Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ШОНЗДАҲ

Ба Худо хизмат кунед

Ба Худо хизмат кунед

1, 2. Мо бояд кадом саволро ба худ диҳем ва барои чӣ ин муҳим аст?

ДАР вақти омӯзиши Китоби Муқаддас шумо фаҳмидед, ки таълимот ва корҳои бисёр одамоне, ки худро имондор меҳисобанд, ба Худо маъқул нест (2 Қӯринтиён 6:17). Барои ҳамин Яҳува ба мо мегӯяд, ки аз дини дурӯғ — «Бобили бузург» бароем (Ваҳй 18:2, 4). Аз худ бипурсед: «Оё ман мехоҳам ба Худо тавре хизмат кунам, ки Ӯ мехоҳад, ё он тавре, ки одат кардаам?»

2 Агар шумо аллакай аз дини дурӯғ баромада бошед, кори хубе кардаед. Лекин шояд баъзе маросиму одатҳои дини дурӯғ ба шумо маъқул бошанд. Биёед баъзеи онҳоро дида бароем ва фаҳмем, ки барои чӣ мо бояд ба онҳо мисли Яҳува нигоҳ кунем.

ПАРАСТИШИ МУРДАГОН ВА ИСТИФОДАИ ТАСВИРҲО

3. а) Барои чӣ баъзеҳо дар ибодати Худо расму тасвир ва ё чизи дигарро истифода мебаранд? б) Китоби Муқаддас дар бораи истифодаи расму тасвир ва дигар чизҳо дар ибодат чӣ мегӯяд?

3 Баъзе одамон барои Худоро ибодат кардан расму тасвирҳои ҳархеларо истифода мебаранд ва ё ба мазорҳо ва дигар ҷойҳои муқаддас мераванд. Онҳо ба ин чизҳо сахт дил бастаанд. Мумкин, шумо ҳам ба ин чизҳо одат карда бошед. Лекин дар хотир доред, ки мо Худоро бояд ҳамон тавре парастиш кунем, ки Ӯ худаш мехоҳад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки мо барои Худоро ибодат кардан набояд расм, тасвир ва ё чизи дигареро истифода барем (Хуруҷ 20:4, 5-ро хонед; Забур 113:12–16; Ишаъё 42:8; 1 Юҳанно 5:21).

4. а) Чаро мо набояд мурдагонро парастиш кунем? б) Чаро Яҳува ба халқаш гуфт, ки бо мурдаҳо алоқа накунанд?

4 Баъзе одамон вақт, қувват ва пули зиёдро барои шод кардани рӯҳи мурдагон сарф мекунанд. Дар баъзе ҷойҳо одамон мурдагонро парастиш мекунанд. Лекин чи хеле ки аллакай фаҳмидем, мурдаҳо ба мо на ёрӣ расонида метавонанд, на зарар. Онҳо ягон чиз ҳис намекунанд. Ба воситаи фолбин ё ягон каси дигар бо мурдаҳо алоқа кардан хатарнок аст. Дар асл «хабарҳо»-е ки фолбинон ба мо мерасонанд, аз девҳоянд, на аз тарафи мурдагон. Ана барои ҳамин Яҳува ба исроилиён амр дод, ки бо мурдаҳо алоқа накунанд. Онҳо бояд аз ҳар намуди алоқа бо девҳо дурӣ меҷустанд. (Такрори Шариат 18:10–12; Нигаред ба Мавзӯи 25 ва 30.)

5. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки одатҳои пештараро партофта Худоро дуруст ибодат кунем?

5 Агар урфу одатҳои нодуруст ба мо одат шуда бошад, чӣ кор кунем? Барои партофтани ин одатҳо мо бояд Китоби Муқаддасро бодиққат хонем ва хуб фикр кунем, ки Яҳува ба ин чизҳо чӣ хел нигоҳ мекунад. Барои Худованд ин чизҳо «зишт аст», яъне Ӯ онҳоро хеле бад мебинад (Такрори Шариат 27:15). Ҳар рӯз ба Яҳува дуо гӯед, то бо Ӯ дар ин масъала ҳамфикр бошед. Аз Худо ёрдам пурсед, то Ӯро дуруст ибодат кунед, яъне ҳамон тавре ки Ӯ мехоҳад (Ишаъё 55:9). Яҳува ба шумо қувват медиҳад, то ҳар чизеро, ки бо дини дурӯғ алоқаманд аст, аз худ дур кунед.

