Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 35

Чӣ тавр қарорҳои дуруст барорем?

Чӣ тавр қарорҳои дуруст барорем?

Ҳамаи мо дар зиндагӣ қарор қабул мекунем. Бисёри қарорҳоямон ба ҳаёти мо ва дӯстиямон бо Яҳува таъсири калон мерасонанд. Масалан, мо қарор мебарорем, ки дар куҷо зиндагӣ кунем, чӣ хел худро хӯронему пӯшонем ва оиладор шавем ё не. Вақте мо қарорҳои бохирадона мебарорем, хушбахт мешавем ва Яҳуваро хурсанд мекунем.

1. Чӣ тавр Китоби Муқаддас ёрӣ медиҳад, ки қарорҳои бохирадона бароред?

Пеш аз ба ягон хулосаву қарор омадан аз Яҳува ёрӣ пурсед ва назари ӯро аз Китоби Муқаддас фаҳмед. (Панднома 2:3–6-ро хонед.) Дар баъзе мавридҳо Яҳува амру қонуни аниқ медиҳад. Итоат кардан ба чунин дастури Худо интихоби беҳтарин аст.

Лекин дар Китоби Муқаддас на ҳама вақт қонуни аниқе ҳаст. Ба ҳар ҳол, Яҳува шуморо бо роҳе мебарад, ки бояд бо он биравед (Ишаъё 48:17). Ӯ чӣ тавр шуморо роҳнамоӣ мекунад? Бисёр вақт ҳангоми хондани ягон порчаи Китоби Муқаддас мо мефаҳмем, ки Худо дар бораи ин ё он масъала чӣ фикр дорад. Вақте мо назари Яҳуваро мефаҳмем, қарорҳое мекунем, ки ба ӯ маъқул мешаванд.

2. Пеш аз қарор кардан чиро ба назар гирифтан лозим аст?

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҳушёр дониста қадам мемонад» (Панднома 14:15). Ин чунин маъно дорад, ки пеш аз қароре кардан ё ба хулосае омадан нағзакак андеша кунед. Аз худ бипурсед: «Кадом маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда метавонам? Аз кадом қарорам пушаймон намешавам? Қарорам ба дигарон чӣ хел таъсир мекунад? Аз ҳама муҳимаш, оё қарорам Яҳуваро хурсанд мекунад?» (5 Мӯсо 32:29).

Яҳува ҳақ дорад ба мо гӯяд, ки чӣ хуб асту чӣ бад. Вақте мо бо амрҳо ва фикру ақидаи ӯ шинос шуда, аз рӯйи онҳо амал мекунем, виҷдонамонро дуруст таълим медиҳем. Виҷдоне, ки Худо ба мо додааст, моро аз баду нек огоҳ мекунад (Румиён 2:14, 15). Бо ёрии виҷдони таълимёфта мо қарорҳои бохирадона бароварда метавонем.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Дар бораи он фаҳмед, ки чӣ тавр маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ва виҷдонамон дар вақти қарор баровардан ба мо ёрӣ медиҳанд.

3. Бигзор Китоби Муқаддас роҳнамои шумо бошад

ВИДЕОРО тамошо карда, фаҳмед, ки чӣ тавр бо ёрии маслиҳатҳои Китоби Муқаддас қарор қабул карда метавонем. Сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  • Яҳува ба мо чӣ гуна озодиро ато кардааст?

  • Чаро Яҳува мехоҳад, ки мо худамон қарор кунем?

  • Яҳува барои интихоби беҳтарин кардан ба мо чӣ додааст?

Барои дида баромадани яке аз маслиҳатҳои Китоби Муқаддас Эфсӯсиён 5:15, 16-ро хонед. Сипас фикр кунед, ки чӣ тавр метавонед фурсатро ғанимат дониста...

  • ҳар рӯз Китоби Муқаддас хонед.

  • ҳамсар, волид ё фарзанди беҳтар шавед.

  • ба ҷамъомадҳо оед.

4. Виҷдонатонро таълим диҳед, то қарорҳои бохирадона бароред

Вақте дар Китоби Муқаддас аниқу равшан гуфта шудааст, ки чӣ кор кунем, қарори дуруст баровардан осон аст. Агар қонунҳои аниқ набошанд-чӣ? ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба савол ҷавоб диҳед.

