Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 12

Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки омӯзишро давом диҳед?

Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки омӯзишро давом диҳед?

Омӯзиши Китоби Муқаддас манфиати зиёд меорад. Вале ин кор на ҳама вақт осон аст. Шахс ҳатто фикр карда метавонад, ки омӯзишро давом диҳад ё не. Вале чаро омӯзиш кардан ба кӯшишу ғайрат меарзад? Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки новобаста ба душвориҳо омӯзишро давом диҳед?

1. Чаро омӯзиши Китоби Муқаддас муҳим аст?

«Каломи Худо зиндаву таъсирбахш аст» (Ибриён 4:12). Китоби Муқаддасро омӯхтан муҳим аст, зеро дар он фикру ҳиссиёти Худо оварда шудааст. Он ба шумо на танҳо дониш, балки хирад ва умед низ мебахшад. Вале аз ҳама муҳимаш ин ки, бо ёрии Китоби Муқаддас шумо дӯсти Яҳува шуда метавонед ва ҳаётатон беҳтар мегардад.

2. Чаро бояд ба қадри ҳақиқати Калом расем?

Ҳақиқати Китоби Муқаддас ганҷи бебаҳо аст. Дар Каломи Худо гуфта мешавад: «Ростиро бихар ва ҳеҷ гоҳ нафурӯш» (Панднома 23:23). Вақте мо пурарзиш будани ҳақиқатро дарк менамоем, кӯшиш мекунем, ки нигоҳ накарда ба душвориҳо омӯзишро давом диҳем. (Панднома 2:4, 5-ро хонед.)

3. Чӣ тавр Яҳува ба шумо кумак карда метавонад, ки омӯзишро давом диҳед?

Яҳува Офаридгори пурқудрат ва дӯсти шумост. Ӯ мехоҳад шумо дар борааш дониш гиред ва дар ин ба шумо кумак мекунад. Яҳува ба шумо «ҳам хоҳишу ҳам қувват медиҳад», ки Каломашро омӯзед ва чизи фаҳмидаатонро ба кор баред. (Филиппиён 2:13-ро хонед.) Агар бо зиддият ё душвориҳои сахт рӯ ба рӯ шавед, Яҳува дасти шуморо мегирад, то устувор монед. Пайваста дар дуо аз ӯ мадад пурсед, то омӯзишро бас накунед (1 Таслӯникиён 5:17).

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки чӣ тавр новобаста ба серкориву ташвишҳои зиндагӣ ва зиддият омӯзишро давом дода метавонед. Сипас дида бароед, ки чӣ тавр Яҳува дар ин кор ба шумо кумак мекунад.

4. Омӯзиши Китоби Муқаддасро дар ҷойи аввал монед

Баъзан барои омӯзиш вақт ҷудо кардан хеле душвор мешавад, чунки корамон аз мӯйи сар зиёд аст. Пас, чӣ бояд кард? Филиппиён 1:10-ро хонед, сипас якҷоя саволҳои зеринро дида бароед:

  • Ба фикратон, дар ҳаёт «кадом чизҳо муҳимтаранд»?

  • Чӣ тавр нишон дода метавонед, ки омӯзиши Калом бароятон муҳим аст?

  1. А. Агар ба даруни зарф аввал қум резеду баъд санг, ҳамаи сангҳо намеғунҷанд

  2. Б. Вале, агар аввал сангҳоро ба зарф монед, қариб ҳамаи қум дар он меғунҷад. Ба ин монанд, агар «чизҳои муҳимтарро» дар ҷойи аввал монед, ҳам корҳои муҳимро ба ҷо меореду ҳам корҳои дигарро

Омӯзиши Китоби Муқаддас ёрӣ медиҳад, ки аз Худо роҳнамоӣ гирем ва ӯро дуруст парастиш кунем. Матто 5:3-ро хонед, сипас ба савол ҷавоб диҳед:

  • Вақте мо омӯзишро дар ҷойи аввал мегузорем, чӣ манфиат мегирем?

5. Дар зиддиятҳо устувор монед

Баъзан дигарон моро аз роҳ мезананд, то омӯзиши Каломи Худоро бас кунем. Франческо ном марде бо чунин зиддият рӯ ба рӯ шуда буд. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас якҷоя саволҳоро дида бароед.

  • Вақте дӯстон ва аҳли хонаводаи Франческо фаҳмиданд, ки ӯ Китоби Муқаддасро меомӯзад, чӣ тавр муносибат карданд?

  • Истодагарии Франческо чӣ самар овард?

2 Тимотиюс 2:24, 25-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Дӯстону хешовандони шумо дар бораи омӯзиш карданатон чӣ мегӯянд?

  • Мувофиқи ин оятҳо, вақте ба дигарон омӯзиш кардани шумо хуш наояд, шумо бояд чӣ кор кунед?

6. Ба Яҳува такя кунед

Дар баробари зиёд шудани донишамон хоҳиши ба Яҳува писанд омадан низ зиёд мешавад. Вале ҳаёти худро тағйир додан ва мувофиқи меъёрҳои Худо зиндагӣ кардан на ҳама вақт осон аст. Агар барои шумо низ ин душвор бошад, рӯҳафтода нашавед — Яҳува ҳатман ба мададатон мерасад. Видеоро тамошо кунед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Барои ба Яҳува писанд омадан Ҷим аз кадом ҷиҳат ислоҳ шуд?

  • Ба шумо аз саргузашти ӯ чӣ маъқул шуд?

Ибриён 11:6-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Яҳува барои шахсоне, ки «ӯро аз таҳти дил мекобанд», яъне дар борааш дониш гирифта, ризояшро соҳиб шудан мехоҳанд, чӣ кор мекунад?

  • Вақте Яҳува мебинад, ки шумо Каломашро меомӯзед, хурсанд мешавад? Фаҳмонед?

БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Аз омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ фоида?»

  • Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Ҳарчанд омӯзиши Каломи Худо на ҳама вақт осон аст, ба туфайли он шумо соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шуда метавонед. Минбаъд низ ба Яҳува таваккал кунед ва ӯ ҳатман шуморо мукофот медиҳад.

Такрор

  • Чаро ҳақиқати Каломи Худо бароятон пурарзиш аст?

  • Чӣ тавр фаҳмида метавонед, ки «кадом чизҳо муҳимтаранд»?

  • Чаро бояд аз Яҳува кумак пурсед, ки омӯзишро давом диҳед?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки кадом маслиҳатҳо ба бисёриҳо кумак карданд, ки вақташонро хирадмандона истифода баранд.

«Чӣ тавр вақтро дуруст истифода барем?» («Бедор шавед!», феврали с. 2014)

Як мард намефаҳмид, ки чаро занаш ба Худо хизмат кардан мехоҳад. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр Яҳува ба он зан кумак кард.

«Яҳува мададгори ман аст» (5:05)

Фаҳмед, ки чӣ тавр истодагарии як зан ба шавҳараш манфиат овард.

«Ман Китоби Муқаддасро “аз ғалбер гузарондам”» (6:30)

Баъзан Шоҳидони Яҳуваро айбдор мекунанд, ки онҳо оилаҳоро вайрон мекунанд. Оё ин ақида дуруст аст?

«Оё Шоҳидони Яҳува оилаҳоро вайрон мекунанд?» (Мақола аз сомона)