НАВРӮЗ ВА СОЛИ НАВ

6. Иди Соли Нав аз куҷо пайдо шудааст?

6 Соли навро ҷашн гирифтан бар зидди Китоби Муқаддас аст, чунки он аз бутпарастӣ сарчашма мегирад. Дар бораи пайдоиши ин ид «Энсиклопедияи Уорлд Бук» чунин мегӯяд: «Ҳокими Рум Юлий Сезар дар соли 46-и то милод қарор кард, ки 1-уми январ аввали сол ҳисобида шавад. Румиён ин рӯзро ба худои Янус бахшиданд... Моҳи январ ба шарафи худояшон Янус номида шудааст». Румиён бовар мекарданд, ки агар онҳо Соли Навро ҷашн гиранд, тамоми сол хушбахт мешаванд.

7. а) Дар бораи пайдоиши Наврӯз чӣ гуфтан мумкин аст? б) Барои чӣ масеҳиёни ҳақиқӣ Наврӯз ва Соли Навро ҷашн намегиранд?

7 Дар бораи Наврӯз чӣ гуфтан мумкин аст? Таърихчии асри 11 Абӯсаид Гардезӣ дар китоби худ «Зайн-ул-ахбор» мегӯяд, ки одамон дар бораи Наврӯз чӣ фикр мекарданд: «Андар ин рӯз Ҷамшед бар гӯсола нишаст ва ба ҷануб рафт ба ҳарб [ҷанг]-и девону сиёҳон». Дар як фарҳанг гуфта мешавад, ки баъзе одамони Эрон дар бораи он вақт чунин бовар доштанд, ки «арвоҳи даргузаштагон ба хонаҳои худ бармегарданд» («Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ», саҳ. 478–481). Барои зардуштиён иди Наврӯз бо саршавии баҳор алоқаманд буд. Дар донишномаи «Иронико» дар ин бора гуфта мешавад: «Зардуштиён бовар доштанд, ки ҳар як чиз дар табиат рӯҳ дорад... Вақти расидани баҳор онҳо мегуфтанд, ки рӯҳи офтоб бар [хунукӣ ва торикии зимистон] ғолиб мебарояд». Дар он донишнома ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар замонҳои қадим иди Наврӯзро бо урфу одатҳои динӣ ҷашн мегирифтанд. Барои чӣ масеҳиёни ҳақиқӣ Наврӯз ва Соли Навро ҷашн намегиранд? Чунки онҳо мехоҳанд ҳама корашон ба Яҳува маъқул бошад.

ҶАШНИ ЗОДРӮЗ

8, 9. Барои чӣ масеҳиёни аввал зодрӯзро ҷашн намегирифтанд?

8 Ба одамони бисёр ҷашн гирифтани зодрӯз маъқул аст. Оё масеҳиён ҳам метавонанд онро ҷашн гиранд? Китоби Муқаддас фақат дар бораи ду касе нақл мекунад, ки зодрӯзи худро ҷашн гирифта буданд. Ҳар дуи онҳо ходимони Худо набуданд (Ҳастӣ 40:20; Марқӯс 6:21). Бо ҷашн гирифтани зодрӯз одамон пештар худоҳои дурӯғинро парастиш мекарданд. Барои ҳамин масеҳиёни аввал «зодрӯзро иди бутпарастон ҳисоб мекарданд» (The World Book Encyclopedia).

9 Румиён ва юнониёни қадим бовар мекарданд, ки вақте одам таваллуд мешавад, дар назди вай як рӯҳе пайдо мешавад, ки ӯро тамоми умр нигаҳбонӣ мекунад (Ишаъё 65:11, 12). Халқҳои бутпараст зодрӯзро ҷашн гирифта фикр мекарданд, ки худоёнашон онҳоро аз ҳар зарар нигаҳбонӣ мекунанд.

10. Барои чӣ масеҳиён имрӯз ҳам зодрӯзро ҷашн намегиранд?

10 Ба фикри шумо оё идҳое, ки бо дини дурӯғ алоқаманд ҳастанд, ба Худо маъқуланд? Албатта, не! (Ишаъё 65:11, 12). Барои ҳамин мо зодрӯз ва идҳои дигареро, ки аз дини дурӯғ баромадаанд, ҷашн намегирем.

ОЁ ИН МУҲИМ АСТ?

