Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 51

Чӣ гуна гуфтор ба Яҳува хуш меояд?

Чӣ гуна гуфтор ба Яҳува хуш меояд?

Яҳува — Офаридгори одамизод, ба мо ҳадияи беҳамто, забони гӯё, додааст. Оё чӣ гуна аз ин ҳадия истифода бурдани мо барои ӯ аҳамияте дорад? Албатта! (Яъқуб 1:26-ро хонед.) Пас, мо чӣ кор карда метавонем, то гуфторамон табъи дили Яҳува бошад?

1. Гуфтори мо бояд чӣ гуна бошад?

Дар Китоби Муқаддас насиҳат дода шудааст: «Якдигарро дилбардорӣ кунеду қувват бахшед» (1 Таслӯникиён 5:11). Ба фикратон, кӣ ба рӯҳбаландӣ муҳтоҷ аст? Шумо барои дастгирӣ кардани чунин шахсон чӣ кор карда метавонед? Онҳоро дилпур созед, ки дар фикрашон ҳастед. Масалан, гӯед, ки барои чӣ онҳо бароятон азизанд. Ҳамчунин фикр кунед, ки бо кадом ояти Китоби Муқаддас шахси рӯҳафтодаро дилбардорӣ карда метавонед. Чунин оятҳое, ки дили касро қувват мебахшанд, кам нестанд. Инчунин дар хотир доред, ки на фақат суханон, балки тарзи гуфторатон низ таъсири сахт дорад. Аз ин рӯ кӯшиш кунед, ки нармгуфтору меҳрубон бошед (Панднома 15:1).

2. Аз чӣ гуна гуфтор мо бояд худдорӣ кунем?

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Як гапи ифлос ҳам аз даҳонатон набарояд». (Эфсӯсиён 4:29-ро хонед.) Ин суханон маънои онро доранд, ки мо набояд бадзабонӣ кунем ё суханони нешдор гуфта дигаронро ранҷонем. Инчунин мо бояд забонамонро аз ғайбату туҳмат боздорем. (Панднома 16:28-ро хонед.)

3. Чӣ тавр суханоне гӯем, ки дигаронро обод кунанд?

Бисёр вақт мо ҳамон чизеро, ки дар фикру диламон ҳаст, мегӯем (Луқо 6:45). Аз ин рӯ мо бояд ба он аҳамият диҳем, ки дар бораи чӣ фикр мекунем. Мо бояд дар бораи чизҳое, ки дуруст, пок, муҳаббатангез ва лоиқи таърифанд, мулоҳиза ронем (Филиппиён 4:8). Барои он ки фикрҳоямон ба чизҳои нек равона бошанд, мо бояд бо ҳар касе рост омад, дӯстӣ накунем ва ҳар вақтхушиеро, ки пеш омад, интихоб нанамоем (Панднома 13:20). Ғайр аз ин, нағз андешида, баъд гап занем, масалан, фикр кунем, ки оё сухани мо ба дигарон сахт намерасад. Дар Китоби Муқаддас беҳуда гуфта нашудааст: «Сухани беандеша мисли зарби шамшер аст, аммо забони хирадмандон шифо мебахшад» (Панднома 12:18).

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки чӣ тавр бо гуфторатон Яҳуваро хурсанд ва дигаронро рӯҳбаланд кунед.

4. Посбони даҳонатон бошед

Ҳамаи мо вақт аз вақт сухане мегӯем, ки баъд пушаймон мешавем (Яъқуб 3:2). Ғалотиён 5:22, 23-ро хонед ва саволи зеринро дида бароед:

  • Дар бораи кадоме аз ин хислатҳо шумо дуо гуфта метавонед, то гапро дониста занед? Фаҳмонед, ки чӣ тавр ин хислатҳо ба шумо ёрӣ дода метавонанд.

1 Қӯринтиён 15:33-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Дӯстон ва вақтхушиҳоятон ба гуфтори шумо чӣ гуна таъсир мекунанд?

Пандгӯ 3:1, 7-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Кай хомӯш мондан аз рӯйи хирад аст? Кадом вақт барои гап задан фурсати муносиб аст?

5. Некгуфтор бошед

Чӣ кор кунем, то дигаронро паст назанем ва дилашонро озор надиҳем? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволҳоро дида бароед.

  • Чаро ин бародар хост, ки ислоҳ шавад?

  • Ӯ барои гуфтори нек доштан чӣ кор кард?

Пандгӯ 7:16-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Вақте дар ҳаққи касе ягон гапи бад гуфтанӣ мешавем, чиро бояд дар хотир дорем?

Пандгӯ 7:21, 22-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чӣ тавр ин оятҳо ба шумо кумак мекунанд, ки бадгӯйии касеро дар ҳаққатон шунида, ғазаболуд ё зиқ нашавед?

6. Бо аҳли оила хушгуфтор бошед

Яҳува мехоҳад, ки мо бо аъзои оилаамон бо меҳру муҳаббат гап занем. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволро дида бароед.

  • Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки бо аҳли оилаатон ширинзабону хушмуомила бошед?

Эфсӯсиён 4:31, 32-ро хонед ва саволи зеринро дида бароед:

  • Чӣ гуна гуфтор аҳли оиларо хурсанду дилгарм месозад?

Яҳува ошкоро гуфт, ки Писараш Исоро дӯст медорад. Матто 17:5-ро хонед ва саволи зеринро дида бароед:

  • Чӣ тавр шумо ҳангоми бо аъзои оила гап задан ба Яҳува пайравӣ карда метавонед?

Имконияти таъриф карданро аз даст надиҳед

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Чи хеле хоҳам, гап мезанам. Ба дигарон сахт расад, айби ман нест».

  • Оё шумо бо ин суханон розиед? Фаҳмонед.

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Сухан метавонад ҷон бахшад ё захмдор созад. Пеш аз сухан гуфтан мо бояд андеша кунем, ки чӣ мегӯем, кай мегӯем ва чӣ хел мегӯем.

Такрор

  • Бо чӣ гуна суханон шумо метавонед табъи дигаронро болида созед?

  • Аз чӣ гуна гуфтор мо бояд забонамонро нигоҳ дорем?

  • Чӣ ба мо кумак мекунад, ки суханонамон ҳама вақт меҳрубононаву тароватбахш бошанд?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Чӣ ба мо кумак мекунад, ки некгуфтор бошем?

«Бигзор забонатон забони хирадмандон бошад» (8:04)

Чӣ кумак мекунад, ки аз бадгуфторӣ ҳазар кунем?

«Бадзабонӣ чӣ бадӣ дорад?» (Мақола аз сомона)

Чӣ кор кунем, то забонамонро аз ғайбату бадгӯйӣ нигоҳ дорем?

«Пеши роҳи ғайбата гир!» (2:36)

Фаҳмед, ки чӣ тавр Яҳува ба марде кумак кард, то одати дашном доданро партояд.

«Ман ба фикр задам, ки ояндаам чӣ мешавад» («Бурҷи дидбонӣ», 1 августи с. 2013)