурда, ғолиб меоем (1 Петрус 5:6, 7; 2 Петрус 2:9).

19 Шайтон ва девҳояш бар сари одамон ранҷу азоб ва бадбахтиҳои зиёде овардаанд. Пас, барои чӣ Худо онҳоро то ҳол нест накардааст? Ба ин савол боби оянда ҷавоб медиҳад.