11. Барои чӣ баъзе одамон идҳоро ҷашн мегиранд? Барои мо чӣ бояд аз ҳама муҳим бошад?

11 Баъзе одамон медонанд, ки Соли Нав ва ё Наврӯз бо бутпарастӣ алоқаманд ҳастанд, лекин ҷашн гирифтани ин идҳоро давом медиҳанд. Ба гуфти онҳо фарқаш нест, ки ин ё он ид аз куҷо пайдо шудааст. Онҳо мегӯянд, ки ид ин танҳо баҳона барои ҷамъ шудан ва вақтхушӣ кардан аст. Шумо чӣ фикр доред? Албатта, Яҳува ҳам мехоҳад, ки оилаҳо хушбахт бошанд, чунки Ӯ худаш оиларо офаридааст. Ӯ мехоҳад, ки мо бо хешу таборамон муносибати хуб дошта бошем (Эфсӯсиён 3:14, 15). Лекин барои мо бояд аз ҳама муҳим муносибатамон бо Яҳува бошад. Мо барои розӣ кардани хешовандон набояд дар расму оинҳои динҳои дурӯғ иштирок кунем. Павлуси расул гуфта буд: «Таҳқиқ кунед, то бидонед он чи, ки Худо меписандад, чист» (Эфсӯсиён 5:10).

12. Кадом идҳо ба Яҳува маъқул нестанд?

12 Барои Яҳува аз куҷо баромадани ин оё он ид муҳим аст. Ба Ӯ идҳое, ки аз ибодати нодуруст сарчашма мегиранд ва ё ягон одам ё давлатро болобардор мекунанд, маъқул нест. Масалан, дар замонҳои пеш мисриён бисёр идҳои бутпарастона доштанд. Вақте исроилиён аз Миср гурехтанд, онҳо бисёр идҳо ва одатҳои мисриёнро такрор карданд ва онҳоро «ид... барои Худованд» номиданд. Аммо Яҳува исроилиёнро барои ин корашон ҷазо дод (Хуруҷ 32:2–10). Мо бояд ба гуфтаҳои пайғамбар Ишаъё гӯш кунем ва «ба чизи нопок» нарасем! (Ишаъё 52:11-ро хонед.)

ВАҚТЕ БО ДИГАРОН ГАП МЕЗАНЕД, МЕҲРУБОН БОШЕД

13. Вақте шумо ҷашн гирифтани идҳои нодурустро бас мекунед, кадом саволҳо пайдо шуда метавонанд?

13 Агар шумо қарор карда бошед, ки дигар идҳои нодурустро ҷашн намегиред, шояд баъзе саволҳо дар саратон пайдо шаванд. Масалан: «Агар ҳамкоронам маро бо ид табрик кунанд, ман чӣ гӯям? Агар ягон кас ба ман тӯҳфаи идона диҳад, чӣ кор кунам? Чӣ тавр ба зан ё шавҳарам фаҳмонам, ки ман идро ҷашн намегирам? Барои он ки фарзандонам аз ҷашн нагирифтани идҳо ва ё зодрӯз зиқ нашаванд, чӣ кор кунам?»

14, 15. Агар ягон кас шуморо бо ид табрик кунад ё тӯҳфае диҳад, чӣ тавр рафтор карда метавонед?

14 Мо бояд ақлу хирадро ба кор барем, то фаҳмем, ки кай чӣ хел ҷавоб диҳем. Масалан, агар касе шуморо дар омади гап бо ид табрик кунад, шумо метавонед ба ӯ фақат «раҳмат» гӯеду тамом. Лекин агар касе дар бораи қарори шумо бисёртар фаҳмидан хоҳад, шояд шумо ба ӯ фаҳмонед, ки чаро идро қайд намекунед. Вақте ки инро мефаҳмонед, меҳрубон, боэҳтиром ва боодоб бошед. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед» (Қӯлассиён 4:6). Масалан, гуфта метавонед, ки ба шумо тӯҳфа додан ва бо дӯстон вақт гузарондан маъқул аст, лекин шумо намехоҳед ин корро маҳз дар рӯзи ид кунед.

