Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 45

Бетарафии сиёсӣ чист?

Бетарафии сиёсӣ чист?

Исо пайравонашро таълим дода мегуфт, ки онҳо бояд «аз ҷаҳон» набошанд (Юҳанно 15:19). Ин маънои онро дорад, ки бояд дар корҳои сиёсиву ҷангҳо бетараф бошем. Албатта, бетараф будан осон нест, чунки баъзан аз пушти ин моро паст мезананду масхара мекунанд. Лекин чӣ тавр мо метавонем бетараф буда, ба Худоямон Яҳува вафодор монем?

1. Хизматгорони Худо ба ҳокимиятҳои ҷаҳон чӣ тавр муносибат мекунанд?

Пайравони Масеҳ эҳтироми давлатро ба ҷо меоранд, зеро ӯ таълим дода буд: «Он чӣ аз қайсар аст, ба қайсар диҳед» (Марқус 12:17). Мувофиқи ин суханон мо қонунҳои давлатро риоя мекунем, масалан, андоз месупорем. Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки ҳамаи ҳокимиятҳо бо розигии Худо вуҷуд доранд (Румиён 13:1). Лекин мо дарк мекунем, ки ҳокимиятҳо бар мо қудрати маҳдуд ё нисбӣ доранд, аз ин рӯ мо на ҳамаи талаботи онҳоро риоя мекунем. Мо интизори замоне ҳастем, ки Худо ва Подшоҳияш тамоми мушкилиҳои инсониятро ҳал мекунанд.

2. Чӣ тавр бетарафиамонро нишон дода метавонем?

Мисли Исо мо ба сиёсат дахолат намекунем (Юҳанно 6:15). Боре муъҷизаи Исоро дида мардум ӯро подшоҳ карданӣ шуданд, лекин ӯ нахост. Чаро? Ӯ баъдтар гуфт: «Подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест» (Юҳанно 18:36). Мо ба Исо пайравӣ карда, бетараф мемонем. Масалан, мо дар ҷанг иштирок намекунем. (Мико 4:3-ро хонед.) Ҳарчанд мо рамзҳои давлатро, ба мисли парчам, ҳурмату эҳтиром мекунем, онҳоро парастишу ситоиш наменамоем (1 Юҳанно 5:21). Ғайр аз ин, мо вакилон ё ҳизбҳои сиёсиро тарафдорӣ намекунем ва ба онҳо зид намебароем. Бо ин ва дигар роҳҳо мо нишон медиҳем, ки Подшоҳии Худоро пурра тарафдорӣ мекунем.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки дар кадом ҳолатҳо бетараф будан барои мо душвор буда метавонад ва чӣ тавр мо қарорҳое қабул карда метавонем, ки дили Яҳуваро шод гардонанд.

3. Хизматгорони ҳақиқии Худо дар сиёсат бетараф мемонанд

Исо ва расулонаш дар ин ба мо намуна гузоштанд. Румиён 13:1, 5–7 ва 1 Петрус 2:13, 14-ро хонед. Сипас ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  • Чаро мо бояд ҳокимиятро эҳтиром кунем?

  • Бо кадом роҳҳо мо нишон дода метавонем, ки ба ҳокимият итоаткорем?

Дар вақти ҷангҳо намояндагони баъзе давлатҳо мегӯянд, ки бетарафанд, лекин худашон ҳар ду ҷонибро дастгирӣ мекунанд. Пас, бетарафии ҳақиқӣ чист? Юҳанно 17:16-ро хонед, сипас ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба савол ҷавоб диҳед.

  • Бетарафии сиёсӣ чӣ маъно дорад?

Агар ҳукуматдорон аз мо талаб кунанд, ки қонунҳои Худоро вайрон кунем, мо чӣ кор мекунем? Корнома 5:28, 29-ро хонед, сипас ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  • Агар қонуни давлат аз мо талаб кунад, ки қонуни Худоро шиканем, мо бояд чӣ кор кунем?

  • Дар кадом ҳолатҳо ба хизматгори Худо лозим омада метавонад, ки ба қонуни давлат неву ба қонуни Худо итоат кунад?

4. Дар фикру рафтор бетараф бошед

1 Юҳанно 5:21-ро хонед. Сипас ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  • Чаро Айенге қарор дод, ки узви ҳизби сиёсӣ намешавад ва дар маросимҳои сиёсӣ, ба мисли дар назди парчам қасам ёд кардан, иштирок намекунад?

  • Ба фикри шумо, ин қарори ӯ дуруст буд?

Боз дар кадом ҳолатҳо ба мо бетарафиро нигоҳ доштан душвор буда метавонад? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  • Чӣ тавр мо ҳангоми тамошои бозиҳои варзишии байналхалқӣ бетараф монда метавонем?

  • Вақте сиёсатмадорон қароре қабул мекунанд, ки ба ҳаёти мо таъсир мерасонад, чӣ тавр бетараф буда метавонем?

  • Чӣ тавр воситаҳои ахбор ва шиносонамон ба мо халал расонда метавонанд, ки бетараф бошем?

Дар кадом мавридҳо хизматгори Худо бояд дар фикру рафтор бетараф монад?

БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Чаро шумо суруди миллиро намехонед ва узви ҳизби сиёсӣ намешавед?»

  • Шумо ба ин чӣ ҷавоб медиҳед?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Хизматгорони Худо бисёр кӯшиш мекунанд, ки дар фикр, гуфтор ва рафтор бетараф монанд.

Такрор

  • Мо дар назди давлат чӣ уҳда дорем?

  • Чаро мо дар корҳои сиёсӣ бетарафем?

  • Дар кадом ҳолатҳо бетараф будан ба мо душвор буда метавонад?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Баъзан барои бетарафии сиёсиро нигоҳ доштан аз баҳри чӣ гузаштан лозим меояд?

«Яҳува ҳеҷ гоҳ моро намепартояд» (3:14)

Фаҳмед, ки чӣ тавр оилаҳо барои бетараф мондан пешакӣ тайёрӣ дида метавонанд.

«Мавқеи бетарафиро нигоҳ медорем» (4:25)

Чӣ тавр бародаре фаҳмид, ки аз ҳимояи давлат дида чизи муҳимтаре ҳаст?

«Барои Худо кори намешуданӣ нест» (5:19)

Чӣ тавр ҳангоми интихоби ҷойи кор дар ёд дорем, ки мо бояд «аз ҷаҳон» набошем?

«Ҳар кас бори худро мебардорад» («Бурҷи дидбонӣ», 15 марти с. 2006)