Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 4

Сарсухан пеш аз оят

Сарсухан пеш аз оят

Матто 22:41–45

МАҚСАДИ ДАРС: Ақлу дили шунавандагонро ба шунидани оят тайёр кунед.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Мақсади хондани оятро муайян кунед. Пеш аз хондани оят диққати шунавандагонро ба фикри асосие, ки дар оят аст, равона созед.

  • Китоби Муқаддасро чун манбаи боваринок муаррифӣ кунед. Вақте ки бо шахсони имондор гап мезанед, диққатро ба он равона кунед, ки Китоби Муқаддас Каломи Худост ва сазовори боварӣ аст.

  • Дар шахс ҳаваси шунидани оятро бедор кунед. Саволе диҳед, ки ҷавобаш дар оят бошад. Дар бораи душворие гӯед, ки дар оят оид ба ҳалли он маслиҳат оварда шудааст. Ҳамчунин метавонед принсиперо қайд намоед ва сипас гӯед, ки чӣ тавр воқеаи дар Китоби Муқаддас овардашуда онро равшантар мекунад.