Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 27

Чӣ тавр марги Исо моро наҷот медиҳад?

Чӣ тавр марги Исо моро наҷот медиҳад?

Аз пушти беитоатии Одаму Ҳавво мо гунаҳкор шудем, барои ҳамин имрӯз азоб мекашему мемирем a. Вале мо ноилоҷ нестем. Яҳува чора андешид, то моро ба воситаи Писараш, Исои Масеҳ, аз чанголи гуноҳу марг халос кунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Исо ҳаёташро қурбон карда, барои гуноҳи инсони аввалин товон дод. Ӯ бо баҳои ҷони худ одамизодро аз банди гуноҳу марг озод кард. (Матто 20:28-ро хонед.) Исо метавонист дар рӯйи замин ҷовидона зиндагӣ кунад, вале аз ин имконият даст кашид, то одамон баракатҳоеро, ки Одаму Ҳавво аз даст доданд, соҳиб шаванд. Исо товон дода, инчунин нишон дод, ки то чӣ андоза ӯву Яҳува моро дӯст медоранд. Ин дарс миннатдории шуморо барои марги Исо бештар мегардонад.

1. Мо имрӯз аз қурбонии Исо чӣ фоида мегирем?

Мо ки гунаҳкорем, Яҳуваро бисёр хафа мекунем. Вале, агар аз таҳти дил пушаймон шавем ва ба воситаи Исои Масеҳ аз Худо бахшиш пурсему кӯшиш кунем, ки хатоямонро такрор накунем, бо Яҳува дӯст мешавем (1 Юҳанно 2:1). Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Масеҳ як бор ва барои ҳамеша барои гуноҳҳои мо мурд, росткор ҷони худро барои бадкорон фидо кард, то шуморо сӯйи Худо роҳнамоӣ кунад» (1 Петрус 3:18).

2. Мо дар оянда аз қурбонии Исо чӣ манфиат мегирем?

Яҳува Исоро барои он фиристод, ки ҳаёти комилашро қурбон кунад, «то ҳар кӣ ба ӯ [Исо] имон дошта бошад, нобуд нашавад, балки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад» (Юҳанно 3:16). Қурбонии Исо аст, ки Яҳува ба наздикӣ натиҷаи беитоатии Одамро бартараф мекунад. Агар мо ба ин қурбонӣ имон дошта бошем, дар биҳишти рӯйи замин то абад зиндагӣ карда метавонем (Ишаъё 65:21–23).

БЕШТАР ФАҲМЕД

Дар бораи он ки чаро Исо ҳаёташро қурбон кард ва шумо аз ин чӣ манфиат мегиред, бисёртар дониш гиред.

3. Қурбонии Исо моро аз банди гуноҳ ва марг халос мекунад

ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.

  • Ба Худо беитоатӣ карда, Одам чиро аз даст дод?

Румиён 5:12-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Гуноҳи Одам ба ҳаёти шумо чӣ хел таъсир кард?

Юҳанно 3:16-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Чаро Яҳува Писарашро ба замин фиристод?

  1. А. Одам шахси комиле буд, ки гапи Худоро гӯш накарда, одамизодро ба гуноҳу марг гирифтор кард

  2. Б. Исо шахси комиле буд, ки ба гапи Худо гӯш дода, ба одамизод комилӣ ва ҳаёти абадӣ меорад

4. Қурбонии Исо ба тамоми инсоният манфиат меорад

ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволро дида бароед.

  • Чӣ тавр марги як кас ба тамоми одамизод манфиат оварда метавонад?

1 Тимотиюс 2:5, 6-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Одам комил буд, вале зидди Худо баромада, ба одамизод гуноҳ ва маргро мерос монд. Чӣ тавр Исо, ки мисли Одам комил буд, барои гуноҳи ӯ «товони мувофиқ дод»?

5. Қурбонии Исо ҳадияи Яҳува барои шумост

Дӯстони Яҳува қурбонии Исоро ҳадия меҳисобанд. Ғалотиён 2:20-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чӣ тавр Павлуси расул нишон дод, ки қурбонии Масеҳ ҳадия барои ӯст?

Баъди гуноҳи Одам ӯву наслаш ба марг маҳкум шуданд. Вале Яҳува Писарашро ба марг супурд, то шумо ҷовидона зиста тавонед.

Ҳангоми хондани оятҳои зерин тасаввур кунед, ки дарду азоби Исоро дида, Яҳува чӣ ҳис кард. Юҳанно 19:1–7, 16–18-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Вақте фаҳмидед, ки Яҳува ва Исо бароятон чӣ кор карданд, ин ба шумо чӣ хел таъсир кард?

БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Чӣ тавр қурбонии як кас ҳамаро аз марг наҷот дода метавонад?»

  • Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Яҳува дар асоси қурбонии Исо гуноҳҳои моро мебахшад ва сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ роҳ мекушояд.

Такрор

  • Чаро Исо мурд?

  • Чаро ҳаёти комили Исо «товони мувофиқ» буд?

  • Шумо аз қурбонии Исо чӣ манфиат мегиред?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки чаро қурбонии Исо «товон» номида шудааст.

«Чӣ тавр Исо ҷонашро қурбон карда, барои бисёриҳо товон дод?» (Мақола аз сомона)

Фаҳмед, ки барои наҷот ёфтан мо бояд чӣ кор кунем.

«Чӣ тавр Исо моро наҷот медиҳад?» (Мақола аз сомона)

Бинед, ки чӣ тавр қурбонии ҳазрати Исо ба марде кумак кард, ки одами дигар шавад.

«Ман дигар ғуломи зӯроварӣ нестам» (Мақола аз сомона)

a Гуноҳ на танҳо кори бад кардан аст, балки ҳамчунин майли нодурустест, ки мо аз Одаму Ҳавво мерос гирифтаем.