Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 14

Фикрҳои асосиро қайд кунед

Фикрҳои асосиро қайд кунед

Ибриён 8:1

МАҚСАДИ ДАРС: Ба шунавандагон кӯмак кунед, ки мантиқу пайвасти нутқатонро пай баранд. Аниқу равшан нишон диҳед, ки чӣ тавр ҳар як фикри асосӣ бо мавзӯъ ва мақсади нутқ алоқаманд аст.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Мақсади аниқ дошта бошед. Дар бораи мақсади нутқатон фикр кунед. Мақсади шумо ба шунавандагон маълумот додан, онҳоро боварӣ бахшидан ё ба амал барангехтан аст? Инро ба назар гирифта нутқатонро тартиб диҳед. Ҳар як фикри асосии нутқ бояд ёрдам кунад, ки ба мақсад расед.

  • Мавзӯъро хотиррасон кунед. Дар рафти нутқ як-як мавзӯи онро қайд намоед. Барои ин калимаҳои асосии номи нутқ ё калимаҳои ҳаммаънояшонро такрор кунед.

  • Фикрҳои асосиро одӣ ва фаҳмо баён кунед. Ҳар як фикри асосие, ки интихоб мекунед, бояд бо мавзӯъ алоқаманд бошад ва ба шумо имкон диҳад, ки дар давоми вақте, ки доред, самаранок таълим диҳед. Миқдори фикрҳои асосиро зиёд накунед ва ҳар кадомашро аниқу равшан қайд намоед. Ҳамчунин баъди муҳокимаи ҳар як фикр каме истед ва аз як фикр ба дигараш напаред, балки онҳоро бо ҳам пайваст кунед.