  • Хоҳарамон чӣ кор кард, то виҷдонашро таълим диҳад ва қароре барорад, ки ба Яҳува писанд аст?

Чаро қарор бароварданро ба гардани дигарон напартоем? Ибриён 5:14-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Баъзан осонтар метобад, ки дигарон ба ҷойи мо қарор қабул кунанд, лекин фарқ кардани чиро мо бояд худамон ёд гирем?

  • Чӣ ба мо кумак мекунад, ки виҷдонамонро таълим диҳем ва қарори хуб бароварданро ёд гирем?

Виҷдон мисли харита моро роҳнамоӣ мекунад

5. Виҷдони дигаронро ба назар гиред

Одамони гуногун қарорҳои гуногун мебароранд. Чӣ тавр мо метавонем виҷдони дигаронро ба назар гирем ва қарорҳои онҳоро ҳурмат кунем? Биёед ду мавридро дида бароем:

Мавриди 1: Хоҳаре, ки орову торо додани рӯяшро дӯст медорад, ба ҷамоате мекӯчад, ки бисёр хоҳарон чунин рангуборро хуш надоранд.

Румиён 15:1 ва 1 Қӯринтиён 10:23, 24-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Ин оятҳоро ба назар гирифта, хоҳар ба чӣ хулоса омада метавонад? Агар шумо кореро карданӣ бошед, ки виҷдони шумо мебардораду виҷдони дигарон не, чӣ кор мекунед?

Мавриди 2: Бародаре медонад, ки каме шароб нӯшидан дар Китоби Муқаддас манъ нашудааст, вале қарор мекунад, ки тамоман наменӯшад. Вақте ин бародарро ба меҳмонӣ даъват мекунанд, ӯ мебинад, ки дигар бародарон шароб менӯшанд.

Пандгӯ 7:16 ва Румиён 14:1, 10-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Ин оятҳоро ба назар гирифта, бародар ба чӣ қарор омада метавонад? Агар шумо бинед, ки дигар кас кореро мекунад, ки виҷдони шумо намебардорад, чӣ кор мекунед?

 Кадом қадамҳо кумак мекунанд, ки қарори дуруст бароред?

1. Дуо гӯед. Аз Яҳува кумак пурсед, ки қарори дуруст бароред (Яъқуб 1:5).

2. Ҷустуҷӯ кунед. Аз Китоби Муқаддас ва адабиётамон маслиҳатҳои даркориро ёбед. Инчунин аз масеҳиёни баркамол ёрӣ пурсед.

3. Оқибатандеш бошед. Фикр кунед, ки қароратон ба виҷдони шумову дигарон чӣ хел таъсир мекунад.

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Чизе хоҳам, мекунам. Дигарон ба ман чӣ кор доранд?!»

  • Чаро мо бояд назари Яҳува ва одамонро ба инобат гирем?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Вақте мо фикру ақидаи Яҳуваро мефаҳмем ва андеша мекунем, ки рафторамон ба дигарон чӣ хел таъсир мерасонад, қарорҳои бохирадона мебарорем.

Такрор

  • Чӣ тавр қарорҳое бароварда метавонед, ки ба Яҳува маъқул мешаванд?

  • Чӣ тавр виҷдони худро таълим дода метавонед?

  • Чӣ тавр виҷдони дигаронро ба назар гирифта метавонед?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Чӣ тавр қарорҳое бароред, ки дӯстиятонро бо Худо мустаҳкамтар месозанд?

Қарорҳое қабул кунед, ки ба Худо ҷалол меоранд» («Бурҷи дидбонӣ», 15 апрели с. 2011)

Дар бораи он фаҳмед, ки бо кадом роҳҳо Яҳува ба мо маслиҳат медиҳад.

«Яҳува халқашро роҳнамоӣ мекунад» (9:50)

Чӣ тавр як мард қароре баровард, ки барояш осон набуд?

«Яҳува дилпур мекунад» (5:46)

Фаҳмед, ки чӣ тавр ҳангоми набудани дастури аниқе дар Китоби Муқаддас қароре барорем, ки ба Яҳува писанд ояд.

«Оё шарт аст, ки ҳама вақт қонуни аниқе дошта бошем?» («Бурҷи дидбонӣ», 1 декабри с. 2003)