Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 6

Чӣ хел ба таъсири бади ҳамсолон дода нашавам?

Чӣ хел ба таъсири бади ҳамсолон дода нашавам?

БАРОИ ЧӢ ИНРО ДОНИСТАН ДАРКОР?

Вақте ту фикру ақидаи худро дорӣ, намемонӣ, ки бозичаи дасти дигарон шавӣ.

ТУ МЕБУДӢ, ЧӢ КОР МЕКАРДӢ?

Ин воқеаро тасаввур кун: дар роҳи мактаб ду ҳамсинфаш пеши Бежан меоянд. Онҳоро дида, дилаш гуп-гуп задан мегирад. Ин ҳафта аллакай ду бор онҳо ба ӯ сигор пешкаш карда буданд. Ду бор Бежан «не» гуфт. Ин дафъаи сеюм аст.

Якум ҳамсинфаш салом карда, мегӯяд:

«Ҳа, Бежан, тоқа гаштӣ? Биё, бо як ҷӯрам тура шинос кунам».

Ӯ дасташро ба кисааш бурда, чизеро аз он мебарорад ва ба Бежан дароз мекунад. Дили Бежан боз ҳам сахттар мезанад.

Бежан мебинад, ки «ҷӯра»-и гуфтагиаш сигарет аст ва дамаш ба дарун мезанад.

«Э бача, ман гуфтам-ку, ин хел чиза наме...»

Ҳамсинфи дуюмаш гапи ӯро бурида мегӯяд: «Неки ту тарсончак будай!»

«Не, ман тарсончак нестам»,— тамоми ғайраташро ҷамъ карда мегӯяд Бежан.

Ҳамсинфи дуюмаш дасташро ба китфи Бежан монда, бо овози дӯстона мегӯяд: «Гир, Бежан. Ман медонам, ки ту мардӣ».

Ҳамсинфи якумаш сигаретро ба рӯи ӯ наздиктар меорад ва бо овози паст мегӯяд: «Натарс, гир. Мо ба ягон кас намегӯем».

Агар ту ба ҷойи Бежан мебудӣ, чӣ кор мекардӣ?

ИСТО ВА ФИКР КУН!

Ба фикри ту, оё дӯстони Бежан дар бораи дуруст ё нодуруст будани сигоркашӣ фикр карда буданд? Оё онҳо худашон хостанд ба ин кор даст зананд? Аз афташ, не. Бисёри ҷавонон ба таъсири ҳамсолонашон дода мешаванд. Онҳо барои ба ҳамсолон маъқул шудан мисли онҳо рафтор мекунанд.

Агар ту ҳам мисли Бежан ба ин хел ҳолат рӯ ба рӯ мешудӣ, бароиба таъсири ҳамсолон муқобилат кардан чӣ кор мекардӣ?

  1. ХАТАРРО ПЕШАКӢ БИН

    Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Шахси бофаросат мусибатро мебинад, ва пинҳон мешавад: вале содадилон гузашта мераванд, ва ҷазо меёбанд» (Масалҳо 22:3).

    Баъзан хатарро пешакӣ дидан мумкин аст. Масалан, ту рафта истодаӣ ва аз дур мебинӣ, ки як гурӯҳ ҳамсинфонат сигор кашида истодаанд. Агар ту пешакӣ фикр кунӣ, ки чӣ рӯй дода метавонад, боақлона рафтор мекунӣ.

  2. ФИКР КУН

    Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бигзор виҷдони шумо пок бошад» (1 Петрус 3:16).

    Аз худ бипурс: «Агар ман мисли дигарон рафтор кунам, чӣ ҳис мекунам?» Агар ин хел кунӣ, мумкин дар аввал ту худро дар байни ҳамсинфон одами худӣ ҳис кунӣ. Лекин баъдтар-чӣ? Оё ту тайёрӣ, ки барои ба ҳамсинфонат маъқул шудан аз фикру ақидаҳои худ даст кашӣ? (Хуруҷ 23:2).

  3. АМАЛ КУН

    Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бофаросат ба ҳар қадами худ диққат медиҳад» (Масалҳо 14:15).

    Чӣ қароре ки қабул кунем, як рӯз не, як рӯз оқибаташро мечашем. Дар Китоби Муқаддас дар бораи Юсуф, Яъқуб ва Исо гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳо қарорҳои дуруст қабул карданд. Ҳамчунин дар он дар бораи Қобил, Эсов ва Яҳудо нақл карда мешавад, ки интихоби нодуруст карданд. Ту чӣ кор мекунӣ?

«Ба некӣ бичаспед» (Румиён 12:9). Агар ту қарор қабул кунӣ ва дар бораи оқибаташ фикр намоӣ, ту нотарсона фикратро ба дигарон мегӯӣ. Баъд аз ин ту оромиро ҳис мекунӣ.

Шарт нест, ки вақте ҳамсолонат туро ба кори бад тела медиҳанд, ба онҳо дар бораи одобу ахлоқ лексия хонӣ. Танҳо бо боварӣ «НЕ» гуфтан бас аст. Ё ки барои қувват додани гапи худ метавонӣ илова кунӣ:

  • «Ман ба ин чизҳо даст намезанам!»

  • «Гапи ман якта!»

  • «Биёед монед, шумо мана медонед-ку!»

Асосаш ҳамин ки барои ин хел вазъиятҳо бояд ҷавобат тайёр бошад ва бо боварӣ гап занӣ. Агар ин хел кунӣ, мебинӣ, ки ҳамсолонат дигар ба ту кордор намешаванд.

ВАҚТЕ ТУРО МАСХАРА МЕКУНАНД...

Агар ту ҳам мисли Бежан ба ин хел ҳолат рӯ ба рӯ мешудӣ, барои ба таъсири ҳамсолон муқобилат кардан чӣ кор мекардӣ?

Агар ҳамсолонат ба ту ягон чиз пешкаш кунанд ва ту розӣ нашавӣ, онҳо шояд туро масхара кунанд. Мумкин онҳо чунин гӯянд: «Биё мон! Тарсончакӣ накун!» Бо ин роҳ онҳо кӯшиш мекунанд, ки туро идора кунанд. Ту чӣ хел рафтор карда метавонӣ? Ду вариант дорӣ:

  • Бо масхара «розӣ» шавӣ. («Ҳа, ман метарсам». Баъд кӯтоҳакак сабабашро фаҳмон.)

  • Ба масхара ҷавоб гардонӣ. Сабаби розӣ нашуданатро фаҳмон ва бо ягон гап кӯшиш кун ақлашонро бедор кунӣ. («Одамони боақл метобед, лекин як корҳое мекунед ки...»)

Агар онҳо фишор оварданро давом диҳанд, хеста рав! Чи қадаре ки бисёртар истӣ, ҳамон қадар таъсири онҳо бештар мешавад. Бо ин рафторат ту нишон медиҳӣ, ки ба ягон кас намегузорӣ, ки хӯҷаини ҳаёти ту бошад.

Албатта, ту аз таъсири ҳамсолон гурехта наметавонӣ. Лекин ту ҳама вақт метавонӣ худат қарор кунӣ, ки розӣ шавӣ ё не ва фикратро ба дигарон гӯӣ. Ту соҳиби ҳаёти худ ҳастӣ. Ихтиёр дар дасти туст! (Еҳушаъ ибни Нун 24:15).