Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 46

Чаро худро ба Худо бахшем ва таъмид гирем?

Чаро худро ба Худо бахшем ва таъмид гирем?

Вақте шахс худро ба Яҳува мебахшад, ба ӯ дуо гуфта ваъда медиҳад, ки танҳо ӯро парастиш мекунад ва иҷро кардани хости ӯ дар зиндагияш дар ҷойи аввал хоҳад буд (Забур 40:8). Пас аз ин ӯ таъмид гирифта, ба дигарон маълум месозад, ки ҳаёташро ба Худо бахшидааст. Ин қарори хеле муҳим — қарори тақдирсоз аст! Чӣ сабаб шуда метавонад, ки шумо чунин қарори муҳимро, ки ояндаатон ба он вобастааст, қабул кунед?

1. Чаро шахс мехоҳад, ки ҳаёташро ба Худо бахшад?

Мо барои он ҳаётамонро ба Яҳува мебахшем, ки ӯро дӯст медорем (1 Юҳанно 4:10, 19). Дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Худоят Яҳуваро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон, бо тамоми ақл ва бо тамоми қуввати худ дӯст дор» (Марқус 12:30). Муҳаббати ҳақиқӣ на танҳо дар сухан, балки дар амал низ маълум мешавад. Масалан, вақте марду зан якдигарро самимона дӯст медоранд, онҳо оиладор мешаванд. Ба ин монанд, вақте мо Худоро дӯст медорем, дар диламон хоҳиш пайдо мешавад, ки ҳаётамонро ба ӯ бахшем ва таъмид гирем.

2. Ходимони таъмидёфтаи Яҳува кадом баракатҳоро соҳиб мешаванд?

Таъмид баракатҳои зиёд меорад, вале пеш аз таъмид гирифтан шумо бояд якчанд қадамҳоро гузоред. Пеш аз ҳама дар бораи Яҳува дониш гиред, ҳамчунин ӯро дӯст доред, ба писараш Исо имон оред ва ҳаётатонро ба Худо бахшед. Танҳо баъд аз ин шумо таъмид гирифта метавонед. Пас аз таъмид шумо узви оилаи калон ва хушбахти Яҳува мешавед. Дар ин оила Яҳува Падари шумо мешавад ва дар саросари ҷаҳон шумо бародару хоҳарони зиёде пайдо мекунед, ки Яҳува ва шуморо дӯст медоранд. (Марқус 10:29, 30-ро хонед.) Вақте шумо ҳаётатонро ба Яҳува мебахшеду таъмид мегиред, муҳаббаташро бештар мебинед ва муносибататон бо ӯ аз имрӯза наздиктар мешавад. (Малокӣ 3:16–18-ро хонед.) Ҳамин тавр шумо сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ раҳсипор мегардед. Дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Таъмид низ... ҳоло шуморо... наҷот медиҳад» (1 Петрус 3:21).

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки чаро ҳаётро ба Яҳува бахшидан ва таъмид гирифтан муҳим аст.

3. Ҳама бояд интихоб кунад, ки киро мепарастад

Дар Исроили қадим баъзеҳо фикр мекарданд, ки ҳам Яҳува ва ҳам худои бутпарастон, Баалро, парастиш карда метавонанд. Вале Яҳува пайғамбар Илёсро фиристода, гуфт, ки ин ақида нодуруст аст. 3 Подшоҳон 18:21-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Исроилиён бояд чиро интихоб мекарданд?

Ба мисли исроилиён мо низ бояд интихоб кунем, ки киро мепарастем. Луқо 16:13-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Чаро ҳам Яҳува ва ҳам чиз ё каси дигареро парастиш кардан номумкин аст?

  • Чӣ тавр нишон диҳем, ки танҳо Яҳуваро парастидан мехоҳем?

4. Дар бораи муҳаббати Яҳува андеша ронед

Яҳува ба мо ҳадияҳои бисёр додааст. Вале мо ба ӯ чӣ дода метавонем? ВИДЕОРО тамошо кунед.

