Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 28

Барои туҳфаи Яҳува ва Исо миннатдор бошед

Барои туҳфаи Яҳува ва Исо миннатдор бошед

Вақте дӯстатон ба шумо туҳфаи зебое медиҳад, чӣ ҳис мекунед? Бешак, шумо хеле хурсанд шуда, аз дӯстатон миннатдор мешавед. Яҳува ва Исо ба мо туҳфаи беҳамтое кардаанд. Ин чӣ гуна туҳфа аст ва мо чӣ тавр барои он сипосгузор буда метавонем?

1. Як роҳи ба Яҳува ва Исо сипосгузор будан кадом аст?

Дар Китоби Муқаддас ваъда дода шудааст, ки «ҳар кӣ ба ӯ [Исо] имон дошта бошад», то абад зиндагӣ мекунад (Юҳанно 3:16). Пас, имон доштан чӣ маъно дорад? Маънои ин на фақат ба Исо бовар доштан, балки имон варзидан, яъне бо қарору рафтор имонамонро нишон додан аст (Яъқуб 2:17). Агар ин тавр кунем, дӯстиамон бо Исо ва Падараш Яҳува мустаҳкам мешавад. (Юҳанно 14:21-ро хонед.)

2. Дар кадом маросим миннатдориамонро ба Яҳува ва Исо нишон дода метавонем?

Шоми пеш аз маргаш ҳазрати Исо дар бораи роҳи дигаре гуфт, ки шогирдонаш барои қурбонии ӯ миннатдорӣ нишон дода метавонанд. Исо дар бораи маросими махсусе гуфт, ки дар Каломи Худо «хӯроки шоми Ҳазрат» ном гирифтааст. Ин маросим боз чун Ёдбуди Исои Масеҳ маълум аст (1 Қӯринтиён 11:20). Исо мехост, ки расулон ва пайравони дигараш ба ёд оранд, ки ӯ ҳаёташро баҳри одамон қурбон кард. Исо дар хусуси ин маросим гуфта буд: «Инро барои ёдоварии ман ба ҷо оваред» (Луқо 22:19). Ба Ёдбуди Масеҳ омада, шумо нишон медиҳед, ки барои муҳаббати бузурги Яҳува ва Исо миннатдор ҳастед.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Дида бароед, ки боз бо кадом роҳҳо барои муҳаббати бепоёни Яҳува ва Исо сипосгузор буда метавонед. Дар бораи аҳамияти Ёдбуди Масеҳ андеша кунед.

3. Миннатдориатонро дар амал нишон диҳед

Тасаввур кунед, ки касе шуморо аз ғарқ шудан наҷот медиҳад. Оё шумо ба осонӣ ин некии ӯро фаромӯш мекунед? Ё бо ҳар роҳ миннатдориатонро ба ӯ баён менамоед?

Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, зеро ӯ моро аз марг наҷот дод. 1 Юҳанно 4:8–10-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Чаро қурбонии Исо туҳфаи махсус аст?

  • Шумо дар бораи туҳфаи Яҳува ва Исо чӣ фикр доред?

Барои некие, ки Яҳува ва Исо ба мо карданд, чӣ тавр миннатдорӣ нишон дода метавонед? 2 Қӯринтиён 5:15 ва 1 Юҳанно 4:11; 5:3-ро хонед. Баъди хондани ҳар як оят саволи зеринро дида бароед:

  • Мувофиқи ин оят чӣ тавр мо миннатдориамонро нишон дода метавонем?

4. Ба ҳазрати Исо пайравӣ кунед

Боз як роҳи нишон додани миннатдорӣ ба ҳазрати Исо пайравӣ кардан аст. 1 Петрус 2:21-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Бо кадом роҳҳо шумо ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонед?

5. Ба Ёдбуди ҳазрати Исо биёед

Луқо 22:14, 19 ва 20-ро хонда, фаҳмед, ки маросиме, ки Исо ҷорӣ кард, бори аввал чӣ тавр гузашт. Сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Ин маросим чӣ тавр гузашт?

  • Нон ва шароб рамзи чист? (Нигаред ба оятҳои 19 ва 20.)

Исо мехост, ки шогирдонаш ҳар сол рӯзи маргашро ба ёд оранд. Аз ин рӯ Шоҳидони Яҳува ҳар сол ҷамъ мешаванд ва Ёдбуди Масеҳро, чи хеле ӯ фармуда буд, ҷашн мегиранд. Барои маълумот гирифтан дар бораи ин маросими муҳим ВИДЕОРО тамошо кунед. Сипас ба савол ҷавоб диҳед.

  • Ёдбуди Масеҳ чӣ хел мегузарад?

Нон ва шароб рамз мебошанд. Нон рамзи бадани бегуноҳи Исост, ки ӯ барои одамизод қурбон кард. Шароб бошад, рамзи хуни ӯст

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Барои ба биҳишт даромадан ба Худои Таоло имон доштан бас аст».

  • Чӣ тавр шумо Юҳанно 3:16 ва Яъқуб 2:17-ро истифода бурда, нишон медиҳед, ки барои ҳаёти ҷовидонӣ чизи бештаре дар талаб аст?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Агар мо бо корҳоямон нишон диҳем, ки ба ҳазрати Исо имон дорем, ва ба Ёдбуди ӯ ҳозир шавем, миннатдор хоҳем буд.

Такрор

  • Ба Исо имони ҳақиқӣ доштан чӣ маъно дорад?

  • Шумо барои туҳфаи Яҳува ва Исо чӣ тавр сипосгузор буда метавонед?

  • Чаро ба Ёдбуди Масеҳ омадан муҳим аст?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Дар бораи марги Масеҳ фаҳмида, мо бояд чӣ кор кунем?

«Исо ҷонашро қурбон карда, Яҳуваро ҷалол дод» (9:28)

Бештар фаҳмед, ки имон чист ва чӣ тавр онро дар амал нишон додан мумкин аст?

«Ба ваъдаҳои Яҳува имон зоҳир кунед» («Бурҷи дидбонӣ», октябри с. 2016)

Аз мақолаи «Ҳоло ман пок, ором ва хушбахтам» фаҳмед, ки чӣ тавр зане дар бораи қурбонии Масеҳ дониш гирифта, ҳаёташро дигар кард.

«Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» («Бурҷи дидбонӣ», 1 августи с. 2011)