Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 33

Подшоҳии Худо ба наздикӣ чӣ кор мекунад?

Подшоҳии Худо ба наздикӣ чӣ кор мекунад?

Подшоҳии Худо аллакай ҳукмронӣ карда истодааст. Ба наздикӣ он дар рӯйи замин корҳои бузургро анҷом медиҳад. Биёед баъзе баракатҳои Подшоҳии Худоро дида бароем.

1. Чӣ тавр Подшоҳии Худо сулҳу адолатро дар рӯйи замин барқарор мекунад?

Исо, шоҳи Подшоҳии Худо, бадкорон ва ҳукуматҳои ин дунёро дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн нест мекунад (Ошкорсозӣ 16:14, 16). Он вақт пешгӯйии зерини Китоби Муқаддас пурра иҷро мешавад: «Боз андак сабр кун ва бадкор боқӣ намемонад» (Забур 37:10). Ҳамин тавр, зери Подшоҳии Худо дар тамоми рӯйи замин тинҷиву амонӣ ва адолат ҳукмфармо мешавад. (Ишаъё 11:4-ро хонед.)

2. Ҳангоми ҳукмронии Худо ҳаёт дар замин чӣ гуна мешавад?

Зери ҳукмронии Подшоҳии Худо «росткорон соҳиби замин мешаванд ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд» (Забур 37:29). Тасаввур кунед, ки шумо дар дунёе зиндагӣ хоҳед кард, ки ҳамаи одамон росткоранд ва Худову якдигарро дӯст медоранд. Ҳеҷ кас касал намешавад ва ҳама одамон то абад зиндагӣ мекунанд.

3. Баъд аз нест кардани бадкорон Подшоҳии Худо чӣ кор мекунад?

Баъди нест кардани бадкорон Исо давоми 1000 сол подшоҳӣ мекунад. Дар он муддат ӯ ва 144 000 ҳамроҳонаш одамонро аз гуноҳ озод карда, ба комилият мерасонанд. Дар охири подшоҳии ҳазорсола замин ба биҳишт табдил меёбад ва одамони ба Яҳува итоаткор дар он хушбахтона зиндагӣ мекунанд. Сипас Исо подшоҳиро ба Падараш Яҳува месупорад. Он вақт номи Яҳува беш аз ҳарвақта «муқаддас» мегардад (Матто 6:9, 10). Ҳамин тавр исбот мешавад, ки Яҳува Ҳокими беҳтаринест, ки ғами одамонро мехӯрад. Сипас Яҳува Шайтон, девҳо ва тарафдорони онҳоро нест мекунад (Ошкорсозӣ 20:7–10). Подшоҳии Худо шароити беҳтаринро муҳайё месозад, ки ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад — он то абад мемонад!

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки чӣ моро бовар мебахшад, ки Худо ба воситаи Подшоҳиаш ҳама ваъдаҳои худро иҷро мекунад.

4. Подшоҳии Худо ба ҳукуматҳои ин дунё хотима мебахшад

«Одам ба зарари одам ҳукмронӣ мекунад» (Пандгӯ 8:9). Подшоҳии Худо ҳамаи ин зарарро рӯпӯш мекунад ва адлу инсофро пойдор месозад.

Дониёл 2:44 ва 2 Таслӯникиён 1:6–8-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Яҳува ва Исои Масеҳ бо ҳукуматҳои ҳозира ва тарафдорони онҳо чӣ кор мекунанд?

  • Чӣ тавр донише, ки дар бораи Яҳува ва Исо гирифтед, шуморо бовар мебахшад, ки онҳо боинсофона ҳукм меронанд?

5. Исо Шоҳи беҳтарин аст

Исо ба сифати шоҳи Подшоҳии Худо барои беҳбудии одамон бисёр корҳоро ба анҷом мерасонад. ВИДЕОРО тамошо кунед ва фаҳмед, ки Исо барои дастгирӣ кардани одамон ҳам хоҳиш дораду ҳам қудрати худодод.

Вақте Исо дар замин буд, нишон дод, ки Подшоҳии Худо чӣ баракатҳо меорад. Дар ҷадвал баъзеи онҳо номбар шудаанд. Оятҳои овардаро хонед ва гӯед, ки кадоме аз ин баракатҳоро шумо бештар интизоред?

ДАР ЗАМИН ИСО...

АЗ ОСМОН ИСО...

  • зарареро, ки ба табиат расонда шуд, бартараф мекунад (Ишаъё 35:1, 2).

  • ҳамаро тансиҳату саломат мегардонад (Ишаъё 33:24).

6. Подшоҳии Худо ба мо ояндаи дурахшон меорад

Яҳува ба воситаи Подшоҳии худ нияти аввалаашро пурра ба ҷо меорад. Он вақт одамон дар биҳишти рӯйи замин абадан зиндагӣ мекунанд. ВИДЕОРО тамошо кунед ва бинед, ки чӣ тавр Яҳува ба воситаи Писараш нияти худро иҷро карда истодааст.

Забур 145:16-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Донистани он ки Яҳува дар оянда «ҳар ҷони зиндаро бо чизи дилхоҳаш» сер мекунад, ба шумо чӣ тавр таъсир мекунад?

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Агар ҳама аз як гиребон сар барорад, душвориҳои одамизодро ҳал карда метавонем».

  • Кадом мушкилиҳоро танҳо Подшоҳии Худо ҳал карда метавонад?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Подшоҳии Худо нияти Яҳуваро иҷро мекунад. Ин Подшоҳӣ тамоми заминро ба биҳишт табдил медиҳад ва одамони хубе, ки Яҳуваро мепарастанд, дар он то абад зиндагӣ мекунанд.

Такрор

  • Чӣ тавр бо ёрии Подшоҳии Худо номи Яҳува муқаддас мегардад?

  • Чаро мо бовар дошта метавонем, ки Подшоҳии Худо ваъдаҳои Яҳуваро иҷро мекунад?

  • Шумо кадом баракати Подшоҳии Худоро бесаброна интизоред?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки Ҳармаҷиддӯн чӣ маъно дорад.

«Ҳармаҷиддӯн чӣ гуна ҷанг аст?» (Мақола аз сомона)

Хонда фаҳмед, ки ҳангоми ҳукмронии ҳазорсолаи Исо ва баъди он чӣ дигаргуниҳо мешавад.

«Дар Рӯзи Доварӣ чӣ рӯй медиҳад?» («Бурҷи дидбонӣ», 1 сентябри с. 2012)

Бинед, ки чӣ тавр аҳли оила дар бораи баракатҳои оянда мулоҳиза ронда метавонад.

«Худро дар биҳишт тасаввур кун» (1:50)

Мақолаи «Саволҳои зиёде маро ором намегузоштанд»-ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр марде, ки зидди сиёсати давлаташ буд, ба саволҳояш ҷавоб ёфт.

«Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» («Бурҷи дидбонӣ», 1 январи с. 2012)