Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 10

Оё Китоби Муқаддас ба ман ёрдам карда метавонад?

Оё Китоби Муқаддас ба ман ёрдам карда метавонад?

БАРОИ ЧӢ ИНРО ДОНИСТАН ДАРКОР?

Китоби Муқаддас мегӯяд: «Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист» (2 Тимотиюс 3:16). Агар Китоби Муқаддас дар ҳақиқат аз тарафи Худо бошад, он барои ту роҳнамои хуб шуда метавонад.

ТУ МЕБУДӢ, ЧӢ КОР МЕКАРДӢ?

Ин воқеаро тасаввур кун: Довуд дар ҷойи торике қадам зада истодааст. Ногоҳ ӯ мефаҳмад, ки раҳгум задааст.

Агар ту ба ҷойи Довуд мебудӣ, чӣ кор мекардӣ?

ИСТО ВА ФИКР КУН!

Ту се вариант дорӣ:

  1. Аз ягон кас роҳро пурсӣ.

  2. Рӯшноиро истифода барӣ (масалан, фонарикро).

  3. Рафтанро давом диҳӣ, ба умеде ки ба роҳи дуруст мебароӣ.

Варианти сеюм варианти аз ҳама бадтар аст.

Варианти дуюм аз якум каме беҳтар аст, чунки фонарик ҳама вақт ҳамроҳи туст.

Ҳамин тавр ҳам Китоби Муқаддас роҳи туро равшан карда метавонад!

Китоби Муқаддас китоби аз ҳама паҳншуда аст. Он метавонад...

  • вақти душвориҳо роҳнамоӣ кунад

  • ба ту ёрдам кунад, ки худатро хуб фаҳмӣ ва беҳтар шавӣ

  • ба ту роҳи ҳаёти беохирро нишон диҳад.

БА САВОЛҲОИ МУҲИМИ ЗИНДАГӢ ҶАВОБ ЁБ

Мо, одамон, ҳамин ки гап заданро ёд мегирем, савол доданро сар мекунем.

  • Барои чӣ осмон кабуд аст?

  • Ситораҳо аз чӣ сохта шудаанд?

Вақте калонтар мешавем, боз дигар саволҳоро медиҳем.

Китоби Муқаддас ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб медиҳад.

Бисёри одамон мегӯянд, ки Китоби Муқаддас пур аз афсонаву ривоят аст, кӯҳна шудааст ва ё дигар карда шудааст. Лекин он одамон дар бораи Китоби Муқаддас фикри нодуруст доранд.

Масалан, ба фикри баъзеҳо, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳокими ин ҷаҳон Худост. Лекин оё ин гап рост аст? Дунёи имрӯза пур аз ранҷу азоб ва бадбахтиву марг аст! Он чаппаву роста шуда истодааст! Наход, ки ҳамаи ин аз тарафи Худои меҳрубон бошад?

Оё мехоҳӣ ҷавоби ин саволро донӣ? Ҷавоби Китоби Муқаддасро фаҳмида, ту ҳайрон мешавӣ!

Мумкин, ту аллакай дидӣ, ки маслиҳатҳои ин китобча аз Китоби Муқаддас гирифта шудаанд. Шоҳидони Яҳува бовар доранд, ки хиради Китоби Муқаддас ба мо ёрдам карда метавонад. Он аз тарафи Худост ва «барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ... фоиданок аст» (2 Тимотиюс 3:16, 17). Он китоби қадима аст, лекин то имрӯз қадрашро гум накардааст. Бо Китоби Муқаддас шинос шав, ҳаргиз пушаймон намешавӣ!