Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 41

Назари Худо ба муносибати маҳрамона

Назари Худо ба муносибати маҳрамона

Бисёриҳо изо мекашанд, ки дар бораи муносибати маҳрамона гап зананд. Лекин дар Китоби Муқаддас дар ин бора рӯирост ва ҳамзамон боодобона гуфта шудааст. Гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар бораи муносибатҳои маҳрамона ба фоидаи мост. Ин тааҷҷубовар нест, зеро Яҳува Офаридгори мост ва ӯ медонад, ки чӣ бароямон беҳтар аст. Худо ба мо мегӯяд, ки кадом корҳоямон дили ӯро шод мегардонанд ва чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки то абад зиндагӣ кунем.

1. Назари Яҳува ба муносибати маҳрамона чӣ гуна аст?

Муносибати маҳрамона атои Яҳува аст. Ӯ мехоҳад, ки аз он марду зане хурсандӣ гиранд, ки бо ҳам оиладоранд. Ин ато на танҳо барои ба дунё овардани фарзанд дода шудааст, он ҳамчунин як роҳи нишон додани меҳру муҳаббат мебошад. Бинобар ин дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Бо зани ҷавонии худ шод бошӣ» (Панднома 5:18, 19). Яҳува мехоҳад, ки ҳамсарон ба якдигар вафодор бошанд ва ҳеҷ гоҳ хиёнат накунанд. (Ибриён 13:4-ро хонед.)

2. Зино чист?

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «зинокорон... Подшоҳии Худоро мерос намегиранд» (1 Қӯринтиён 6:9, 10). Дар Навиштаҳо калимаи «зино» ба маънои васеъ истифода шудааст. Калимаи юнонии «порнея» зино тарҷума шуда, 1) алоқаи ҷинсии касонеро, ки ҳамсар нестанд a, 2) ҳамҷинсбозӣ ва 3) алоқаи ҷинсӣ бо чорпоро дар бар мегирад. Агар мо ба чунин рафтори нопок даст назанем, ҳам дили Яҳуваро шод мегардонем ва ҳам ба худамон фоида меорем (1 Таслӯникиён 4:3).

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки чӣ тавр аз зино бигрезем ва пок будан ба мо чӣ фоида меорад.

3. Аз зино бигрезед

Юсуф ном хизматгори вафодори Худо бо тамоми қувват кӯшиш мекард, ки зино накунад. 1 Мӯсо 39:1–12-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Чаро Юсуф гурехт? (Нигаред ба ояти 9.)

  • Ба фикри шумо, оё Юсуф кори дуруст кард? Фаҳмонед.

Чӣ тавр ҷавонон мисли Юсуф аз зино гурехта метавонанд? ВИДЕОРО тамошо кунед.

Яҳува намехоҳад, ки мо ба васвасаи зино кардан дода шавем. 1 Қӯринтиён 6:18-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Кадом ҳолатҳо шахсро ба зино тела дода метавонанд?

  • Чӣ тавр шумо аз зино гурехта метавонед?

4. Ба васваса наафтед

Аз чӣ сабаб кас ба васвасаи зино кардан дода шуда метавонад? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.

  • Вақте бародар пай бурд, ки аз пушти фикру рафтораш ба занаш хиёнат карда метавонад, чӣ кор кард?

Баъзан ҳатто дар сари масеҳиёни содиқ фикрҳои нопок пайдо шуда метавонанд. Чӣ тавр шумо чунин фикрҳоро аз сар дур карда метавонед? Филиппиён 4:8-ро хонед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  • Мо бояд дар бораи чӣ фикр кунем?

  • Чӣ тавр хондани Китоби Муқаддас ва бо кори Яҳува банд будан ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба васваса дода нашавем ва гуноҳ накунем?

5. Талаботи Яҳува ба фоидаи мост

Яҳува медонад, ки чӣ барои мо беҳтар аст. Ӯ мефаҳмонад, ки барои покрафтор будан чӣ кор кунем ва ин ба мо чӣ фоида меорад. Панднома 7:7–27-ро хонед ё ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  • Чӣ тавр ҷавоне бехирадона рафтор карда, гирифтори васваса шуд? (Нигаред ба Панднома 7:8, 9).

  • Мувофиқи Панднома 7:23, 26 зино оқибати нохуш дорад. Агар аз бадахлоқиву зино даргурез бошем, аз кадом душвориҳо эмин буда метавонем?

  • Чӣ тавр ахлоқи пок кумак мекунад, ки зиндагии абадиро соҳиб шавем?

Баъзеҳо ақида доранд, ки он чӣ дар Китоби Муқаддас дар бораи ҳамҷинсбозҳо гуфта шудааст, аз ҳад сахтгирона аст. Лекин дар ёд доред, ки Яҳува Худои пур аз меҳру муҳаббат аст ва мехоҳад, ки мо амрҳои ӯро риоя карда, то абад зиндагӣ кунем. 1 Қӯринтиён 6:9–11-ро хонда, ба савол ҷавоб диҳед.

  • Ғайр аз ҳамҷинсбозӣ, боз кадом корҳо дар назари Худо гуноҳанд?

Барои ба Худо писанд омадан ҳамаи мо бояд бо майлҳои нодурустамон мубориза бурда, ислоҳ шавем. Барои ин кӯшишу ғайрат дар талаб аст. Забур 19:8, 11-ро хонда, ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Оё талаботи Яҳува оид ба одобу ахлоқ аз ҳад сахтгирона аст? Фаҳмонед.

Яҳува ба бисёриҳо кумак кард, ки ахлоқи пок дошта бошанд. Ӯ ба шумо низ кумак мекунад

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Одам бо касе хоҳад, хобухез кунад, ҳеҷ гап нест. Хушбахт бошад, шуд».

  • Шумо ба ин гап чӣ гуфта метавонед?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Муносибати маҳрамона атои Худост, ки аз он зану шавҳар хурсандӣ гирифта метавонанд.

Такрор

  • Зино чист?

  • Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки аз зино бигрезем?

  • Агар ба Яҳува итоат карда, ахлоқи пок дошта бошем, чӣ фоида мебинем?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки чаро муносибати маҳрамона танҳо байни марду зане, ки никоҳи расмӣ доранд, раво аст.

«Китоби Муқаддас дар бораи бе издивоҷ зиндагӣ кардани марду зан чӣ мегӯяд?» (Мақола аз сомона)

Фаҳмед, ки чаро, ҳарчанд Китоби Муқаддас ҳамҷинсбозиро маҳкум месозад, мо аз чунин касон нафрат намекунем.

«Оё ҳамҷинсбозӣ гуноҳ аст?» (Мақола аз сомона)

Фаҳмед, ки чӣ тавр қонуни Худо дар бораи муносибати маҳрамона моро ҳимоя мекунад.

«Оё алоқаи ҷинсӣ аз даҳон алоқаи ҷинсӣ ҳисоб меёбад?» (Мақола аз сомона)

Аз мақолаи «Онҳо бо ман боэҳтиром буданд» фаҳмед, ки чӣ тавр марди ҳамҷинсбоз ислоҳ шуд, то ба Худо писанд ояд.

«Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» («Бурҷи дидбонӣ», 1 апрели с. 2011)

a Зино ҳама гуна алоқаи ҷинсии норавоест, ба монанди алоқаи ҷинсӣ аз даҳон, аз пушт ва расидани узвҳои ҷинсии каси дигар барои қонеъ кардани шаҳват.