Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 60

Минбаъд низ пешравӣ кунед

Минбаъд низ пешравӣ кунед

Дарсҳои ин китобро омӯхта, шумо дар бораи Яҳува дониши бисёр гирифтед. Ин дониш ба шумо кумак кард, ки Яҳуваро бештару бештар дӯст доред. Аз ин рӯ, шояд ки, шумо худро ба Яҳува бахшидеду таъмид гирифтед ё инро ба наздикӣ карданиед. Вале таъмид поёни роҳи пешрафти рӯҳонӣ нест — мо метавонем то абад ба Яҳува наздик шавем!

1. Чаро бояд минбаъд ҳам ба Яҳува наздик шавем?

Барои дӯстиямонро бо Яҳува мустаҳкамтар кардан мо бояд бисёр кӯшиш кунем. Пайваста кӯшиш кардан зарур аст, «то ҳеҷ гоҳ аз имон дур нашавем» (Ибриён 2:1). Чӣ ба мо кумак мекунад, ки ба Яҳува хизмат карданро давом диҳем? Мо бояд бо паҳн кардани хушхабар банд бошем ва имконият ҷӯем, ки ба Яҳува бештар хизмат кунем. (Филиппиён 3:16-ро хонед.) Вақту қуввати худро ба хизмати Яҳува сарф кардан роҳи беҳтарини ҳаёт аст! (Забур 84:10)

2. Боз дар чӣ ҷидду ҷаҳд кунем?

Ҳарчанд ҳоло шумо омӯзиши ин китобро тамом карда истодаед, минбаъд низ беҳтар шудан гиред. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Одами навро бар тан кунед» (Эфсӯсиён 4:23, 24). Вақте шумо Каломи Худоро меомӯзед ва ба вохӯриҳои ҷамоат меоед, дар бораи Яҳува ва хислатҳои ӯ дониши нав ба нав мегиред. Ин ба шумо кумак мекунад, ки ҳар чӣ бештар ба сифатҳои Яҳува пайравӣ намоед. Вақте шумо мекӯшед, ки камбудиҳоятонро ислоҳ кунед, Яҳуваро хурсанд месозед.

3. Чӣ тавр Яҳува ба пешрафти шумо кумак мекунад?

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Худи Худо... таълиматонро ба охир мерасонад. Ӯ шуморо устувору қавӣ мегардонад ва побарҷо мегузорад» (1 Петрус 5:10). Ҳама ходимони Худо бо васвасаҳо рӯбарӯ мешаванд. Вале Яҳува ба мо мадад мекунад, ки ба васваса дода нашавем (Забур 139:23, 24). Ӯ ваъда медиҳад, ки ба мо ҳам хоҳиш ва ҳам қувват медиҳад, то ба ӯ хизмат карданро давом диҳем. (Филиппиён 2:13-ро хонед.)

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фикр кунед, ки чӣ тавр шумо минбаъд ҳам метавонед пешравӣ кунед ва баракатҳои Яҳуваро соҳиб шавед.

4. Минбаъд низ бо Дӯсти беҳтаринатон вақт гузаронед

Дуо ва омӯхтани Китоби Муқаддас ба шумо кумак кард, ки дӯсти Яҳува шавед. Чӣ тавр ин одатҳои хуб ба шумо ёрӣ медиҳанд, ки ба Худоямон боз ҳам наздиктар шавед?

Забур 62:8-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чӣ тавр сифати дуоҳоятонро беҳтар карда метавонед, то пайванди дӯстиро бо Яҳува мустаҳкам кунед?

Забур 1:2 ва поварақро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чӣ тавр метавонед хониши Китоби Муқаддасро беҳтар кунед, то дӯстиятон бо Яҳува қавитар гардад?

Чӣ тавр омӯзиши шахсиятонро самараноктар карда метавонед? ВИДЕОРО тамошо карда, баъзе роҳҳои беҳтар кардани омӯзиши шахсиро фаҳмед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  • Кадом тарзҳои омӯзишро, ки аз видео фаҳмидед, ба кор бурданиед?

  • Шумо кадом мавзуъҳоро омӯхтан мехоҳед?

5. Мақсад монед

Дар хизмати Яҳува мақсадҳо доштан ба шумо кумак мекунад, ки минбаъд ҳам пешрафт кунед. ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба савол ҷавоб диҳед.

  • Чӣ тавр мақсад гузоштан ба Камерон фоида овард?

На ҳар кас метавонад ба дигар ҷо кӯчида, хизмат кунад. Вале ҳамаи мо метавонем мақсадҳои бохирадона дошта бошем. Панднома 21:5-ро хонед, сипас фикр кунед, ки чӣ гуна мақсадҳо гузошта метавонед...

  • дар ҷамоат.

  • дар расондани хушхабар ба дигарон.

Чӣ тавр фикри ояти боло ба шумо кумак мекунад, ки ба мақсадатон бирасед?

Мақсадҳои арзанда

  • Дуоҳоятонро пурмазмунтар кунед.

  • Китоби Муқаддасро пурра хонед.

  • Бо ҳар як бародару хоҳари ҷамоат шинос шавед.

  • Бо ягон кас омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронед.

  • Пешрави ёвар ё пешрави доимӣ шавед.

  • Бародарон, кӯшиш кунед, ки хизматгузори ҷамоат шавед.

6. То абад зинда бошед!

Забур 22:26-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Шумо чӣ кор карда метавонед, то ки то абад зиндагӣ кунед?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Минбаъд низ дӯстиятонро бо Яҳува қавитар созед ва мақсадҳои рӯҳонӣ гузоред. Он гоҳ шумо метавонед то абад зинда бошед!

Такрор

  • Чаро шумо дилпур буда метавонед, ки Яҳува ба шумо кумак мекунад, то ба ӯ хизмат карданро давом диҳед?

  • Чӣ тавр шумо метавонед дӯстиятонро бо Яҳува мустаҳкамтар кунед?

  • Чӣ тавр мақсад гузоштан ба шумо кумак мекунад, ки пешравӣ кунед?

Мақсади навбатӣ

ДИДА БАРОЕД

Яҳува чиро бештар қадр мекунад: бо имон як амали қаҳрамонона кунем ё як умр ба ӯ вафодор бошем?

«Мисли Иброҳим вафодор бошед» (9:20)

Ҳатто хизматгори вафодори Яҳува метавонад хурсандияшро гум кунад. Фаҳмед, ки чӣ тавр хурсандиямонро баргардонем.

«Бо ёрии омӯзиш ва мулоҳизаронӣ аз нав хурсандӣ ёбед» (5:25)

Чӣ тавр мақсадҳои арзанда гузошта, ба онҳо бирасем?

«Бо мақсадҳои худ Офаридгорро хурсанд кунед» («Бурҷи дидбонӣ», 15 июли с. 2004)

Чаро рӯҳан баркамол шудан муҳим аст ва чӣ тавр ба ин мақсад бирасем?

«Сӯи камолот шитобед — “Рӯзи бузурги Худованд наздик аст”» («Бурҷи дидбонӣ», 15 майи с. 2009)