Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 10

Тағйири оҳанги овоз

Тағйири оҳанги овоз

Аъмол 16:28

МАҚСАДИ ДАРС: Баландии овоз ва оҳангу суръати гапзаниатонро тағйир дода, фикрҳоро равшан созед ва ба дили шунавандагон таъсир расонед.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Баландии овозатонро тағйир диҳед. Вақте ки ягон фикри муҳимро қайд карданиед ё мехоҳед шунавандагонро ба чизе барангезед, овозатонро баландтар кунед. Ҳукму довариҳоро низ бо овози баланд хонед. Лекин, вақте мехоҳед, ки тарсу ошуфтагиро нишон диҳед ё дили шунавандагонро ба шунидани ягон фикр тайёр кунед, овозатонро пасттар намоед.

  • Оҳанги овозатонро тағйир диҳед. Бо оҳанги овозатон шодиву хурсандӣ ё ғамгинию хавотириро нишон диҳед. Ҳамчунин барои нишон додани масофа ё ҳаҷми чизе баъзе садонокҳои калимаро кашида талаффуз кардан мумкин аст.

  • Суръати гапзаниатонро тағйир диҳед. Барои нишон додани хурсандӣ ва ҳаяҷон тезтар гап занед. Лекин, вақте ки ягон фикри муҳимро қайд кардан мехоҳед, оҳистатар гап занед.