Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Такрори фасли 1

Такрори фасли 1

Саволҳои зеринро ҳамроҳи омӯзгоратон дида бароед:

  1. Кадом ваъдаҳои Худо ба шумо маъқул аст?

    (Нигаред ба дарси 2.)

  2. Чаро шумо бовар доред, ки Китоби Муқаддас Каломи Худост?

    (Нигаред ба дарсҳои 3 ва 5.)

  3. Чаро номи Худоро истифода бурдан муҳим аст?

    (Нигаред ба дарси 4.)

  4. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Худои мо, Яҳува... ту ҳама чизро офаридаӣ» (Ошкорсозӣ 4:11). Оё шумо бовар доред, ки ҳама чизро Худо офаридааст?

    (Нигаред ба дарси 6.)

  5. Панднома 3:32-ро хонед.

    • Чаро гуфтан мумкин аст, ки Яҳува дӯсти беҳтарин аст?

    • Яҳува аз дӯстонаш чиро умедвор аст? Ба фикри шумо, чаро ин дуруст аст?

      (Нигаред ба дарсҳои 7 ва 8.)

  6. Забур 62:8-ро хонед.

    • Шумо ба Яҳува дар бораи чӣ дуо гуфта будед? Боз дар бораи чӣ дуо гуфта метавонед?

    • Яҳува бо кадом роҳҳо ба дуо ҷавоб медиҳад?

      (Нигаред ба дарси 9.)

  7. Ибриён 10:24, 25-ро хонед.

    • Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува ба шумо чӣ манфиат меоранд?

    • Ба фикри шумо, чаро бояд кӯшиш кунем, ки ба вохӯриҳо равем?

      (Нигаред ба дарси 10.)

  8. Чаро ҳар рӯз хондани Китоби Муқаддас муҳим аст? Шумо Китоби Муқаддасро аз рӯйи кадом реҷа мехонед?

    (Нигаред ба дарси 11.)

  9. Аз омӯзиши Китоби Муқаддас ба шумо чӣ маъқул шуд?

  10. Баъди сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шудед? Чӣ ба шумо ёрӣ медиҳад, ки омӯзишро давом диҳед?

    (Нигаред ба дарси 12.)