Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 18

Суханони ҷолибу пурмазмун

Суханони ҷолибу пурмазмун

1 Қӯринтиён 9:19–23

МАҚСАДИ ДАРС: Шунавандагонро ба мулоҳиза рондан водор кунед, то ҳис кунанд, ки чизи муҳимеро омӯхтанд.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Фикр кунед, ки шунавандагонатон чиро медонанд. Маълумотеро, ки ба шунавандагон аллакай шинос аст, айнан ва якранг такрор накунед. Барои он ки онҳо ба мавзӯи шинос назари тоза пайдо кунанд, онро ҷолибу шавқовар пешкаш намоед.

  • Тадқиқ ва мулоҳиза кунед. Барои фаҳмондани фикрҳои асосӣ аз рӯйи имкон далелҳои барои шунавандагон нав ё рӯйдодҳои охиринро оред. Мулоҳиза ронед, ки чӣ тавр далелҳое, ки оварданиед, бо мавзӯатон алоқаманд аст.

  • Муфид будани маълумотро нишон диҳед. Ба шунавандагон фаҳмонед, ки чӣ тавр маслиҳатҳои Китоби Муқаддас дар ҳаёти ҳаррӯза ба онҳо ёрӣ дода метавонанд. Муҳокима кунед, ки чӣ тавр дар ин ё он вазъияти аниқ суханони Китоби Муқаддас ба фикру ҳиссиёт ва рафторамон таъсир мерасонад.