Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 57

Шахсе, ки гуноҳи вазнин кардааст, бояд чӣ кор кунад?

Шахсе, ки гуноҳи вазнин кардааст, бояд чӣ кор кунад?

Ҳатто шахсоне, ки Яҳуваро хеле дӯст медоранд ва намехоҳанд, ки ӯро зиқ кунанд, як-як ба хато роҳ медиҳанд. Лекин баъзан мо хатои ҷиддӣ карда метавонем (1 Қӯринтиён 6:9, 10). Агар шумо ягон гуноҳи ҷиддӣ карда бошед, донед, ки Яҳува то ҳол шуморо дӯст медорад ва тайёр аст, ки бахшаду дастгирӣ кунад.

1. Барои он ки Яҳува моро бахшад, чӣ кор кунем?

Дӯстдорони Яҳува, вақте ягон гуноҳи сахт мекунанд, аз ин кори худ зиқ мешаванд. Лекин онҳоро ваъдаи зерини Яҳува, ки ба халқаш дода буд, тасаллӣ дода метавонад: «Ҳарчанд гуноҳҳоятон мисли арғувонанд, чун барф сафед мешаванд» (Ишаъё 1:18). Агар мо аз таҳти дил пушаймон шавем, Яҳува моро пурра мебахшад. Пушаймонӣ чиро дар бар мегирад? Вақте мо самимона пушаймон мешавем, дигар ба корҳои бад даст намезанем ва бо зориву илтиҷо аз Яҳува бахшиш мепурсем. Сипас бо тамоми қувват кӯшиш мекунем, ки фикру одатҳои нодурустеро, ки моро ба гуноҳ тела медиҳанд, партоем ва минбаъд аз рӯйи талабҳои поки Яҳува зиндагӣ кунем. (Ишаъё 55:6, 7-ро хонед.)

2. Чӣ тавр Яҳува ба воситаи пирон ёрӣ медиҳад?

Агар мо гуноҳи ҷиддӣ кунем, мувофиқи дастури Яҳува бояд «пирони ҷамоатро даъват» кунем. (Яъқуб 5:14, 15-ро хонед.) Ин бародарон Яҳува ва хизматгорони ӯро дӯст медоранд. Онҳо шахсони рӯҳан баркамоланд ва метавонанд ба мо кумак кунанд, то бо Яҳува аз нав дӯст шавем (Ғалотиён 6:1).

Агар ба гуноҳи вазнин даст занем, пирон ба мо чӣ тавр кумак мерасонанд? Ду ё се пири ҷамоат бо ёрии Китоби Муқаддас ба мо нишон медиҳанд, ки ба чӣ гуна хато роҳ додем. Онҳо ҳамчунин якчанд маслиҳати муфид медиҳанд, то онҳоро ба кор бурда, дубора ба роҳи бад наравем. То рӯҳан бардам шуданамон онҳо метавонанд иштироки моро дар баъзе корҳои рӯҳонӣ маҳдуд кунанд. Агар шахс тавба накунад, пирон ба хотири муҳофизат кардани бародару хоҳарон ӯро аз ҷамоат хориҷ мекунанд.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки чӣ тавр барои бахшоишу кумаки Яҳува миннатдориятонро зиёд карда метавонед.

3. Ба гуноҳ иқрор шудан аз нав сӯйи Яҳува роҳ мекушояд

Гуноҳҳое, ки мо мекунем, ба Яҳува дард меоранд. Барои ҳамин муҳим аст, ки пеш аз ҳама назди ӯ ба гуноҳамон иқрор шавем. Забур 32:1–5-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чаро ба ҷойи пинҳон кардани гуноҳи худ беҳтараш дар назди Яҳува онро тан гирем?

Аз пирон кумак пурсида, бо онҳо суҳбат кардан низ ба мо сабукӣ мебахшад. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.

  • Чӣ тавр пирон ба бародар Кенон кумак карданд, ки назди Яҳува баргардад?

