Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 24

Ҳақиқат дар бораи фариштагон

Ҳақиқат дар бораи фариштагон

Яҳува мехоҳад, ки мо дар бораи оилаи осмониаш донем. Ин оила фариштагонро дар бар мегирад ва онҳо «писарони Худо» номида шудаанд (Айюб 38:7). Дар Каломи Худо дар бораи фариштагон чӣ гуфта шудааст? Оё онҳо ба ҳаёти одамон таъсир мерасонанд? Оё ҳамаи фариштаҳо узви оилаи Худо ҳисоб меёбанд?

1. Фариштагон кистанд?

Фариштагон офаридаи рӯҳӣ буда, дар осмон зиндагӣ мекунанд (Ибриён 1:14). Худо онҳоро пеш аз бунёд кардани замин офаридааст. Дар осмон миллионҳо фариштагон зиндагӣ мекунанд ва ҳамаи онҳо аз якдигар фарқ мекунанд (Ошкорсозӣ 5:11). Ин офаридаҳои ноаён «сухани ӯро [Яҳуваро] ба ҷо оварда, ба овозаш» гӯш медиҳанд (Забур 103:20). Дар замонҳои қадим Яҳува ба воситаи фариштагон ба халқаш пайғом мефиристод, онҳоро дастгирӣ мекард ва наҷот медод. Дар рӯзҳои мо бошад, фариштагон пайравони Исоро сӯйи одамони самимӣ роҳнамоӣ мекунанд.

2. Шайтон ва девҳояш кистанд?

Баъзе фариштагон ба Яҳува вафодор намонданд. Аввалин фариштае, ки зидди Худо баромад, «Иблис ва Шайтон ном дорад ва тамоми дунёро гумроҳ мекунад» (Ошкорсозӣ 12:9). Шайтон мехост бар дигар офаридаҳо ҳоким бошад, аз ин рӯ Одаму Ҳаво ва баъдтар ҳатто фариштагонро зидди Худо барангехт. Он фариштагоне, ки ба исёни Шайтон ҳамроҳ шуданд, дев ном гирифтанд. Яҳува онҳоро аз осмон ба замин ронд, дар оянда бошад, онҳоро несту нобуд месозад. (Ошкорсозӣ 12:9, 12-ро хонед.)

3. Чӣ тавр Шайтон ва девҳо моро гумроҳ карданӣ мешаванд?

Шайтон ва девҳояш бисёр одамонро бо сеҳру ҷоду гумроҳ мекунанд. Масалан, баъзе одамон ба толеъшинос, фолбин ё табиби ҷодугар рӯ оварда, маслиҳат мепурсанд. Баъзеҳо бошанд, бо тарзҳое табобат мекунанд, ки сеҳру ҷодуро дар бар мегирад. Одамон инчунин ба доми Шайтону девҳо афтида, бовар мекунанд, ки бо мурдагон гап зада метавонанд. Лекин Яҳува моро огоҳ мекунад: «Ба пурсандагони арвоҳ рӯ наоваред ва бо фолбинон маслиҳат накунед» (3 Мӯсо 19:31). Ин огоҳии Худо моро аз Шайтон ва девҳо муҳофизат мекунад. Онҳо душманони Худоянд ва мехоҳанд ба мо зарар расонанд.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки фариштагон чӣ корҳои нек мекунанд, сеҳру ҷоду чӣ хатар дорад ва чӣ тавр мо худро аз Шайтону девҳо муҳофизат карда метавонем.

4. Бо кумаки фариштагон одамон дар бораи Яҳува мефаҳманд

Фариштагон худашон ба одамон хушхабарро нарасонанд ҳам, хизматгорони Худоро назди онҳо равона мекунанд. Ошкорсозӣ 14:6, 7-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Чаро барои паҳн кардани хушхабар ба мо кумаки фариштагон лозим аст?

  • Фариштагон шуморо низ ба назди одамоне, ки ба ҳақиқати Калом ниёз доранд, равона карда метавонанд. Шумо аз донистани ин чӣ рӯҳбаландӣ мегиред?

5. Аз сеҳру ҷоду дур шавед

Шайтон ва девҳо душмани Яҳуваанд. Онҳо ба мо низ душманӣ мекунанд. Луқо 9:38–42-ро хонед, сипас ба саволи зер ҷавоб диҳед:

  • Девҳо ба одамон чӣ гуна муносибат мекунанд?

Мо намехоҳем, ки бо девҳо сарукор дошта бошем. 5 Мӯсо 18:10–12-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Чӣ тавр девҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мо таъсир расонанд ва бо мо робита дошта бошанд? Дар маҳалли шумо онҳо кадом роҳҳоро истифода мебаранд?

  • Ба фикратон, дуруст аст, ки Яҳува ба сеҳру ҷоду даст заданро манъ кардааст? Чаро шумо чунин фикр мекунед?

ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Ба фикратон, дастбанди духтарчаи Пелеса таъсири бад расонда метавонист? Фаҳмонед.

  • Барои аз девҳо худро муҳофизат кардан Пелеса бояд чӣ кор мекард?

Пайравони ҳақиқии Исо бо девҳо тамоман робита надоштанд. Корнома 19:19 ва 1 Қӯринтиён 10:21-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чаро чизҳои ҷодугариро нест кардан даркор аст?

6. Бар Шайтон ва девҳояш ғолиб оед

Девҳо ба Шайтон итоат мекунанд, лекин фариштагони содиқ зери итоати Микоили сарвари фариштагон, яъне Исо, мебошанд. Микоил чӣ гуна қудрат дорад? Ошкорсозӣ 12:7–9-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Кӣ зӯртар аст: Микоилу фариштагонаш ё Шайтону девҳояш?

  • Ба фикратон, пайравони Исо бояд аз Шайтон ва девҳояш ба тарсу ларз оянд?

Шумо бар Шайтону девҳояш дастболо шуда метавонед. Яъқуб 4:7-ро хонед, сипас ба саволи зер ҷавоб диҳед:

  • Чӣ тавр шумо худро аз Шайтон ва девҳояш муҳофизат карда метавонед?

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Бозиҳои компютерӣ ва филмҳое, ки сеҳру ҷоду доранд, ягон бадӣ надоранд. Охир, ин танҳо вақтхушӣ аст».

  • Чаро ин тавр фикр кардан хатарнок аст?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Фариштагони Худо ба мо кумак мекунанд. Шайтон ва девҳо бошанд, душмани Яҳуваанд ва бо сеҳру ҷоду одамонро гумроҳ мекунанд.

Такрор

  • Чӣ тавр фариштагони Худо ба одамон кумак мекунанд, ки дар бораи Худо дониш гиранд?

  • Шайтон ва девҳояш кистанд?

  • Чаро шумо аз сеҳру ҷоду дур будан мехоҳед?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки чаро мо бовар дорем, ки Исо Микоили сарвари фариштагон аст.

«Микоили сарвари фариштагон кист?» (Мақола аз сомона)

Исботи онро дида бароед, ки Шайтон танҳо рамзи бадӣ нест.

«Оё Шайтон вуҷуд дорад?» (Мақола аз сомона)

Фаҳмед, ки чӣ тавр як зан аз банди девҳо халос шуд.

«Ҳаёти ӯ маъно пайдо кард» («Бурҷи дидбонӣ», 1 июли с. 1993)

Бинед, ки чӣ тавр Шайтон бо сеҳру ҷоду одамонро фиреб медиҳад.

«Ҳақиқат дар бораи сеҳру ҷоду ва фолбинӣ» («Роҳ сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ», қисми 5)