Бо кадом тарзҳо Яҳува нишон дода истодааст, ки шуморо дӯст медорад? Забур 104:14, 15 ва 1 Юҳанно 4:9, 10-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Кадом ҳадияҳои Яҳуваро шумо бештар қадр мекунед?

  • Ин баракатҳои Яҳуваро дида, шумо дар бораи ӯ чӣ фикр мекунед?

Вақте ба мо чизеро туҳфа мекунанд, ки ба мо маъқул аст, мо миннатдорӣ мекунем. 5 Мӯсо 16:17-ро хонед ва саволи зеринро дида бароед:

  • Вақте шумо дар бораи некиҳое, ки Яҳува ба шумо кардааст, фикр мекунед, дар ҷавоб чӣ кор кардан мехоҳед?

5. Ҳаётро ба Яҳува бахшидан баракатҳои бисёр меорад

Аксар одамон фикр мекунанд, ки шуҳрат, мансабу мартаба ва пули бисёр касро хушбахт мекунад. Оё ин дуруст аст? ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  • Ҳарчанд ин варзишгар футболро дӯст медошт, чаро ӯ ин касбашро партофт?

  • Ин варзишгар ҳаёташро на ба футбол, балки ба Яҳува мебахшад. Ба фикри шумо, ӯ қарори дуруст кард? Фаҳмонед.

Пеш аз он ки Павлуси расул масеҳӣ шавад, ӯ мехост мартабаи баланде пайдо кунад. Бо ин мақсад ӯ Шариати яҳудиёнро аз омӯзгори номдоре омӯхт, вале баъдтар ба хотири масеҳӣ шудан аз он мақсаду нияташ даст кашид. Оё Павлус аз ин қарораш пушаймон шуд? Барои фаҳмидани ин Филиппиён 3:8-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Чаро Павлус гуфт, ки ҳар он чизе, ки ӯ аз баҳраш баромад, «партов» аст?

  • Ин тавр карда ӯ чиро ба даст овард?

  • Ба фикри шумо, чӣ беҳтар аст: ҳаётатонро ба Яҳува бахшида, хости ӯро ба ҷо оред ё аз пайи корҳои дигар шавед?

Вақте Павлус масеҳӣ шуд, ӯ чизи бештареро ба даст овард

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Худо гӯю ба диндорӣ аз ҳад зиёд дода нашав!»

  • Ба фикри шумо, чаро оқилона аст, ки ҳаётатонро ба Яҳува бахшед?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Мо Яҳуваро дӯст медорем, барои ҳамин мехоҳем ҳаётамонро ба ӯ бахшем ва таъмид гирем.

Такрор

  • Чаро меарзад, ки Яҳуваро аз таҳти дил дӯст дорему парастем?

  • Яҳува хизматгорони таъмидёфтаашро чӣ гуна баракат медиҳад?

  • Оё шумо мехоҳед ҳаётатонро ба Яҳува бахшед?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки чаро як варзишгар ва сарояндае хостанд, ки ҳаёташонро ба Яҳува бахшанд.

«Саволҳои ҷавонон. Ҳаётамро ба чӣ бахшам? Ба хотир овардани гузашта» (6:54)

Фаҳмед, ки барои ҳаётатонро ба Яҳува бахшидан боз кадом сабабҳо ҳастанд.

«Чаро худро ба Яҳува бахшидан лозим аст?» («Бурҷи дидбонӣ», 15 январи с. 2010)

Видеои ин таронаро тамошо карда, бинед, ки касоне, ки ҳаёташонро ба Яҳува мебахшанд, чӣ гуна хурсандӣ доранд.

«Ҳаётамро ба ту мебахшам» (4:30)

Мақолаи «Ман солҳои зиёд ҳайрон будам, ки чаро мо вуҷуд дорем»-ро хонед ва фаҳмед, ки чӣ тавр зане муайян кард, ки чӣ барояш дар зиндагӣ муҳимтар аст.

«Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» («Бурҷи дидбонӣ», 1 ноябри с. 2012)