Мо бояд бо пирони ҷамоат ошкоро ва ростқавлона гап занем, чунки мақсади онҳо кумак кардан аст. Яъқуб 5:16-ро хонед ва саволи зеринро дида бароед:

  • Агар мо ростқавлона ба пирон айбу хатоямонро гӯем, чӣ тавр ин кори онҳоро осон мекунад?

Ба гуноҳи худ иқрор шавед, бо пирон ростқавлона гап занед ва кумаки пурмуҳаббати Яҳуваро қабул кунед

4. Аз ҷамоат хориҷ кардан чӣ манфиат меорад?

Агар шахс аз гуноҳаш тавба накунад ва аз роҳи бадаш нагардад, ӯро аз ҷамоат хориҷ мекунанд. Мо бояд бо ӯ ҳамнишин нашавем ва ҳатто гап назанем. 1 Қӯринтиён 5:6, 11 ва 2 Юҳанно 9–11-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Мисоли хамиртурушро ба назар гирифта, гӯед, ки чӣ тавр муошират бо шахсоне, ки тавба намекунанд, ба ҷамоат таъсир расонда метавонад?

Бисёр хориҷшудагон ба ҷамоат баргаштанд, зеро ҷазои Яҳува, дарднок бошад ҳам, ба онҳо кумак кард, ки хатои худро дарк кунанд (Забур 141:5). ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволро дида бароед.

  • Чӣ тавр аз ҷамоат хориҷ шудан ба Соня кумак кард?

Чӣ тавр хориҷ кардани гунаҳкорон...

  • номи Яҳуваро аз доғдор шудан нигоҳ медорад?

  • нишон медиҳад, ки Яҳува Худои одилу меҳрубон аст?

5. Агар мо тавба кунем, Яҳува аз гуноҳамон мегузарад

Мисоли овардаи Исо кумак мекунад, ки ҳиссиёти Яҳуваро фаҳмем. Луқо 15:1–7-ро хонед ва саволи зеринро дида бароед:

  • Шумо аз ин оятҳо дар бораи Яҳува чӣ фаҳмидед?

Ҳизқиёл 33:11-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чӣ нишон медиҳад, ки шахс аз гуноҳаш тавба кардааст?

Яҳува чун чӯпони меҳрубон ғами гӯсфандонашро мехӯрад

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Метарсам, ки, агар гуноҳамро ба пирон гӯям, маро аз ҷамоат хориҷ мекунанд».

  • Ба касоне, ки чунин фикр доранд, чӣ мегӯед?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Агар мо гуноҳи ҷиддӣ кунему баъд самимона пушаймон шавем ва аз роҳи бадамон гардем, Яҳува моро мебахшад.

Такрор

  • Барои чӣ дар пеши Яҳува ба гуноҳамон иқрор шудан ба фоидаи мост?

  • Барои он ки Яҳува аз гуноҳамон гузарад, мо бояд чӣ кор кунем?

  • Чаро, вақте гуноҳи ҷиддӣ мекунем, аз пирон кумак пурсидан зарур аст?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки чӣ тавр як мард марҳамати Яҳуваро, ки дар Ишаъё 1:18 дар борааш гуфта шудааст, ҳис кард.

«Яҳува Худои раҳмдил аст» (5:02)

Чӣ тавр аз ҷамоат хориҷ кардани шахсони тавбанакарда ба ҳама манфиат меорад?

«Чаро аз ҷамоат хориҷ шудани шахс аз ғамхории меҳрубононаи Яҳува шаҳодат медиҳад?» («Бурҷи дидбонӣ», 15 апрели с. 2015)

Чӣ тавр шумо ба шахсоне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, сабаби аз ҷамоат хориҷ карданро мефаҳмонед?

«Оё Шоҳидони Яҳува худро аз ҳамимонони пешинаашон дур мекашанд?» (Мақола аз сомона)

Мақолаи «Ман бояд назди Яҳува бармегаштам»-ро хонда, фаҳмед, ки чаро марде, ки аз ҳақиқат дур шуда буд, назди Яҳува баргашт.

«Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» («Бурҷи дидбонӣ», 1 апрели с. 2012)