Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 18

Пайравони ҳақиқии Масеҳ кистанд?

Пайравони ҳақиқии Масеҳ кистанд?

Миллиардҳо одамон худро масеҳӣ меҳисобанд. Лекин на эътиқоди онҳо як асту на рафтору кирдорашон. Пас, пайравони ҳақиқии Масеҳро чӣ тавр шинохтан мумкин аст?

1. Масеҳӣ кист?

Масеҳӣ касест, ки шогирд, ё пайрави, Исои Масеҳ мебошад. (Корнома 11:26-ро хонед.) Чӣ нишон медиҳад, ки шахс шогирди Исо аст? Ба ин савол худи Исо равшанӣ андохта буд: «Агар ҳамеша ба гуфти ман кунед, дар ҳақиқат, шогирдони ман ҳастед» (Юҳанно 8:31). Аз ин бармеояд, ки масеҳӣ бояд аз рӯйи таълимоти Исо зиндагӣ кунад. Ҳамчунин, чи хеле таълимоти Исо бар Навиштаҳо асос меёфт, таълиму эътиқоди масеҳиёни ҳақиқӣ низ бояд аз рӯйи Китоби Муқаддас бошад. (Луқо 24:27-ро хонед.)

2. Чӣ нишон медиҳад, ки масеҳиёни ҳақиқӣ муҳаббат доранд?

Исо ба пайравонаш гуфта буд: «Чуноне ки ман шуморо дӯст медорам, шумо низ якдигарро дӯст доред» (Юҳанно 15:12). Чӣ тавр Исо нишон медод, ки шогирдонашро дӯст медорад? Ӯ бо онҳо вақт мегузаронд, онҳоро рӯҳбаланд мекард ва дастгирӣ менамуд. Исо барои онҳо ҳатто ҷонашро қурбон кард (1 Юҳанно 3:16). Ба ин монанд, масеҳиёни ҳақиқӣ бо гуфтору рафторашон нишон медиҳанд, ки якдигарро дӯст медоранд.

3. Масеҳиёни ҳақиқӣ бо кадом кор банданд?

Исо ба шогирдонаш супорише дод. Ӯ «онҳоро фиристод, то хабари Подшоҳии Худоро эълон намоянд» (Луқо 9:2). Аз ин рӯ масеҳиёни асри як на танҳо дар ибодатхонаҳо, балки дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хона ба хона хабари Худоро ба мардум мерасонданд. (Корнома 5:42; 17:17-ро хонед.) Ба ин монанд, имрӯз масеҳиёни ҳақиқӣ дар ҳама ҷо хушхабарро паҳн мекунанд. Онҳо аз муҳаббат ба одамон вақту қувваташонро дареғ надошта, аз Китоби Муқаддас паёми умедбахшу тасаллиоварро мерасонанд (Марқус 12:31).

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки чӣ тавр масеҳиёни ҳақиқиро аз онҳое, ки аз рӯйи таълиму намунаи Исо зиндагӣ намекунанд, фарқ кардан мумкин аст.

4. Онҳо Китоби Муқаддасро меомӯзанд

Масеҳиёни асри як Каломи Худоро меомӯхтанд

На ҳамаи онҳое, ки худро масеҳӣ меҳисобанд, ҳақиқати Каломро донистан мехоҳанд. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволро дида бароед.

  • Чӣ тавр роҳбарони баъзе калисоҳо намегузоштанд, ки одамон бо таълимоти Исо шинос шаванд?

Исо ҳақиқати Каломи Худоро таълим медод. Юҳанно 18:37-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Аз рӯйи гуфти Исо, чӣ тавр масеҳиёнеро, ки тарафдори ростиянд, шинохтан мумкин аст?

5. Онҳо ҳақиқати Каломро мерасонанд

Масеҳиёни асри як хушхабарро мерасонданд

Исо, пеш аз он ки ба осмон равад, ба пайравонаш супорише дод, ки то имрӯз иҷро мегардад. Матто 28:19, 20 ва Корнома 1:8-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Хушхабар то кадом андоза бояд паҳн шавад?

6. Онҳо аз рӯйи ҳақиқати Калом зиндагӣ мекунанд

Чӣ Томро бовар бахшид, ки ӯ масеҳиёни ҳақиқиро ёфт? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  • Чаро дили Том аз дин хунук шуд?

  • Чаро ӯ дилпур шуд, ки ҳақиқатро ёфт?

Як амал аз сухани бисёр беҳтар аст. Матто 7:21-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Чӣ дар назари Исо муҳимтар аст — дар сухан имондор будан ё дар амал?

7. Онҳо якдигарро дӯст медоранд

Масеҳиёни асри як якдигарро дӯст медоштанд

Оё масеҳиён воқеан ҳам барои якдигар ҷонашонро дареғ намедоранд? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  • Чаро бародар Лойд барои бародар Ёҳансон ҳаёташро зери хатар гузошт?

  • Оё гуфтан мумкин аст, ки ӯ мисли масеҳии ҳақиқӣ амал кард?

Юҳанно 13:34, 35-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Пайравони ҳақиқии Исо ба одамони миллату нажодашон гуногун чӣ тавр муносибат мекунанд?

  • Чӣ тавр онҳо дар давраи ҷанг муҳаббаташонро нишон медиҳанд?

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Масеҳиён ба корҳои нораво даст мезананд, пас, чӣ тавр динашон ҳақиқӣ буда метавонад?»

  • Шумо ба воситаи кадом оят нишон дода метавонед, ки масеҳиёни ҳақиқӣ чӣ гунаанд?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Масеҳиёни ҳақиқӣ аз рӯйи гуфтаҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунанд, якдигарро дӯст медоранд ва паёми Каломи Худоро ба дигарон мерасонанд.

Такрор

  • Эътиқоди масеҳиёни ҳақиқӣ бар чӣ асос меёбад?

  • Масеҳиёни ҳақиқиро аз рӯйи кадом хислаташон шинохтан мумкин аст?

  • Масеҳиёни ҳақиқӣ бо кадом кори муҳим банданд?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр як гурӯҳ одамон бо ҷидду ҷаҳд мувофиқи гуфтаҳои Исо амал мекунанд.

«Шоҳидони Яҳува киҳоянд?» (1:13)

Фаҳмед, ки чӣ тавр масеҳиёни ҳақиқӣ ҳамимонони худро дар амал дӯст медоранд.

«Кумак ба ҳамимонон дар офатҳои табиӣ» (порча) (3:57)

Фаҳмед, ки чӣ тавр пайравони ҳақиқии Исо имрӯз мисли масеҳиёни асри як амал мекунанд.

«Нишонаи пайравони ҳақиқии Масеҳ» («Бурҷи дидбонӣ», 1 марти с. 2012)