15 Лекин, агар касе ба шумо тӯҳфа диҳад-чӣ? Дар ин бора дар Китоби Муқаддас дастуроти аниқ нест. Аммо дар он гуфта мешавад, ки мо бояд виҷдонамонро пок нигоҳ дорем (1 Тимотиюс 1:18, 19). Мумкин, шахсе, ки ба шумо тӯҳфа медиҳад, намедонад, ки шумо ба чӣ бовар доред. Ё шояд ӯ мегӯяд: «Ман медонам, ки ту ин идро ҷашн намегирӣ, лекин мехоҳам ба ту тӯҳфа кунам». Дар ҳар ду ҳолат шумо худатон бояд қарор кунед, ки тӯҳфаро мегиред ё не. Муҳимаш ин ки виҷдонатон шуморо ғам надиҳад. Мо намехоҳем бо ягон корамон Яҳуваро хафа кунем.

ХОНАВОДА ВА ИДҲО

Хизматгорони Яҳува одамони хушбахтанд

16. Вақте оилаамон ягон идро ҷашн гирифтан хоҳад, мо бояд чӣ кор кунем?

16 Агар оилаи шумо хоҳад, ки ягон идро ҷашн гирад, шумо бояд чӣ кор кунед? Бо онҳо ҷанг накунед. Ҳар кас озод аст, ки кадом идеро хоҳад, ҷашн гирад. Барои ҳамин агар хоҳед, ки дигарон фикри шуморо ҳурмат кунанд, шумо ҳам фикру интихоби дигаронро ҳурмат кунед. (Матто 7:12-ро хонед.) Агар оилаи шумо хоҳад, ки идро ҳамроҳи шумо гузаронад, чӣ кор кардан мумкин аст? Пеш аз он ки ба ягон хулоса оед, ба Яҳува дуо гӯед. Аз Ӯ барои қарори дуруст қабул кардан ёрдам пурсед. Дар бораи вазъият хуб фикр кунед ва маълумот ҷамъ кунед. Аз хотир набароред, ки мақсади шумо ҳама вақт бояд хурсанд кардани Яҳува бошад.

17. Шумо барои зиқ нашудани фарзандонатон чӣ кор карда метавонед?

17 Вақте фарзандонатон мебинанд, ки дигарон идҳоро ҷашн мегиранд, онҳо метавонанд зиқ шаванд. Лекин шумо чӣ кор карда метавонед, то онҳо худро аз ягон чиз маҳрум ҳис накунанд? Вақт аз вақт шумо метавонед вохӯриҳои дӯстона ташкил кунед ё ба онҳо тӯҳфа диҳед. Яке аз тӯҳфаҳои беҳтарине, ки шумо ба фарзандонатон дода метавонед, ин вақт ва меҳру муҳаббат аст.

ХУДОРО ДУРУСТ ИБОДАТ КУНЕД

18. Барои чӣ ба вохӯриҳо рафтан муҳим аст?

18 Барои хурсанд кардани Яҳува мо бояд аз дини дурӯғ бароем. Баъд аз ин мо урфу одат ва идҳои бо он алоқамандро қайд набояд кунем. Лекин ин кам аст. Мо бояд Худоро дуруст ибодат кунем. Чӣ тавр? Яке аз роҳҳо ин доимо ба вохӯриҳои ҷамъомад рафтан аст. (Ибриён 10:24, 25-ро хонед.) Вохӯриҳо қисми муҳими ибодати дурустанд (Забур 21:23; 121:1). Дар ин вохӯриҳо мо якдигарро рӯҳбаланду дилбардорӣ карда метавонем (Румиён 1:12).

19. Чаро шумо бояд дар бораи он чизе, ки аз Китоби Муқаддас фаҳмидед, ба дигарон гап занед?

19 Ҳамчунин шумо бояд дар бораи он чизе, ки аз Китоби Муқаддас фаҳмидед, ба дигарон гап занед. Бисёр одамон аз корҳои баде, ки дар ҷаҳон рӯй медиҳанд, дар ташвишанд. Мумкин, дар байни шиносони шумо ҳам ин хел одамон ҳастанд. Ба онҳо дар бораи биҳишти зебо, ки ба он умед доред, нақл кунед. Вақте ба ҷамъомадҳо меравед ва ба дигарон дар бораи ҳақиқати Китоби Муқаддас гап мезанед, шумо мефаҳмед, ки дигар қисми дини дурӯғ будан намехоҳед. Шумо дилпур буда метавонед, ки агар Яҳуваро дуруст ибодат кунед, соҳиби ҳаёти хушбахтона ва баракатҳои зиёд мешавед (Малокӣ 3:10).